Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
СУЛҲИ ДЕРИНТИЗОРИ МО ОМАД!
СиёсатСуҳбати мо дар арафаи ҷашни Рўзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси МИМҲД шаҳри Бохтар сурат гирифт. Масъулон бо ҷиддият гуфтанд, ки Сатторова Зебонисо Мансуровна зани фаъолу донишманд, таърихшинос буда, дар мавриди ҷанги тањмилии шаҳрвандӣ ва барқарории сулҳи солҳои 90-уми асри ХХ метавонад далелҳои ҷолибе пешниҳод намояд. “Пиру барнои шаҳри Бохтар ин бонуро мешиносанд ва барояш чун шахсияти хидматнишондода эҳтиром қоиланд”, - мегуфтанд ба мо.
Дарди фироқ...
Ҳавлии қаҳрамонам дар кӯчаи Шомаҳмад Шоимардонови шаҳри Бохтар воқеъ аст. Бо маҳзи ворид шудан ба он дар лавҳи хотирам хонаҳои ашрофзодагони қадими Самарқанду Бухоро аз китоби “Ёддоштҳо”-и устод Садриддин Айнӣ буруз кард. Ҳавлии калону озода бо мизу чанд курсӣ барои нишаст, дарахтони сабзу хуррам, биноҳои якошёнаи қатор аз салиқаву одоби хоси соҳибонаш дарак медоданд. Шавҳари омўзгор ману ҳамкоронамро ба меҳмонхона даъват намуд, вале аз рӯи одоб интизори модарбузурги оила дар ҳавлӣ болои курсиҳо нишастем. Қаҳрамони мо, омӯзгори 75-сола Зебонисо Сатторова, ки пас аз анҷоми дарсҳо тоза аз мактаб омада буданд, аз ҳуҷрае баромада, гӯё аз дидори дӯстони дерин шод бошанд, гуфтанд: “Хуш омадед, биёед”, - ва моро ба меҳмонхонаи калону барҳаво хонданд. Чашмам аввал ба рафи пур аз китоб афтод. Соҳибхона, ки аз омадани мо пешакӣ огоҳ буданд, риштаи суҳбатро боз намуданд:
- Соли 1989 барои такмили ихтисос ба шаҳри Киеви Украина рафтем. Он ҷо намояндагон аз тамоми ҷумҳуриҳои собиқ СССР ҳузур доштанд. Пас аз шиносоӣ ва пайванди риштаи дӯстӣ аксар мегуфтанд: “Зебо, ты как будто в рубашке родилась. С родителями повезло, со свекрами, с мужем, с детьми...”. Воқеан, ҳамеша мегуфтам, ки ман зани хушбахттарин - модари хушбахт, бибии хушбахт, ҳамкори хушбахт, ҳамсояи хушбахтам, аммо афсӯс дарди фироқро замоне дарк кардам, ки соле пеш писари 45-солаам аз дунё рафт. Аз баландӣ ба замин зада, зара-зара шудам...
Пас аз марги фарзанд Зебонисо Сатторова худро бештар ба муҳити мактабу кӯдакон наздик сохт. Қалби сӯхтаашро бо кор таскин мебахшаду дар симои ҳар кӯдак ҷигарбандашро мебинад.
“Духтари мулло”
- Падарам инсони сахтгиру тақводоре буданд, - аз замони дур, айёми хурдсоливу ҷавониҳо ёдовар мешавад Зебонисо Сатторова. – Мехостанд мо, фарзандон, бештар китобҳои динӣ хонем. Ман зери лавҳ достону роману шеърҳоро пинҳонӣ мехондам. Устои хатна буданд, зиндагии серу пуре доштем. Дар ҳамсоягиамон муаллими шинохтаи шаҳр бо насаби Турсунов мезистанд. Ба кӯдакони он кас бозичаву шириниҳо бурда, аз китобхонаашон китоб меовардаму то субҳ мехондам...
Соли 1969 Зебонисо мактаби рақами 3-и ба номи А.С. Макаренкои шаҳри Қӯрғонтеппаро бо баҳои аъло хатм намуда бошад ҳам, падар барои идомаи таҳсилаш ризо нашуд. Тобистон ӯро ба зодгоҳи модар, деҳаи Ургути Ҷумҳурии Ӯзбекистон фиристод, то фикри хонданро аз сар бадар созад. Он ҷо ҳамеша барои орзуҳояш мегирист. Тағояш дилбардорӣ додаву мегуфт: “Зебо, агар гувоҳнома медоштӣ, ба Донишгоҳи тиббии шаҳри Самарқанд дохилат мекардем. Аммо бе ҳуҷҷат коре аз дастамон намеояд”.
Тағояш аз ноилоҷӣ Зебонисоро назди сармуҳаррири вақти рӯзномаи “Совет Тоҷикистони” Ҳоҷӣ Содиқ бурд. Муҳаррир аз духтар пурсид, ки мехоҳад дар хусуси падараш фелетони сахте навишта, амалашро дар газет маҳкум созанд. Майли хондан боло, меҳри фарзандӣ болотар аз он буд, ки гуфт: “Ҳеҷ гоҳ!”...
- Он сол замоне ба зодгоҳ баргаштем, ки имтиҳонҳои дохилшавӣ ба итмом расида буданд. Хостгорҳо дари ҳавлиамонро ба қавле “охурча” мекарданд. Дар ин миён дӯсти падарам қозикалони ҷумҳурӣ Абдусаттор Рафиқов ба хонаамон хостгорӣ омаданд. Аз хешовандон фаҳмидам, ки фарзандони қозӣ ҳама таҳсилдидаву бомаърифатанд. Яке аз писаронашон номзади илмҳои иқтисод, устоди Донишгоҳ будасту духтарашон донишҷӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон. Ба домодшаванда мактуби пинҳонӣ навистам. Симои зоҳириаш муҳим набуд, мехостам бидонам, ки иҷозати хонданро бароям медиҳад ё не. Ҳамин тавр келини хонаводаи қозикалони Тоҷикистон шудам, - ба хотир меорад Зебонисо.
Тобистон писарчаи навзодашро ба хушдоман монду ба имтиҳони қабул шитофт. Донишҷӯи факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин гашт. Замони таҳсил фарзанди дуюмаш ба дунё омад. Ҳарос аз он дошт, ки шояд хусуру хушдоман талаб намоянд, ки ғоибона таҳсил намуда, дар фикри тарбияву нигоҳубини фарзандон бошад. Аммо модаршӯи меҳрубонаш боз ба кумакаш шитофт. Ҳамин тавр Донишгоҳро бо дипломи сурху сари баланд хатм намуд.
Номзади илмҳои таърих
- Пас аз хатм ману шавҳарамро бо роҳхат барои кор дар мактаби миёна ба ноҳияи Қумсангир фиристоданд. Дар маҷлиси аввал суханрониамро дида, раиси шурои омӯзгорони ҷавон ва соли дуюм директори мактаб таъин намуданд. То ин замон фарзанди чорумам ба дунё омад. Ногоҳ чашмам ба эълони қабули довталабон ба аспирантура афтоду ҳаваси таҳсил дубора дар қалбам ҷӯш зад. Дар хонаамон тӯй буд. Меҳмонони зиёде аз дуру наздик омада буданд. Баҳона пеш овардам, ки хешовандони аз Ӯзбекистон омадаро ба сайри Душанбе мебарам. Ҳамаро дар ҳавлии Донишгоҳ шинонда, худ ба имтиҳони қабул даромадам. Назди дари синфхона ба ишораи муаллими имтиҳонгиранда аз забони немисӣ “Er ist mein Mann» - ин кас шавҳари ман гуфтам. Муаллим “Офарин, немисиро хуб медонед”, - гуфта баҳои “панҷ” гузошт”, - мегӯяд бонуи ҳамсуҳбатам.
Мавзуи кори номзадиаш ба пешрафти соҳаи мактабу маориф иртибот гирифт. Масъулияти роҳбариро бар зиммаи профессор Султонов Шукур Малабоевич вогузор намуданд. Зебонисо пас аз се сол рисолаашро дифоъ намуда, номзади илми таърих гашт. Барои идомаи фаъолият ин навбат ба Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав роҳхат гирифт.
- Рӯзи ҳимоя ба ҷуз шавҳару фарзандон ва як хоҳарам касе набуд. Аҳли Шуро якдилона ба корам баҳои “аъло” доданд. Як вақт падарамро дар маъракае касе табрик кардааст, ки Зебонисо номзади илм шуд, муборак бошад. Он рӯз қиблагоҳ бо салобати хос аз пешониам бӯсида: “Духтарам, ман ҳамеша мехостам бо номи нек дар ҷомеа соҳибэҳтиром бошед. Ту хости худро кардӣ, бароят барор мехоҳам, аммо эҳтиёт бош”, - гӯён дуои нек доданд. Бо ҳамин кӯҳи гароне аз китфам афтод, - иқрор меояд ҳамсуҳбатам.
Соле пас бону Зебонисоро барои дониши хуб ва лаёқати ташкилотчигӣ декани факултаи методикаи таълими ибтидоӣ таъин намуданд. Он ҳангом дар Донишгоҳ ҳамагӣ 4 факулта амал мекард...
Воқеаҳои сиёсӣ...
Замони оғози бозсозиву воқеаҳои солҳои 90-уми асри ХХ Зебонисо Сатторова чун котиби ташкилоти ҳизбӣ дар сафи пеши корҳои идеологӣ қарор дошт.
- 24-уми ноябри соли 1991 пас аз истеъфои Қаҳҳор Маҳкамов, вақте Раҳмон Набиев чун аввалин Президенти интихобшуда аз ҷониби мардум ба фаъолият пардохт, баъзеҳо эътироз мекарданд. 2-юми сентябри соли 1992 митингҳо сар шуданд. 20-уми апрел талаб карданд, ки донишҷӯёнро гирифта ба митинг бароед. Ин митинг, ки дар назди кинотеатри “Ватан”-и шаҳри Қӯрғонтеппа чун митинги осоишта созмон ёфта буд, якбора ба оташкушоиву тирпарронӣ печид. Аз баландии Хонаи хизмати маишии “Саодат” (имрӯз бинои Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Бохтар) ва аз боми меҳмонхонаи Қӯрғонтепа мардумро тирборон карданд, - ба хотир меорад Зебонисо.
“Гуреза”
Сокинони маркази шаҳрро, ки ҷанг мерафт, ба маҳаллаи Ломоносов интиқол доданд. Нонҳо дар танӯр, ошҳо дар дегҳо монданд, мардум кӯдакону барҷомондагонро дар аробачаҳо нишонда, аз шаҳр фирор мекарданд. Се-чор рӯз ба ин минвол гузашт. Фаъолон чун диданд вазъият бадтар мешавад, занону кӯдаконро ба мошинҳои боркаш шинонда, ба шаҳри Кӯлоб интиқол доданд.
- Он айём мардуми Кӯлоб, ки худ дар инҳисори иқтисодӣ буданд, нонашонро бо мардуми Қӯрғонтеппа ним карданду дар хонаҳояшон мо аз гуруснагӣ паноҳ ёфтем. Ин некии шаҳрвандони Кӯлобро мо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозем, - бо ҳаяҷон мегӯяд Зебонисо ва илова менамояд:
- Духтарам ҳомила буд. Дидам, ки вазъият ногувор аст, ўро бо самолёте, ки аз Кӯлоб ба Хуҷанд мепарид, то Хуҷанд бурдам. Дар роҳ ҳамон саҳнаҳое, ки то имрӯз дар китобҳо мехондем, бо чашми сар дидам. Як самолёт аз зиёдии одамон шикаста ду қисм шуд. Дар самолёти мо, ки боркаш буд, 350 ё шояд зиёдтар аз он ҳам одам нишаст. Духтарамро дарди таваллуд гирифт. Шавҳараш дар ҳайати фронти халқӣ дар хидмати Ватан буд. Ҳамроҳи ман 13 кӯдак аз наздикону пайвандон буд, ки модаронашон ба тайёра роҳ наёфтанд. Духтарамро аз самолёт ба таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд бурдем. Ҳамин тавр нахустин набераи оилаи мо, ки ҳама интизораш будем, чун “гуреза” ба дунё омад.
Муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа
27-уми сентябри соли 1992 шаҳри Қӯрғонтеппа аз муҳосира озод шуд. Сессияи ХVI Шурои Олии ҷумҳурӣ дар шаҳри Хуҷанд идома дошт. Ба шарофати он Ҳукумати қонунӣ таъсис ёфт. Гурезаҳо тарсону ларзон ба хонаҳояшон бармегаштанд. Зебонисо низ ҳамроҳи оилаву фарзандон ба манзилаш омад. Хона на дар дошту на тиреза. Авбошон ҳамаро ба яғмо бурда, ҳавлиро оташ зада буданд.
- Корро дубора дар Донишгоҳ шуруъ намудам. Ба донишҷӯён бо се забон: тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ дарс мегуфтам. Моҳи феврали соли 1993-юм дар факултаи физика дарс доштам, ки Асомиддин Саидов, аввалин раиси шаҳри Қӯрғонтеппа наздам омаданд. “Зебонисо Мансуровна, биёед ҳамроҳ дар мақомоти давлатӣ кор кунем. Шумо таҷрибаи роҳбарӣ доред. Ҳама ҷо вайрона, мактаб нест, боғча нест, мағозаю бозор нест, беморхонаҳо валангор, муаллимон намерасанд. Замони ору номус аст”, - гуфтанд раис. Чун дар хусуси ору номус сухан карданд, розӣ шудаму дар он давраи вазнин вазифаи муовини раиси шаҳрро бар уҳда гирифтам, - бо садои хаста қисса мекунад бону.
Диққати аввалиндараҷа ба ҷалби бачаҳо ба мактаб, баргардондани муаллимон ба соҳа, табибон ба беморхонаҳо дода шуд. Ҳамон сол дар шаҳри Қӯрғонтепа аввалин литсейи сезабона: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таъсис ёфт. Муҳассилин бори нахуст ягона компютерро дар мактаб диданд ва корро дар он омӯхтанд.
Зебонисо Сатторова ду сол дар вазифаи муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолият бурд. Солҳои 1995 - 2000 мудири шуъбаи маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа буд. Талош намуд, омӯзгоронро аз бозор ба соҳа баргардонад. Дар як сол ба 40 омӯзгор ба хотири ҳавасмандсозӣ нишони Аълочии маорифи ҷумҳурӣ дода шуд. Шумори мактабу боғчаҳо афзуд.
Соли 1999 замони шаҳрдории Сироҷ Валиев Зебонисоро мудири шуъбаи идораи амволи давлатӣ таъин карданд. Се сол дар ин вазифа кор карда бошад ҳам, кори омӯзгориро дар мактабу Донишгоҳ қатъ накард...
Сулҳи деринтизори мо омад...
Замони баргузории Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ Зебонисо Сатторова дар шаҳри Хуҷанд буд. “Сессия тақдирсоз аст!, “Ақли солим боло гирифт”, - хурсандӣ мекарданд мардум. Профессор Ҳабибулло Холҷӯраев, шогирди устод Бобоҷон Ғафуров, маводу баромадҳои сессияро бо ҷузъиёташ барои таърих ҷамъ меовард. Эмомалӣ Раҳмонро меъмори сулҳу ваҳдат мехонд.
- Саҳми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу ваҳдат бузург аст. Санаи 6-уми ноябри соли 1994 интихоботи Президенти Тоҷикистон доир шуд, 7-уми ноябр аввалин сафари Сарвари давлат ба шаҳри Қӯрғонтеппа иттифоқ уфтод. Дар вазифаи муовини раиси шаҳр фаъолият мебурдам. Матое намеёбем, ки майдони қабулро оро диҳем. Порчаи сафеду сурх ёфтем, аммо матои сабз нест. Дар бозор ҳама чиз камчин буд. Бо каме ранг матои сафедро сабз ва Парчами бузурги кишварро дӯхта, субҳи барвақт дар рӯ ба рӯи варзишгоҳи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа парафшон намудем.
Ба Президенти тозаинтихоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин шуда мо ҷома пӯшондем. Ин сафари нахустин ва бобарорашон ба шаҳри Бохтар буд, - бо фараҳ иброз медорад Зебонисо.
Таърихи зиндаи истиқлол
Алҳол Зебонисо Сатторова дар ҳалқаи фарзандону набераҳо давлати пирӣ меронад. Дар кӯчаҳои шаҳр бо сари баланд мегардад. Бо диданаш чун зани некном мардум даст пеши бар бо эҳтиром ҳол мепурсанд. Хуб медонанд, ки ӯ замоне барои ободии сарзамин тамоми қуввату тавоноияшро сарф кардааст.
- Дар вохӯриву мулоқотҳо мегӯям, ки мо энсиклопедияи зиндаи замони соҳибистиқлолием. Солҳои 1995-2000 вакили даъвати якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон будам. Бо гирифтани 75 дарсади овозҳо аз байни чор мард намояндаи мардум интихоб гаштам. Халқ ба ҳар амале баҳояшро худ медодааст.
Шукрона мекунам, ки ба 35-солагии Истиқлоли кишвар расидему меваҳои заҳматамонро дар зиндагӣ мечашем. Ба андешаи ман чун модари рӯзгордида, дар вазъи имрӯзаи ҷаҳон ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, манфиатҳои давлату Ҳукуматро дар ҷойи аввал гузошта, шукргузори сулҳу субот дар кишвар бошанд.
Ваҳдат бошад, халқ ба орзуҳояш мерасад!, - таъкид медорад дар фарҷом бонуи сарбаланд Зебонисо Сатторова.
ГУЛНОЗА БОБОМУРОДОВА
Душанбе-Бохтар-Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо











