Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Эътимоди пешвои миллат ба зан – модар
Сиёсат / СлайдерДар ҷаҳони муосир ҳузури занон дар сиёсат, маориф, тандурустӣ, тиҷорат ва дигар бахшҳо ҳеҷ касро ба ҳайрат намеорад. Зеро зан ҳам метавонад, ба рушди ҷомеа, равандҳои ҷаҳонӣ таъсир расонад. Хушбахтона, бонувони тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ҳидоятҳо ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Аз рӯзҳои аввали Роҳбари давлат интихоб шуданашон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи зан - модари тоҷикро устувор гардонданд, роҳи муваффақият ва илму донишро ба бонувони тоҷик боз намуданд.
Бо қабули як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мавқеи занҳо дар ҷомеа устувор гардид.
Махсусан, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуда, амалисозии онҳо боиси бамаротиб беҳтар шудани вазъи иҷтимоии занону духтарон гашт. Танҳо дар ду соли охир ду ҳуҷҷати муҳим – Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030 ва Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030 қабул карда шуданд.
Ҳамзамон, Сарвари давлат дар суханрониҳои худ аз дастгирии бонувону модарони тоҷик ёдовар шуда, марҳала ба марҳала барои имконияти бештар фароҳам овардан барои занону модарон дастуру супоришҳо медиҳанд. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатӣ таъкид намуданд: «Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем». Воқеан ҳам, ҳоло занони тоҷик дар тамоми самтҳо муваффақанд, онҳо дар арсаи байналмилалӣ низ шинохта ҳастанд.
Ҳоло дар ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, балки сиёсатмадори варзида, донишманди асил, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, ҳомии Ватан ва модари меҳрубонро мебинем. Бонувони азизи мо, аз ҷумла занону духтарони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар ҳаёти ҷомеаи кишвар бо ғайрати баланд кору пайкор доранд. Айни замон дар Донишгоҳ 302 нафар занону духтарон фаъолият менамоянд, 80 нафар номзади илм, 6 нафар доктори илм мебошанд. Таваҷҷуҳи духтарон низ ба касбҳои соҳаи иқтисоду энергетика, муҳандисӣ ва технологӣ бештар шуда, таҳсили 189 нафар донишҷӯ дар ин муассисаи олӣ далели ин гуфтаҳо аст.
Бар замми ин, бо дастгириҳои Пешвои миллат айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ҳазорон нафар духтарони боистеъдоди мо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯи тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд. Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо Квотаи президентӣ хатм кардаанд. Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд.
Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд. Албатта, ҳамаи ин боиси ифтихору шукргузории мо аст. Имрӯз бонувони мо дар баробари фаъолияти давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби обрӯву эътиборанд.
Маврид ба зикр аст, ки нақши занону духтарон дар ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, фарзандонро тарбия намудан дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, пешгирӣ аз омилҳои номатлуби иҷтимоӣ низ муассир мебошад.
Бунафша Аҳмадзода,
муовини ректор оид ба тарбияи ДТТ
ба номи академик М. Осимӣ,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент