Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
ҚАСРИ АРБОБ - оғозгоҳи давлатдории навини тоҷикон
СиёсатИҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанди бостонӣ рӯйдоди тақдирсозе буд, ки давлату миллати тоҷикро аз вартаи буҳронӣ раҳо сохта, тамомияти арзии кишвар, ваҳдати миллӣ, сулҳи бардавом ва бунёди давлатдории тоҷиконро таъмин намуд. Истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳимтарин омиле буд, ки соҳибистиқлолӣ ва ҳувияти кишварамонро ҳамчун давлати миллӣ ва пояҳои давлатсозии миллиро устувор сохт.
Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва таърихи сулҳофарӣ барои мамолики дигари даргири ихтилофҳои дохилӣ намунаи ибрат буда, бесабаб нест, сиёсатмадорони бузурги ҷаҳонӣ ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сулҳофарӣ баҳои баланд додаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз шахсиятҳои бузурги таърихи халқи тоҷик маҳсуб меёбад, ки аз марзи шахсияти миллӣ берун баромада, чун шахсияти сатҳи байналмилалӣ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудаанд.
Ба арсаи сиёсат омадани чеҳраи наву ҷавон дар таърихи навини халқи тоҷик падидаи нодир буд. Чун ватанпарасте дар шароити душвор ба майдон омаду дар гирудори ҳаводиси мураккаб обутоб ёфт ва бо заҳмату талошҳои зиёд зиндагии амну осоишта ва ҳаёти шоистаро дар Тоҷикистон таъмин намуда, аз ҷониби мардуми кишвар ҳамчун Пешвои миллат эътироф гардиданд.
Вақте сухан аз истиқрори сулҳу субот ва ваҳдат меравад, омилҳоеро ном бурдан зарур аст, ки дар устуворсозии сулҳ, якпорчагии кишвар, рушди созандагию бунёдкорӣ нақши ҳалкунанда бозиданд. Яке омили шахсият буда, мақоми шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди барқарорсозии сулҳ ва мусолиҳаи миллӣ баробар ба ду омили дар зер номбаршуда баробар нақши ҳалкунанда бозидаанд.

Дигаре омили айнӣ аст, ки ба иродаи халқи тоҷик ва табиати сулҳофарии ӯ иртиботи мустақим дошта, Роҳбари оқилу фарзона дар такя ба хиради азалии халқи тоҷик сиёсати оштии миллӣ, сулҳу созандагиро пайгирона ҷонибдорӣ намуданд.
Ҳамчунин, омили байналмилалӣ аст, ки ба сиёсати сулҳҷӯёнаи кишварҳое вобастагӣ дошт, ки дар барқарор намудани сулҳ дар сарзамини тоҷикон манфиатдор буданд ва ҳар кадоме аз ин давлатҳо дар истиқрори сулҳ саҳми арзандае гузоштанд. Мусаллам аст, ки шахсият дар раванди мураккаб ва тақдирсози сиёсӣ масъулияти бузурге бар дӯш дорад. Комёбӣ дар раванди сиёсӣ аз бисёр ҷиҳат ба кордонӣ, мулоҳизакорӣ, дилсӯзӣ, фарҳанги сиёсӣ ва кору амали шахсият вобаста аст. Зуҳури пешвои умумимиллӣ ба тафаккури миллӣ ва ифтихори миллӣ иртибот дорад, зеро ифтихори миллӣ, ки дар муҳаббат ба Ватан ва таъриху фарҳанги он зоҳир мегардад, дар даврони соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон инкишоф ёфт ва барои рушди тафаккури умумимиллӣ дар ҷомеа заминаи устувор ба вуҷуд овард. Тафаккури умумимиллӣ метавонад, пешвои умумимиллӣ тарбия намояд, пешвои умумимиллӣ дар навбати худ шахсияти байналмилалист. Бо боварии том гуфта метавонем, ки Эмомалӣ Раҳмон Сарвари умумимиллии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, аз ҷониби тамоми қишри ҷомеа, намояндагони халқу миллатҳои сокинони Тоҷикистон, аъзо ва ҷонибдорони созмону аҳзоби мухталифи сиёсӣ эътироф гардидаанд ва дар сатҳи байналмилалӣ соҳиби обрӯю нуфузи баланд мебошанд.
Ибрати шахсӣ, масъулиятшиносӣ, муқаддас шинохтани манофеи давлату миллат, тафаккури умумимиллӣ, пойбанди арзишҳои демократӣ, эътирофи ғояҳои гуногуни сиёсӣ ва гуногунандешӣ дар ҷомеа, ки дар амали муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоҳир мегардиданд, ба руҳия ва тафаккури собиқ мухолифин низ таъсир расонда, раҳнамои ҷомеаи имрӯз мебошанд.

Дар истиқрори субот ва рушди муътадили мамлакат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти маъруфи давраи ҷадиди таърихи халқи тоҷик, Пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ ва ходими намоёни сиёсати байналмилалӣ нақши бузурги созандаро баҳри ояндаи неки кишвар бар дӯш дошта, сокинони Тоҷикистонро дар атрофи худ муттаҳид карда, ба меҳнати бунёдкорона барои ободии Ватан раҳнамо мебошанд.Таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар мамлакат барномаҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ амалӣ шуданд. Дар Тоҷикистон давлати миллии иҷтимоӣ бунёд гардид, ки аз пуштибонии ақшори васеи мардум бархӯрдор аст.
Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз сафари навбатии кории Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳоми тоза гирифта, шоҳиди мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаҳои нави саноатӣ, хонаҳои истиқоматии баландошёна, иншооти соҳаи маориф, фарҳанг ва иҷтимоӣ гардиданд.Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар намоиши фарҳангӣ ба ифтихори 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ, ки дар шаҳри Хоруғ баргузор шуд, фармуданд: «Мардуми ВМКБ дар таҳкими истиқлол ва иқтидори иқтисодии Тоҷикистон саҳми бузург мегузоранд ва ҳар як фарди ин сарзамин ифтихор аз Ватани ҷоноҷони худ доранд».
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бешубҳа чун шахсияти ҷаҳонӣ ва Пешвои умумимиллӣ кафили иттиҳод, якпорчагӣ ва ҳамраъйии ҷомеаи Тоҷикистон ва рушди босуботи мамлакат дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳон ва вазъи мураккаби байналмилалӣ мебошанд, ки рисолати худро шарафмандона пеш мебаранд.
Назрӣ ОФАРИДАЕВ,
доктори илмҳои филология
Мубодила:
Шарҳҳо











