Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Дар синаам ҳазор Хуросон нуҳуфтааст…
Сиёсат / СлайдерАз аср ба аср паи ҳам ва бо бераҳмии шадид ба пояи миллати асил, қадиму тамаддунсоз, миллате, ки чанд ҳазор сол пеш оини яккахудоиро дошту китоб, ҳарфи мехиву паҳлавӣ, русуми нигаҳдошти хонаву усулҳои нодири коркарди замин, таҷлили идҳо аз рӯи ҳисоби гардиши ҷисмҳои осмонӣ, ки имрӯз тақвимаш меноманд, либос ва тарҳрезии либосҳои хоса ва оини пӯшидани он вобаста ба санаҳои хосаи се қишри ҷомеаро мушаххас менамуда (зиёиёну руҳониён,кишоварзон ва ҳарбиён), соҳиби биноҳои дорои пештоқу таҳдобу таҳкурсӣ аз хишту лӯлаҳои обрав аз сафоли пухташуда, ки заминаҳои тарбияти фарзандон дар се ибораи имрӯз ба мероси ҷаҳонии арзишҳои маънавӣ воридгашта асос ёфта буд, путки истилоҳҳои аҷнабиён зарба мезаду заволи онро мехост.
Дурахши ин тамаддунҳо нигоҳи ваҳшатбори истилогаронро ба ин сарзамин бо мавҷи хунхорону тохтутозҳои бемисл оварду одамону сарватҳову шаҳрҳоро ба коми кайҳонии худ мисли аждарҳои ривоятҳо кашид. Шаҳрҳо сӯхта, миллат ва халқиятҳои бо ҳам дар як Меҳан дар амн ҳаёти осоишта дошта, ба истисмор гирифтор ва китобу давот ба оташ дода мешуданд ва ҳар як асре пас, мисли парандаи асотирҳои аҷдодӣ, аз нав аз хокистари худ эҳё мегашт.
Пояи миллати мо мисли санги хоро сахт ва боэътимод аст ва шарафу садоқати мардонаш мисли кӯҳҳои сарбаланди сарзамини озодагон буланд буда,сафедии қуллаҳои он отифагии модарони озодаро мемонад.
Аз давлатдории сулолаҳои Каёниён, Ҳахоманишҳо, Ашкониён ва Сосониён, Кӯшониён ва Саффориён, Ғурриён ва Сомониён; шоҳони пуршараф Доро, Куруши Кабир, шоҳ Исмоили Сомонӣ, Маҳмуди Торобӣ, Спитамен, Абумуслими Хуросонӣ, Муқаннаъ, Темурмалик, Восеъ, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур — ҳар яке аз ин шоҳон, амирон, сипаҳсолорон ва сиёсатмадорон аз ҳар гӯшаву канори хоки аҷдодон, барои нигаҳдории фарҳанг ва давлат, марзу бум, яке ба қимати ҷони худ ва дигаре бо мақому манзалат барои бақои миллат поя ва такягоҳ буданд.
Таърихи навини асри XIX ва аввали асри XX боз ҳам тулуи офтоби иқболи моро пасиабрӣ гардонд. Дар тули солҳои 1917 - 1924 сарнавишти мо бо килки хашину хиёнатҳои нобахшидании бархе аз афроди таърихсоз моро аз як вилоят то ҷумҳурии мухтор ва пасон давлати алоҳида дар таркиби як иттиҳоди кишварҳо табдил дод, вале сарҳадҳояш ҳазорон фарсах дур аз гаҳвораҳои тамаддуни бумӣ ҷойгир шуданд.
Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Ашӯр Сафар, Муҳаммадҷон Шакурӣ ва садҳо зиёиёни рӯшанфикру олимони сатҳи ҷаҳонӣ бо сидқу сафо ба Ватан хизмати бебаҳо намуда, риштаи генетикии ҳамон ҷомаи сипеди тамаддуни ориёиро мондагор карданд.
19-уми ноябри соли 1992
Вакилони мардумии солору сиёсатмадорони варзида бо дарки амиқи ҳолати воқеӣ, ки соат ба соат яъсу ноумедӣ дар ҷабинҳо аёнтар мешуд, ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Олиро дар шаҳри бостонии Хуҷанд даъват намуданд.
Дар ҷаласаи XVI Шурои Олии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Ин рӯйдод ба маънои ҳақиқии худ офтоби тулуи бахти мо — тоҷикон ва халқҳои ин сарзамин буд.
Кохи Арбоб барои эҳё ва пойдории давлати миллӣ, инчунин, ҳамчун пайки сулҳ ба мардуми шарифи ин сарзамини ранҷкашида, шахси меҳанпарасти ҷавон, далер, шуҷоъ, сиёсатмадор ва дурандешеро муаррифӣ кард, ки тули се даҳсола ба сипари маънавии ҳифзи ин сарзамин табдил ёфт. Ӯ пояҳои давлатдориро бо эҳёи сохтори конститутсионӣ, таъсиси Шурои Вазирон, Гвардияи миллӣ, қабули рамзҳои қудрати давлат – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ устувор намуд ва фарҳанги аслии бумиро гирд оварда, гиромӣ дошт ва ба он арҷ гузошт ва адолати таърихӣ барқарор гашт.
Давлатдорӣ дар кишвари ободу осоишта осон аст, аммо давлатсозӣ дар як мамлакате, ки пояҳояш фурӯ рехта, хазинааш холӣ, артиши миллӣ пароканда ва сохторҳои қудратӣ танҳо бо ҳисси садоқат ба Ватан фаъолият мекарданду мардум аз фардои равшан умеде надоштанд, ин буд воқеияти талхе, ки дар он замон мавҷуд буд.
Даҳ соли аввали соҳибихтиёриамон солҳои аз ҳама вазнин дар таърихи навини пасошуравии давлатдории мо буд. Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ тамоми вақти худро дар ҳуҷраи корӣ баҳри ҳалли босавоби масъалаҳои муҳим мегузаронданд. Масъулияти ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, ҳамзамон ҳаллу фасли масъалаҳои зиёде, ки ба таъмини ғизо, амният, нигоҳдории сулҳи нозук ва бунёди заминаҳои устувори сохтори давлати ягона, демократӣ, дунявӣ ва соҳибихтиёр марбут буданд, ҳамчун бори гарон бар зеҳн ва дӯшашон меистод.
Тули 34 соли Истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои зиёд ноил гашт, ки ин ҳама таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон амалӣ гаштаанд, аз ҷумла:
Қатъи низоъҳои дохилӣ ва нишондани қувваҳои мухолифин ва ҳукуматӣ сари як миз; барқарорсозии арзишҳои ваҳдат ва ҳувияти миллӣ; баргардондани гурезаҳо аз кишварҳои ҳамсоя; имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон;
Қабули Конститутсия ва шакли идораи президентӣ дар Тоҷикистон, тасвиби санадҳои аҳамияти умумибашаридошта;
Фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ бо роҳи мутобиқ намудани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи тамоми муносибатҳо ба шакл ва шароитҳои нави сохтори давлат;
Мустаҳкам намудани сохторҳои молиявӣ ва дидани чораҳои мушаххас барои баровардани асъори миллӣ;
Таҳияи лоиҳаҳои бузурги сохтмони роҳҳои дохилӣ ва трансмиллӣ бо пулу нақбҳои мошингузар, роҳҳои ҳавоӣ ва инфрасохтори роҳи оҳан;
Сохтмони НБО «Роғун», таҷдиди неругоҳҳои мавҷуда ва боло бурдани иқтидори барқии кишвар, кашидани хатти интиқоли барқ аз ҷануб то шимол ва табдил додани низоми барқрасонӣ ба воҳиди ягона;
Ислоҳоти замин ва ба мардум супурдани қитъаҳои замин барои сохтмони манзил ва таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки дар миёни халқ бо номи «заминҳои президентӣ» маъруф гаштанд;
Саноатикунонии босуръати кишвар;
Эҳёи фарҳанг, илму маориф, расму оин ва рӯ овардан ба ҷавҳари асолати хеш;
Эҳёи фарҳанги миллӣ, санъати суруд ва рақс, санъати меъморӣ ва нақшу нигорҳои миллӣ, ҳунарҳои қисман фаромӯшшудаи халқ, аз қабили рассомӣ, кулолӣ, қолинбофӣ, заргарӣ, таомҳои миллӣ ва либосҳои анъанавӣ — ҳамчун рукни муҳими фарҳанг, мисли зардӯзиву чакан, атласу адрас, ки ҳар як аз нақшҳои печидаи гуногунранги он ҷаҳони маъниву рамзҳои офариниш, пайванди инсон бо табиат ва фалсафаи офаринишро дар худ таҷассум менамоянд;
Баланд бардоштани мақоми бонувон ҳамчун меъёр дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳамчун сарчашмаи асосии оила, тавлидкунанда, тарбиятдиҳанда ва шарики баробарвазн ва муътамад дар ҷомеа ва барқарорсозии ҷойгоҳи онҳо бо додани имконияти якхела барои амалигардонии ҳуқуқҳояшон.
Ташаббусҳои байналмилалии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи об, иқлим ва криосфера, тақвияти сулҳ ва огоҳӣ аз хатарҳои фаромиллӣ, экстремизм ва терроризм, инчунин, истиқрори сулҳи пойдор барои наслҳои оянда, ки тавассути шинохти тамаддун ва фарҳанг аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дар минбари Созмони Милали Муттаҳид ироа шудаанд, моро соҳиби мақом ва ҷойгоҳи хос намуданд.
Имрӯз бо гузашти 34 сол Тоҷикистон соҳибихтиёр, соҳибдавлат ва мустақил аст, дар арсаи сиёсии ҷаҳон симои давлат бо миллати бузург ва Президенти кишвар, Нишону Суруди миллӣ ва Парчамаш муҷаллост.
Ба Ватан, миллат, пояҳои арзишҳои маънавӣ, суннатҳо, волидон ва оила — ҳамчун ниҳоди асосии камолот ва нигоҳдошти арзишҳо дар ҷомеа содиқ бошем ва фарзандонро дар руҳияи меҳанпарастӣ ва зарурати ҳифзи ин сарзамини аҷдодӣ тарбия диҳем.
Дар симои Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои дурахшони миллат бо хиради абадӣ, инсондӯстӣ, ғамхорӣ нисбати халқ ва меҳмоннавозии беназир тавсиф мегардад. Пешвои миллат бунёдгузор ва нигаҳбони пояҳои давлатӣ ва фарҳангӣ, ҳастии арзишҳои маънавӣ ва суннатӣ ва намоди олии Падар ва оиладории асил мебошанд. Нақши бузург ва бебаҳои Сарвари давлат дар рушди ҷомеаи демократии таърихи навини мардуми шарафманди диёр дар симояшон таҷассум ёфтааст…
Сурайё ДӮСТМУРОДЗОДА
вакили МНМО
Мубодила:
Шарҳҳо











