БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Табиби ҳозиқи моӣ, шифобахшу тавоноӣ

Тандурустӣ

Дар бораи бонуи некном, момодояи соҳиб­таҷриба Шарафнисо Ачилова бароям навиштан басо гуворост. Зеро ӯ бо меҳнати ҳалолу номи нек ангуштнамои ҷомеа гардидааст. Ба чандин нафар ҳаёти дубора бахшида, баҳри ба олами ҳастӣ қадам ниҳодани тифлакон хизмати басо ҷонфидоёна кардааст. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки дар вилоят номашро пиру барно бо некӣ ба забон мегиранд ва ҳамчун табиби ҳозиқу дардошно мешиносанд.

 Аз бузургон омӯхта

Шарафнисо Ачилова зодаи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд буда, соли 1954 ба дунё омадааст. Агар ба тақвими зиндагиномаи табиби ҳозиқ назар афканем, он басо ҷолиб аст. Ӯ фаъолияти меҳнатии худро соли 1979 оғоз намуда, то ин дам баҳри саломатии модару кӯдак фаъолият дорад. Аз устодони нахустин, духтури амрози занонаи тоҷик Дилбар Раҳимова сирри соҳаи тибро аз худ намудааст. Ҳамчунин, ӯ зери парастории табибони соҳибтахассусу соҳибтаҷриба Ираида Абдуназарова, Марҳамат Сайдуллоева, Тӯтӣ Олимова фаъолият намуда, ба зинаи камолот расидааст.

 Вай корро дар таваллудхонаи вилояти Суғд оғоз кард. Аз он дам то соли 1997 дар вазифаҳои гуногун буд, моҳи апрели соли 2000-ум ба вазифаи сартабиби таваллудхонаи вилояти Суғд таъин шуд.

Аз рӯзҳои аввали ба фаъолият пардохтан худро ҳамчун табиби кордону масъулиятшинос нишон дод. Ҳар лаҳза дар назди модару кӯдак буда, нисбати тақдири онҳо заҳматҳои шабонарӯзӣ мекашид. Ҳамин ҷонфидоиҳо буд, ки ӯро ба чанд вазифаи роҳбарӣ: мудири шуъбаи таваллуди физиологии таваллудхонаи вилояти Суғд, муовини сартабиб оид ба корҳои муолиҷаи таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд, сардухтури таваллудхонаи вилоятӣ, сардори бахши хизматрасонии тиббии модару кӯдаки раёсати тандурустии вилояти Суғд таъин карданд.

Ҳарфҳояш аз модару кӯдак

Шояд роҳбарии соҳаи муҳими тандурустии модару кӯдак буданаш сабаб гардид, ки дар чорабиниҳои гуногун, семинару конфронсҳои минтақавию байналмилалӣ ширкат варзида, бо ҷасорат баҳри беҳбудии вазъи ин соҳаи ҳаётан муҳим пайваста талош менамуд. Воқеан, талошҳояш самар оварданд. Дар давоми кор барои баланд бардоштани касбияти хеш дар масъалаҳои муҳими соҳаи акушерӣ ва амрози занона дар шаҳри Санкт -Петербург, курси омӯзиши ташхиси фаросадоро дар шаҳри Душанбе хатм кард, давраҳои омӯзишро дар шаҳрҳои Запорожйе, Санкт-Петербург низ гузаштааст. Дар семинарҳои байналмилалии шаҳри Бишкек ва давлати Полша ширкат намуда, баҳри сайқал додани маҳорати касбии хеш ҷаҳд кардааст.

Ӯ, ҳамчунин, дар гузарондани амалиёти ҷарроҳӣ-акушерӣ, усулҳои диагностикии бемориҳои узвҳои занона, дуруст пеш бурдани ҷараёни таваллуд ҳангоми оризаҳои ҳомиладорӣ, хизматрасонӣ дар ҳайати бригадаи хатсайри эҳёи таваллудхона маҳорати хуб дошта, дар ин масир касбияти баланд нишон додааст.

 Инсони заминӣ

Бо ин табиби ҳозиқ, пизишки чашмикордон дар ҳуҷраи кориаш суҳбате оростем. Дарёфтам, ки табиатан инсони заминӣ ва кордон аст. Соҳаи худро амиқ медонад. Аз ӯ пурсидам, ки чаро маҳз соҳаи тиб, яъне касби пизишкиро интихоб намудааст? Изҳор кард, ки дар хурдсолӣ бисёр вақт бемор мешудааст. Модараш пайваста ӯро назди табибони давр мебурд. Бо доруву дармони онҳо сиҳат ёфт. Аз ин рӯ, ба табибон меҳр пайдо карда, орзу менамуд, айёми камолот табиби хубе гардад.

Пас аз хатми дабистон ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино супурда, донишҷӯ шуд.

Саҳфаҳои зиндагии ин табиби ҳозиқ, зани ҳалиму меҳрубон ва инсони комилро варақгардон намуда, дарёфтам, ки 46 соли умри бобаракати худро баҳри сиҳатии модару кӯдак масраф намудааст. Вақте ки тифл ба дунё меояд, аввалин шуда, ӯро момодоя ба оғӯш мегирад. Оғӯши пурмеҳри табиб ӯро ба сӯи дунёи навин ва олами орзуҳо ҳидоят месозад. Дар рафти фаъолияти худ Шарафнисо Ачилова барои чашм ба ҳастӣ кушодани садҳо тифл ёрӣ расонда, ба чандин модар умри дубора бахшидааст.

Шарафнисо Ачилова духтури дараҷаи тахассуси олӣ буда, бо нишони сарисинагии Аълочии тандурустии Тоҷикистон сарфароз шудааст. Устоди садҳо шогирдон аст, ки имрӯз ҳар яке дар гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ фаъолияти пурсамар дорад.

Сулолаи пизишкон

Ҳангоми омӯзиши фаъолияти қариб нимасраи табиби ҳозиқ Шарафнисо Ачилова барои худ як чизи муҳимро кашф кардам.

Дар ҳақиқат, оила дар тарбияи насли наврас нақши асосиро бозӣ мекунад. Инро мо аз оилаи ин табиби ҳозиқ ба хубӣ пай бурдем. Шарафнисо Ачилова, вақте ки дар Донишгоҳ таҳсил мекард, бо ҳамсабақаш Рустам Дадобоев бо меҳру муҳаббат оила бунёд намуд. Байни ҳамдигар якдигарфаҳмӣ, иззату эҳтироми худу зодмандон вуҷуд дошту дар фазои кошонаашон ишқу садоқат пойдор буд ва фарзандон ба ин хислатҳои наҷиб хӯ гирифтанд. Дар боғи бомеҳр бунёднамудаи онҳо чор нафар гулдухтар ба дунё омад, ки ҳар яки онҳо имрӯз номбардори волидони хеш мебошанд. Меҳри аввали хонадон, нахустфарзанди ин оилаи муътабар Дилором пайрави модар, яъне табиби амрози занона буда, мутахассиси варзидаи соҳаи ҳифзи модару кӯдак аст, Таҳмина иқтисодчӣ, Назира барномасоз, Нигора омӯзгори забонҳои хориҷӣ.

Шарафнисо Ачилова аз он ифтихорманд аст, ки набераҳояш Ҳанифапошшо Донишгоҳи Федератсияи Россияро бомуваффақият ба итмом расонда, дар маркази перинаталии шаҳри Москва фаъолияти босамар дорад. Мирзоабдулло табиби ҷарроҳ буда, ординатураи клиникиро дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия гузашта истодааст. Амирҷон дар Донишгоҳи тиббии шаҳри Қазон ва Дилбарҷон дар Донишгоҳи тиббии шаҳри Москва ба номи Пирогов дар курси чорум таҳсил доранд.

Шарафнисо Ачилова орзу дорад, ки набераҳояш пас аз хатми донишгоҳу донишкадаҳо ба зодгоҳи худ омада, расму русуми аҷдодии хешро давом медиҳанд ва чун бобои равоншод ва модаркалонашон ба муолиҷаи мардуми диёр пардохта, давомдиҳандаи сулолаи хеш мешаванд.

Имрӯз, ки ҷашни қариб нимасраи фаъолияти меҳнатӣ ва 70- солагии ин бонуи соҳибмаърифат ва табиби ҳозиқ Шарафнисо Ачилова аст, таманно дорем, ки тани сиҳату рӯзгори осуда ёри ҳамешагии ин бонуи заҳматписанд хоҳанд буд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

вилояти Суғд

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон