БОЙГОНӢ

«    Октябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ҷавоне пурталош аз насли Сино

Тандурустӣ

Табиби тозаҷавону кушода­чеҳра Фирӯзаи Искандарӣ дар тан хилъати сафед ва дар даст болғачаи неврологии тиббӣ бо суханони шаҳдрез ҳар пагоҳӣ аз ҳоли беморонаш дар Муассисаи давлатии Маркази тиббии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун боргоҳи дармонбахш чорагари дарди беморон аст, хабар мегирад:

 Имрӯз хубтар ба назар мерасед. Ягон шикоят доред?

Як табассуми малеҳ ва нигоҳи меҳрбори ӯ ба шахси афсурдахотир умеди зистан ва офият мебахшад.

 

Ин ҳамон духтаракест, ки аз дард ба пешаи духтурӣ дил баст. Хонандаи синфи 7 буд, ки нотоб шуд. Тапиши дилаш номуқаррарӣ буду хастагиву бемадорӣ ва диққи нафас нороҳаташ мекард. Ин ҳолат зодмандони ғамхорашро сахт ба ташвиш овард. Ба Маркази ҷумҳуриявии дилшиносӣ муроҷиат карданд. Чун ташхисгар мард буд, Фирӯзаи ҳанӯз кӯдак шарм медошту ба модар лоба мекард, ки ӯ шифо ёфтааст ва ҳоҷат ба ташхис нест. Агар духтур зан мебуд, духтарак ба ташхису табобат ризоят медод. Модар, ҳарчанд бо дили нохоҳам изҳори ноздонаашро мепазируфт, дар як гӯшаи ниҳонии қалб мамнуну қаноатманд аз он буд, ки духтараки боиффату тозаҷавҳар ва шармгинро ба воя расондааст.

Қиблагоҳ, ки хизматчии давлатӣ буд, бо пешниҳоди дӯстон ӯро ба Муассисаи давлатии Маркази тиббии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон овард, то ҳамшираи хушсалиқаи ин макон, ки муосиртарин асбобҳои ташхис - ҷӯяндаи ноҷӯриҳои кори диланд, ташхисгару чораҷӯи бемории ҷигарбандаш бошад.

Сабзу хуррамии атрофи бемористон дар дили Фирӯза нахустин тапишҳои ширинро ангеза медоданд. Дар саҳни бемористон ӯ дар сарҳади бачагии беғам ва ояндаи нотасвир қарор дошт. Дар оинаҳои долони бемористон худро дар пираҳани духтурӣ медиду ба ояндаи сафеду мунаввари худ, ки дар зеҳнаш шакл мегирифтанд, бо ҳавас назар меафканд. Баъди ташхис ва суҳбати ширини ҳамшираи шафқат бо пару боли нав дар гунбади лоҷувардии умедҳои рангинаш ба парвоз омад.

- Модарам Коллеҷи тиббиро бо дипломи аъло дар солҳои душвори баъдиҷангӣ хатм кардаанду нахустин табибу дармонбахш ва нигаҳбони саломатии аҳли оилаанд. Аммо дар ёд надорам, ки дар тифлӣ боре ҳам орзу карда бошам, ки мисли модар ғамхору мададрасони ҳамагон шавам. Майлу рағбати ман бештар ба анҷом додани корҳои хона, махсусан пазандагиву рӯбучин ва нигоҳубини хоҳару додараконам буд. Вақте нахустин маротиба чӣ будани дардро эҳсос кардам ва нороҳатиам бештар аз ташхисгарони мард буд, аз он рӯз пеши худ мақсад гузоштам, ки табиб мешавам, - ба суҳбат мепардозад Фирӯза.

Баҳри расидан ба ширинтарин орзуи наврасии худ Фирӯза лаҳзае аз омӯзиши фанҳои дақиқ фориғ намешуд. Соли 2012, пас аз хатми мактаби миёна, ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино супурду бо баҳои баланд ба гурӯҳи буҷетӣ дохил шуд. Фикру зеҳнаш саргарми хондан, пайваста дар конфронсҳои илмии Донишгоҳ ширкат мекард. Мисли донишҷӯёни дигар, ки дар баробари таҳсил тафреҳу фароғатро дар мадди аввал мегузоранд, вақташро беҳуда сарф накарда, берун аз дарс низ ба суҳбати омӯзгор мешитофту ба саволу чароҳои беохири худ посух меҷуст.

Гоҳе мешуд, ки дар байни ҳамсабақон худро ға­риб эҳсос мекардам, хоса рӯзҳое, ки ҳамроҳ ба гирифтани идрорпулӣ дар навбат меистодем. Чун ҳамеша ба пешниҳоди маъракаву нишаст ва сайругаштҳояшон ҷавоби рад медодаму пайваста, аз хона ба Донишгоҳ, аз дарс ба китобхона дар шитоб мешудам. Дар баробари кори табобатӣ илми тиб, ки ҳазорон-ҳазор розҳои кашфнашуда ва мавзуъҳои дастнахӯрда дорад, системаи асаб барои ман мароқангез буд. Аз ин рӯ, ҳангоми навиштани маърузаҳои илмӣ барои ширкат дар конфронси донишҷӯён ҷиддӣ машғул мешудаму аз устоди раҳнамои худ Ситора Давлатовна маслиҳату машварат мегирифтам. Баъзан аз дӯстон эрод мешунидам, ки ба як маърузаи хурд чунон саргардонам, ки гӯё рисолаи номзадӣ бошад, - ба ёд меорад бону Фирӯза.

 

Искандарӣ, ки тақдири худро пайванд ба омӯзиши илми тиб медонист, пас аз хатм низ аз Донишгоҳ дил канда натавонист. Солҳои 2018 - 2020 ординатори кафедраи асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббии Донишгоҳ буду аз соли 2020 то соли 2023 ҳамчун доктор PhD дар кафедраи мазкур таҳсил кард. Дар бораи бемориҳои фалаҷи канорӣ як қатор ташхисҳоро гузаронда, бо роҳбари илмиаш дотсент Ғаниева Манижа Темуровна барои ба таври комил таҳқиқ намудани рисола дар мавзуи «Таснифи клиникию ташхисии бемориҳои полинейропатӣ ва нигоҳи аввал ба тавсияву табобати муосир» соли 2022 ба шаҳри Санкт-Петербург сафар намуд.

 

- Беморони гирифтори фалаҷи канорӣ дар кишвари мо, мутаассифона, кам нестанд. Чун амиқтар назар кардем, дарёфтем, ки сабаби аксари ин бемориҳо никоҳи хешовандони наздик аст. Натиҷаи таҳқиқотро бо ризояти волидони беморон ба мутахассисони Клиникаи лабораторию ташхисии ИНВИТРО-и шаҳри Санкт-Петербург муаррифӣ намуда, пешниҳоду машварати онҳоро ба инобат гирифтем. Ҳамчунин, моҳи апрели соли равон ба шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карда, барои ҳимояи рисолаи худ иҷозати доктори илмҳои тиб, дотсенти кафедраи нейрореабилитатсияи Маркази такмили ихтисоси касбии кормандони соҳаи тибби Ҷумҳурии Ӯзбекистон, профессор Назарова Жанна Авзаровнаро ба даст овардем. Дар Душанбе марҳалаи аввали пешҳимояи кори илмӣ бомуваффақият сипарӣ гашт ва пешниҳоду тавсияҳои устодон пазируфта шуд, ки дар ҳоли омӯзиш қарор доранд, - иброз медорад муҳаққиқи ҷавон.

 

Дар баробари фаъолияти сангини муҳаққиқӣ Фирӯзабону аз соли 2020 дар Муассисаи давлатии Маркази тиббии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун духтури асабшинос кор мекунад. Аз ғамхории роҳбари муассиса Холмаҳмад Боевичро дар самти тарбияи духтурони ҷавон сипосгузор асту дастгириҳои Ҳукумати кишвар, махсусан Пешвои миллатро таҳрикбахши фаъолияти худ медонад. Дар якҷоягӣ бо табибони ҳозиқи ин Беморис­тон бо ташхису табобати нафърасон ва кимиёи сухан марҳамгузори ранҷурон асту шифобахши беморон.

Табиби умедбахшу муҳаққиқи пурҷӯ, омӯзгори сахтгиру ҳамсари маҳбуб, модари мушфиқу сунҳори меҳрубон Фирӯзаи Искандарӣ, сарфи назар аз ҷавонӣ, талош меварзад, то ҳар лаҳзаи ҳаётро босамар гардонад. Дар хушбахтии хонавода ва рушди шахсияти худ, дар баробари волидони ғамхораш падару модари шавҳарашро низ таъсиргузор медонад ва болидаруҳ аз он аст, ки дар ҳама ҳолат дастгиру хайрхоҳаш ҳастанд.

- Сарнавиштро сипосгузорам, ки барои ман меҳрубонии худро дареғ надоштааст. Дар хонавода фарзанду набераи нахустинам ва бобову модаркалонам маро бо муҳаббату ғамхории бебаркаш парвардаанд. Шояд аз меҳрубонии зиёд аст, ки чӣ будани қаҳру озурдагиро намедонам ва мекӯшам, ки каме ҳам бошад, дар зиндагӣ нафърасон бошам, - меафзояд бонуи шириннафас.

 Фирӯзаи Искандарӣ аз зумраи ҷавононест, ки хурдтарин арзишҳо ва шодиҳои зиндагиро қадр карда, қадам ба қадам аз пайроҳаи хурд ба шоҳроҳи бузурги ватандӯстӣ расидаанд ва муҳаббат ба Ватанро дар амалҳои неки худ исбот месозанд.

Мафтунаи ҚОСИМ

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон