БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Вақте ҷомеа солим аст…

Тандурустӣ

Солимии ҷомеа ба сиҳатии модару кӯдак рабт дорад. Аз ин рӯ, ҳини сафари эҷодии навбатӣ, тасмим гирифтем, нахуст аз шуъбаи таваллуди беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон дидан намоем. Вохӯриамон бо Озодамоҳ Саидзода, муовини сардухтур оид ба солимии модару кӯдаки бемористони мазкур, сурат гирифт. Ӯ дар бораи вазъи саломатии модару кӯдак ва шароити беҳдоштии бонувони маҳал ҳамсуҳбат гардид.

Солимии ҷомеа ба пешрафту нумӯи давлату миллат мусоидат намуда, аз табибон тақозо мешавад, ки содиқ ба пеша ва эҳтиром ба қасами касбии ёднамудаашон бошанд, дар ҳифзи солимии мардум саҳм бигиранд. Аз он ки кори ҳаррӯзаи мо бо ҳаёти модару кӯдак пайваста аст, талош бар он дорем, ки робитаро бо бонувон, бахусус, занони қобили таваллуд ва обис­тан зичтар намоем.

Воқеан, ҳоло ҳам дар маҳал ҳолатҳои аз назорату машварати духтурон дур мондану дар қайди табибони акушер-гинеколог набудани занони ҳомила мушоҳида мегардад. Ошкор шудани бемориҳои музмин дар аксари онҳо, ба мисоли камхунӣ, дарди гурда, ҷоғар ва ғайра гоҳе оқибатҳои хатарзо ба бор меоранд. Мутаассифона, модарони оянда сари вақт ба духтур муроҷиат намекунанд, калонсолон ҳам ба онҳо маслиҳат намедиҳанд. Вале набояд чунин бошад, баръакс занҳои калонсол, хушдоманҳо ҳолати зани обистанро дарк карда, аз таҷрибаи худ ба онҳо маслиҳат диҳанд, - мегӯяд Озодамоҳ Саидзода.

Дар тақвияти гуфтаҳои мавсуф, мудири шуъбаи таваллуди беморхонаи марказӣ Шаҳло Холова иброз дошт, ки вақте занони ҳомиларо бо фишори баланд меоранд, бо сабаби дар қайди беморхона набудан, сари вақт аз муоина ва ташхису таҳлилҳо нагузашта, кори духтуронро мушкил месозанд. Аксаран дахолат ва беэътиноии баъзе аз аъзои хонавода ба он боис мегардад, ки ҳомиладорон аз назорати табибон дур мемонанд.

Мутахассисони дармонгоҳи ноҳиявӣ, ки самти корашон ба солимии модару кӯдак равона шудааст, аз рӯйи нақшаи чорабиниҳо бо занони маҳал вохӯриҳо мегузаронанд. Маҳаки асосии ин вохӯрию чорабиниҳо фаҳмондани ҳолатҳои обистанӣ ва оқибати нохуши он аз беаҳамиятӣ нисбат ба саломатӣ, бахусус дар ин давраи ҳассос барои зан мебошад. Вале, мутаассифона, ин мушкилӣ, яъне сари вақт дар иртибот набудан бо духтурони занона ва бархӯрдор нашудан аз маслиҳату машварати онҳо дар маҳалҳо ҳанӯз ҷой дорад, - иброз дошт ҳамсуҳбатамон.

Дар шуъбаи таваллуди беморхонаи мазкур тамоми шароит барои нигаҳдории модару кӯдак мавҷуд буда, беш аз 30 нафар духтуру ҳамшираҳои тиббӣ дар хизмати аҳолӣ қарор доранд. Барои муоина ва ташхис ҳамаи шароитҳои зарурӣ, аз қабили таҷҳизоти наву замонавии фаросадоӣ ва таҳлили хун муҳайё аст, ки корафтодагон бемамониат аз онҳо истифода мебаранд.

Фаъолиятамро дар ин шуъба аз соли 2011, баъди хатми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино оғоз намудаам. Воқеан, шоҳидам, ки пизишкон солҳои аввали кориам аз набудани баъзе аз таҷҳизоти зарурии тиббӣ мушкилӣ доштанд, имрӯз ин камбудӣ эҳсос намешавад.

Ҳар мушкиле, ки ба саломатии зани ҳомиладор халал ворид месозад, ин риоя накардани тарзи ҳаёти солим ва ба инобат нагирифтани маслиҳати пизишкон мебошад. Масалан, тариқи буриши қайсарӣ гирифтани тифли батн маҳз дар ҳолати пешакӣ муайян нагардидани бемориҳои музмин сурат мегирад, - тазаккур медиҳад бону Шаҳло.

Ба гуфти табиб, гоҳе риоя нашудани фосилаи байни таваллуд, кӯндаланг омадани тифл духтуронро водор месозад, ки ба хотири солимии модару тифл даст ба ҷарроҳӣ зананд. Яъне, дастрасӣ ба таҷҳизоти тиббӣ ва мутахассисони варзидаи соҳа на танҳо мушкили пизишконро осон намудааст, балки барои пешгирӣ аз фавти модару кӯдак мусоидат кардааст.

Хушбахтона, дар чанд соли охир фавти модар ба қайд гирифта нашудааст, вале дар нуҳ моҳи соли равон фавти 17 тифли то якҳафтаина дар ҷадвали таваллуду фавт сабт ёфтааст. Сабабаш оризаҳои музмин доштани модар ё норасид таваллуд шудани тифлакон аст, - мегӯяд мудири шуъбаи таваллуд.

Истифодаи ғизои солим дар семоҳаи аввали ҳомиладорӣ барои саломатии модару кӯдак муҳим аст, аммо он риоя намешавад. Ба гуфтаи Шаҳло Холова, бо сабаби риоя нагардидани тарзи ҳаёти солим ва гигиенаи шахсии модарон, тифли батн ба бемориҳо сироят меёбад.

Ҳабиба Дӯстова, духтури бемориҳои дарунӣ, ба суҳбат ҳамроҳ шуда, изҳори қаноатмандӣ аз рушди рӯзафзуни соҳаи тиб дар ноҳияи Хуросон намуд.

 Зиёда аз 20 сол аст, ки дар беморхонаи марказии ноҳия фаъолият дорам. Ростӣ, аз мушкилиҳои соҳаи тиб дар солҳои пешин, бахусус дар маҳал ёдовар шудан бароям риққатовар аст, зеро ҳоли табоҳе ҳам бемор дошту ва ҳам табиб. Барои супурдани таҳлили хун ва дигар ташхисҳо беморонро ба шаҳрҳои Душанбею Бохтар мефиристодем. Алҳол, маризони деҳоти ноҳияҳои Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Рӯдакӣ, ки ба беморхонаи мо наздиканд, ба ташхисгоҳ ва духтурони мо муроҷиат менамоянд. Кормандони тиб дар 9 шуъбаи беморхона фаъолияти босамар дошта, ҳамчунин омода намудани духтурони баландихтисос дар самти ҷарроҳии асаб дар назар аст. Пизишкон талош меварзанд, то баҳри солимии ҷомеа саҳм дошта бошанд. Аҳолии маҳалро зарур аст, ки тарзи ҳаёти солимро интихоб намуда, саломатии худ ва аҳли хонаводаашонро эҳтиёт созанд, - мегӯяд Ҳабиба Дӯстова.

  Муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Италия

Соли 2024, дар ҳошияи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия ҳамоиши «Муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Италия» (Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Италия) баргузор шуд.

Дар чорабинӣ беш аз 100 ширкат, аз ҷумла роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳо, соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Италия, иштирок намуд.

Дар доираи ҳамоиш ба маблағи зиёда аз 150 млн доллари ИМА ҳуҷҷатҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,

Душанбе – Хуросон - Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2024_small.pdf [4.5 Mb] (зеркашиҳо: 22)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон