БОЙГОНӢ

«    Феврал 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Солимии дандон

Тандурустӣ

Дандонҳои зебо барои зан дар ҳама синну сол муҳимтарин зебу зиннат аст. Ҳар кас бояд бикӯшад то дандонҳояшро дар ҳолати хуб нигоҳ дорад, зеро он на танҳо барои зебоӣ, балки барои саломатӣ низ муҳим мебошад. Мунтазам поккории дандон ва солимии он хатари сактаи дилро пешгирӣ мекунад.

Дар як рӯз дандонҳоро на камтар аз ду маротиба - субҳ ва шом, шустан муфид аст. Метавонед пеш аз истеъмоли ғизо ё баъд аз он дандонҳоятонро бишӯед. Нигоҳдории чуткаи дандоншӯӣ аз сифати он мебошад. Муҳлати миёнаи истифодаи он то се моҳ аст. Ҳатман пас аз бемории зуком ва сулфа чуткаи дандоншӯиатонро иваз намоед. Исбот шудааст, ки шустани дандонҳо эҳтимоли пӯсидани дандонҳоро коҳиш медиҳад.

Бо дандон шикастани чормағз, писта, бодом ва кушодани сарпӯшҳои зарфҳои шишагин қатъан мумкин нест, зеро ин ҳолат метавонад ба дандонҳо осеб расонда дар он тарқиш пайдо намояд. Дар як вақт хӯроки гармро бо хунук омехта накунед. Дар сурати дар ҳолати хуб қарор доштани дандонҳо, агар бӯи бад шуморо ташвиш диҳад, он замон меъдаю рӯда, узвҳои гӯшу гулу, бинӣ ва шушро ташхис кунед. Меваю сабзавоти хом барои дандон, забон ва даҳон муфиданд. Ҳар нафар дар шаш моҳ ҳадди ақал як маротиба аз муоинаи духтури дандон ҳатман гузарад.

Як чуткаи дандоншӯиро набояд барои якчанд аъзои оила истифода бурд. Микрофлораи холигоҳи даҳон барои ҳар шахс гуногун аст ва интиқоли сирояти беморӣ тавассути чутка ба шахси дигар метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад. Ин махсусан хавфнок аст, агар соҳиби чутка гирифтори бемории хатарнок (гепатит, ВНМО, сифилис ва ғайра) бошад.

Тамокукаширо ҳатман тарк кард, агар имконпазир набошад, онро маҳдуд созед. Маводи дар таркиби дуди тамоку мавҷудбуда ранги дандонҳоро безеб мекунанд ва моддаҳои зарарноки дуди тамоку боиси тангшавии рагҳо мегарданд ва чун қоида низоми гардиши хун дар даҳони тамокукаш халалдор меёбад. Баъдан, дуди тамоку дорои токсинҳои зарароварест, ки системаи масуниятро пахш менамояд ва боиси инкишофи бактерияҳои зараровар ва пӯсидани дандонҳо мегардад. Дар натиҷа, дар холигоҳи даҳон равандҳои сироятӣ ва илтиҳобӣ ба вуҷуд меоянд.

Духтури дандони Маркази саломатии шаҳрии №13 Раҳмон Сатторов иброз дошт, ки бӯи бад, таб­ларза, варами милки дандонҳо, ғадудҳо ё даҳон, таъми аҷибе дар даҳон, аз сироятёбӣ шаҳодат медиҳанд. Агар сироят сари вақт ошкор ва табобат карда шавад, мушкилоте ба вуҷуд намеояд. Бо вуҷуди ин, сироят одатан натиҷаи мушкилоти дандонист, ки бояд ҳатман ба духтур муроҷиат намуда сари вақт табобат карда шавад.

Ғизое, ки дандонро вайрон мекунад, шириниҳо мебошанд. Ба ин шириниҳо мармелад, торт, шоколад, мураббо, қандинаҳо ва истеъмоли аз ҳад зиёди намаку нӯшокиҳои газдор дохил мешаванд. Чойи сабз даҳони шуморо аз ҳама гуна зарраҳои ғизо шуста, дандонҳои шуморо аз пӯсидан муҳофизат мекунад. Маҳсулоти ширӣ, аз қабили панир, йогурт ва шир дорои кислотаи лактикӣ ва калсиуми минералии сирдор мебошанд, ки дандонҳоро мустаҳкам ва сафед мекунанд.

Дентофобия яке аз тарсҳои маъмултарин дар ҷаҳон ба шумор меравад. Тибқи омор, ҳар як нафари чорум аз муолиҷаи дандонҳояш метарсад. Ва ин тарс шахсро водор месозад, ки муроҷиати духтурро то лаҳзаи охирин ба таъхир гузорад ва ин ҳолат боиси зарарёбии дандонҳо мешавад.

Дандонҳо дар ҳаёти кас нақши муҳим доранд. Онҳо дар хоидан ва ҳазм кардани ғизо, возеҳ сухан гуфтан кумак намуда, ба чеҳраи мо шакли зебо медиҳанд.

Сабзавот ва меваҳо аз микроэлементҳои фоиданок бой буда, илова бар ин, ба тозакунии рӯйи дандон мусоидат мекунанд. Тавсия дода мешавад, ки ҳар рӯз тақрибан 400 грамм сабзавот ё мева истеъмол намоед.

Як қошуқча намакро гирифта, дар як истакон оби ҷӯшомада ҳал намоед. Сипас, обро хунук намуда даҳонатонро бо он бишӯед. Дандон сафед ва пурҷило менамояд. Яке аз маъмултарин маҳсулоти сафедкунии дандонҳо дар шароити хона пероксиди гидроген мебошад. Барои 1/4 истакон об ба шумо лозим меояд, ки 20 қатра пероксиди гидрогенро гирифта омезед ва дандонҳои худро бо хамира ва маҳлули ҳосилшуда бишӯед ва сипас, даҳони худро боз бо об бишӯед.

Аз қадим одамон барои тоза намудани дандонҳо навдаву барг ва пӯсти меваҷоти гуногуни дарахтонро истифода мебурданд. Ҳамин гуна онҳо муддати дароз нафаси тозаро нигоҳ медоштанд.

Дандонҳои сиёҳшударо дар шароити хона тоза кардан ғайриимкон аст. Танҳо муроҷиат ба духтури дандон метавонад ин мушкилиро саҳл гардонад.

                                           

Зарур аст, ки ду қошуқ сиркои сафед ва ним қошуқ намакро ба як истакон об илова карда, даҳонатонро дар як рӯз то ду маротиба бишӯед. Содаи хӯрокпазӣ метавонад дандонҳоро сафед карда, кислотаеро, ки боиси пӯсидани дандон мегардад, безарар созад. Ҳамчунин, метавонед барои шустани дандон оби лимӯ ва пӯсти онро истифода баред.

 Равғани кокос дорои хосиятҳои зиддимикробӣ мебошад. Як қошуқ равғани кокосро дар даҳон аз 15 то 20 дақиқа нигоҳ доред.

Ҳангоми пурра аз даст додани дандонҳо одам ба таври муқаррарӣ ғизо хӯрда наметавонад. Бедандонӣ боиси ихтилоли меъдаву рӯда мегардад. Зебоии чеҳра гум шуда, набудани дандон шакли рӯйро тағйир медиҳад. Кунҷҳои даҳон кашол шуда, дар натиҷа чеҳра пир метобад.

Бикӯшед, то ҳар шаб дар як вақти муайян хоб равед, субҳ ба варзиш машғул шавед, аз асабоният худро нигоҳ доред. Дандонҳои солим метавонанд тамоми умр ба шумо хизмат расонанд!

Мадина БАЛАҶОНОВА

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2025_small.pdf [3.91 Mb] (зеркашиҳо: 15)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон