БОЙГОНӢ

«    Июл 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ҳар кӣ обод кард…

Тандурустӣ

Аз боғи фарҳангию фароғатии шаҳраки Шаҳритус каме фаротар ба самти рост чорраҳае воқеъ аст. Гардиш ба сӯи рости он чанд бор моро иттифоқ уфтод. Тақрибан баъди сад метр бинои хуштарҳу замонавии дуошёна намоён мегардад, ки диққати дилхоҳ раҳгузарро сӯи худ мекашад. Ин бинои Маркази ташхисӣ ва табобатии «Оишаи Шаҳритус» аст, ки моҳи ноябри соли 2022 аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт. Президенти муҳтарами мамлакат зимни ифтитоҳи ин иншооти бошукӯҳ дар ноҳияи дурдасти кишвар, ба соҳибкорони ватандӯст барои бунёди чунин Маркази муосири соҳаи тандурустӣ изҳори сипос намуда, саҳми онҳоро дар амалҳои созандагиву ободгарии Ватан муҳиму назаррас донистанд.

Бинои куҳнаву аз ҳам пошидаеро, ки макони партовҳо гардида буд, соҳибкорони ватандӯст – бародарон Достиевҳо бо мусоидати Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия имрӯз ба мавзеи ободу зебо табдил додаанд, ки сокинони се ноҳияи ҳамшафат – Шаҳритус, Носири Хусрав ва Қубодиён барои ташхиси томографияи компютерӣ, рентгени рақамӣ, томографияи резонансии магнитӣ, таъмини оксиген, дастгоҳҳои масҳкунанда, электрофарез, сабти барқии кори майнаи сар, дил ва дигар дастгоҳҳои муосир чандин километр роҳро то шаҳрҳои Бохтару Душанбе напаймуда, дар ин Марказ аз муоина ме- гузаранду табобати зарурӣ мегиранд. Дастгоҳҳо аз кишварҳои Чин, Россия ва Туркия ба маблағи беш аз 10 миллион сомонӣ харид ва насб шудаанд. Имконпазир аст, ки ин Марказ ба беш аз 135 ҳазор аҳолии шаҳрак ва ноҳияҳои номбурда хизмати босамари тиббӣ расонад.

Иморати навсозишуда, ки дар он биноҳои иловагӣ сохта шудаанд, дорои 40 кати бистарикунонии беморон буда, дар умум иборат аз 54 ҳуҷра ва боқӣ озмоишгоҳ ва ҳуҷраҳои табибон аст. Мутахассисон дар чаҳор шуъба – ҷарроҳӣ, амрози дарунӣ, шуъбаи занона ва таваллуд маризонро ташхис ва муолиҷа менамоянд. Дар қабати аввали бино шуъбаи ёрии таъҷилӣ ва дар шафати иншоот дорухона ва нишастгоҳҳо ҷойгиранд. Илова ба хизматрасониҳои ташхисӣ, дар таҳхонаи иншоот бахшҳои солимгардонию тавонбахшии физиотерапевтӣ низ фаъолият менамоянд. Озмоишгоҳҳо дорои навтарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳа буда, қариб тамоми таҳлилҳои тиббӣ дар фурсати кӯтоҳ ва босифат анҷом дода мешаванд.

Марказ дорои шароити зарурии тиббию санитарӣ, тамизгардонии дастгоҳу таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ буда, бо дастгоҳҳои автоклав, ҷевонҳои хушкнигоҳдорӣ, катҳои функсионалии махсуси барқӣ ва дигар лавозимоти соҳа пурра таъмин мебошад.

-Дар Марказ бистаригардонӣ ва ҳам табобати амбулатории беморон пешбинӣ шудааст. Мутахас- сисони бемориҳои асаб, дарунӣ, эндокринолог, амрози занона, дандонпизишк ва дигар табибони ботаҷрибаро ба кор ҷалб кардаем. Танҳо дари шуъбаи таваллуд муваққатан аз норасоии кадрҳо баста аст, ки барои ҳалли ин мушкилӣ бо раёсати тандурустии вилояти Хатлон ҳамкорӣ менамоем, то кадрҳои баландихтисосро ба кор ҷалб созем. Норасоии табибони эҳёгар (реаниматолог), анестезиолог ва момодояҳо мушоҳида мегардад. Аз ин рӯ, ғайр аз музди меҳнат ба фаъолияти босамари кормандон баҳо дода, ба онҳо мукофотпулӣ ҷудо менамоем. Соли гузашта чаҳор табиби ҷавонро ба кор ҷалб намудем, ки аллакай ҳамчун мутахассисони лаёқатманд миёни мардум эътироф шудаанд, - иброз дошт сардухтури Марказ Зариф Ҷаҳонгирзода.

Аз 60 нафар корманди Марказ 70 дарсад­ ро бонувон ташкил медиҳанд, ки табибон, ҳамшираҳо, хоҷагидорон ва ғайра мебошанд. Табибон – Бобоқамбар Авазов, духтури гӯшу гулу ва бинӣ ва Зариф Ҷаҳонгирзода - духтури ҷарроҳ, номзади илмҳои тибанд. 18 нафар духтури муассиса маълумоти олии тиббӣ дошта, 16 нафар дорои маълумоти миёнаи касбист. Тули рӯз дар ин шифохона то 10 нафар бистарӣ гардида, барои табобати амбулаторӣ аз 20 то 50 нафар бемор муроҷиат менамояд. Масъулон нақша доранд, ки дар Марказ барои бистаришудагон наҳорӣ омода ва пешкаш созанд.

-Пештар беморонеро, ки дар садамаҳои гу- ногун, хосса нақлиётӣ, осеби ҷиддӣ медиданд, ба шаҳрҳои Бохтару Душанбе равон мекарданд. Ҳоло ки дастгоҳҳои махсуси ташхисгарии томографияи компютерӣ, томографияи резонансии магнитӣ ва рентгени рақамиро дорем, чунин беморон ба Маркази мо интиқол дода мешаванд. Беморро рентген карда, онро фавран ба мутахассисоне, ки бо категорияҳои олӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар фаъолият мебаранду бо мо ҳамкории зич доранд, ба тариқи онлайн мефиристем. Онҳо рентгенро ташхис намуда, хулосаи хешро баён месозанд. Яъне мо ба ин тариқ то ҳадде мушкили норасоии мутахассисони рентгенологро ҳал кардаем. Бо ҷарроҳони номии ҷумҳурӣ низ ҳамкорӣ дорем ва аз маслиҳату машварати онҳо ҳамеша бархурдорем, - иброз намуд сардухтур.

Бино ба маълумоти З. Ҷаҳонгирзода, ташхис ва табобат дар Маркази ташхисию табобатии «Оишаи Шаҳритус» барои беморон дастрас буда, то 50 – 100 сомонӣ маблағи беморро сарфа менамояд.

Агар шаҳрванд барои анҷом додани таш- хис ба шаҳрҳои Бохтар ва Душанбе рӯ орад, хароҷоте, ки дар роҳ мекунад, метавонад ба ин маблағ ташхисро дар Марказ анҷом диҳад. Ба ин роҳ, маблағи сокинони ноҳия ва ноҳияҳои ҳамшафати он сарфа мегардад, - изҳор намуд табиб.

Бояд гуфт, ки муассисаи мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфтааст.

P.S. Барои аксгирӣ дурбинро аз дур сӯи шифохона рост мекунам ва эҳсоси гуворои ифтихор маро мепечад, ки боз як гӯшаи дурдасти Меҳани азиз чунин ободу ороставу пероста гаштааст. Бай- ти «Ҳар кӣ обод кард як саҳрои ноободро, Ҳар ниҳол аз ҳиммати ӯ ёдгорӣ мешавад» маро ёд меояд. Дар ин маврид метавон гуфт, ки аз бораҳои бунёднамудаи соҳибкорони ватандӯст насли оянда мероси гаронмоя бардошта, дар ҳифзи сиҳатӣ даҳсолаҳо баҳраманд хоҳанд гашт.

Ситора АШӮРОВА,

Душанбе – Шаҳритус – Душанбе

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон