БОЙГОНӢ

«    Октябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

«Духтури хуб, дасти сабук дорад…»

Тандурустӣ / Слайдер

Дар миёни садҳо чеҳра ӯро ба хубӣ метавон шинохт. Табассум мудом дар лабонаш гул мекунад, гуфтораш ором, ботамкин, ба беморон бо меҳр маслиҳат медиҳад. Номи ӯро ҳамчун табибзани шифокору инсонпарвар бо эҳтиром ба забон мегиранд. Ба дастони дармонбахшаш эътимоду бовар доранд. Аз ин рӯ, паси дари ҳуҷраи кориаш беморони зиёде навбат мепоянд.

Барно Абдуллоева зодаи ноҳияи Шаҳристон аст. Ӯ соли 2003 МТМУ №1-уми ба номи Камоли Хуҷандиро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, бо донишу истеъдоди худ соҳиби Квотаи президентӣ гашт. Чун ноҳия ба мутахассисони соҳаи тиб ниёзи бештар дошт, Барно ба факултети умумитиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуд.

Солҳои донишҷӯӣ дар таҳсилу чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъол буд. Барои духтарони ҳамдарсаш, инчунин, бонувони Донишгоҳ намунаи ибрат буд. Онҳое, ки дар Маркази таълимии «Сарвар» бо Барно зиндагӣ карданд, хуб медонанд, ки ӯ дар Муассиса ҳамчун табиби мушфиқ шинохта шуда буд, зеро ҳар гоҳе, нафаре худро ноҷур эҳсос мекард, Барно дар паҳлуяш рост буду ба дардаш дармон мебахшид.

Соли 2011, баъди хатми Донишгоҳ ва интернатура аз рӯйи ихтисоси табиби оилавӣ ҳамчун бонуи соҳибтахассус бо сари баланд ба зодгоҳаш баргашт ва дар Маркази саломатии ноҳияи Шаҳристон фаъолиятро оғоз бахшид ва то имрӯз дар ҳамин Марказ дар хизмати мардум қарор дорад.

Барои омӯхтани навгониҳои соҳаи тиб Барно Абдуллоева солҳои 2018–2019 курси бозомӯзиро аз рӯйи ихтисоси ташхисгари фаросадо дар Донишгоҳи баъдидипломии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино ба анҷом расонда, дар баробари сармутахассиси табибони оилавӣ будан, дар КАТС-и ноҳия масъули ташхисгари фаросадо пайи хизмати беморон аст. Дар ниҳоди ӯ меҳру шафқат, донишу масъулият пайванд гардида, табиберо оростаанд, кимардум бо боварӣ сӯйи ҳуҷраи кориаш мешитобанд. Ба шеваи кораш дида дӯхта, метавон гуфт, ки Барно аз он занони тоҷик аст, ки чун фарзанди вафодору хоксор ва сарсупурдаи кору масъулияти хеш ҳамеша пайи дармони маризон камари ҳиммат бастааст.

               Баъзан бо як табассум ҳам дарди беморро метавон дармон бахшид. Бо шунидани сухани нарм умеде дар дилҳо рӯй мезанад. Бемор табибро дармонбахши дарди худ медонаду бо умед дари моро мекӯбад. Албатта, масъулияти ҷонии мост, ки дардмандонро руҳану ҷисман табобат намоем, - мегӯяд ин табиби ҳозиқ ва меафзояд: -Нақши ташхисгар дар муайян кардани бемориҳои занона хеле муҳим аст. Бо истифодаи усулҳои муосири ташхис ва санҷишҳои лабораторӣ, метавон бемориҳоро дар марҳалаҳои аввали рушд пайдо кард ва сари вақт табобат намуд. Барои ин, занон бояд мунтазам аз ташхис гузаранд ва маслиҳати духтуронро бигиранд ва саломатии худро таҳти назорат қарор диҳанд. 

 

Фаъолияти табиби ҳозиқ танҳо бо соҳаи тиб маҳдуд намемонад. Барно Абдуллоева аз соли 2020 то 2025 ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳристон фаъолият намуда, миёни мардум чун шахси кордону мушкилкушо шинохта шуд ва дар ин давра бисёр масъалаҳои иҷтимоиро ба нафъи интихобкунандагон ҳал кард. Ӯ ҳамеша дар ҳалли масъалаҳои маориф, беҳдошти тандурустӣ ва рушди маҳал талош меварзид ва дар ҷашну маросимҳо, чорабиниҳои идона, ҳашарҳо миёни мардум буд. Гоҳе вақт Барно дастгоҳи фаросадои худро гирифта, ба деҳа мераваду хоҳишмандонро ройгон ташхис мекунад, инро ӯ барои худ қарзи инсонӣ медонад.

Дар баробари фаъолияти касбӣ, Барно дар хона модари меҳрубон ва ҳамсари садоқатманд аст. Бо шавҳари мушфиқаш се писарро тарбия мекунад. Оилаи онҳо намунаи ибрат дар маҳал аст, ки пойдевори он аз ҳамдигарфаҳмӣ ва муҳаббати самимӣ сарчашма мегирад.

 Вақте ӯ моро дар коргоҳаш роҳнамоӣ мекард, сари ҳар қадам нафаре Барноро салом медоду ҳол мепурсид. Ҳамкорону дардмандон бо ҳам мегуфтанд: «Барно, духтури хуб аст, муомилааш нағз, дасти сабук дорад…»

-Квотаи президентӣ на  танҳо барои соҳиби таҳсилоти олӣ шудан, балки барои рушди шахсӣ ва касбии духтарон аҳамияти калон дорад. Ин иқдом шароит фароҳам овард, ки саводнокии бонувон дар минтақаҳои дурдасти кишвар низ афзоиш ёбад, духтарони оилаҳои ниёзманд ба таҳсилоти олӣ дастрасӣ дошта бошанд. Бештари духтароне, ки таҳсилро тавассути Квотаи президенӣ анҷом додаанд, имрӯз дар гӯшаҳои дурдасти кишвар фаъолият доранду аз хеш розиянд. Ман ҳамчун ҷавони саодатманди диёр аз ин имтиёз баҳра гирифтам ва имрӯз соҳибтахассусам. Замони донишҷӯйӣ бо стипендия ва хобгоҳ таъмин будам ва дастгириҳои зиёдеро барои рушди шахсии хеш эҳсос мекардам. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо имрӯз содиқона ба халқу Ватанам хидмат карда истодаам,- изҳор медорад бо қаноатмандӣ Барно Абдуллоева.

Даврони соҳибистиқлолӣ дар назди занону духтарон рисолати пурмасъулияти ватандорию ватансозиро пеш гузошт. Ин рисолати муҳими таърихӣ тақозо менамояд, ки онҳо бо тарбияи насли худогоҳу худшинос қарзи фарзандии худро дар назди Ватан-Модар содиқона адо намоянд.

                                     Фарзона ВОСЕЕВА,

                             Душанбе - Шаҳристон -Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_10_2025_small.pdf [3.88 Mb] (зеркашиҳо: 2)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон