БОЙГОНӢ

«    Сентябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

МУҲАББАТИ МОДАР

Варзиш

Маҳз дӯстдорӣ, эҳсоси наҷиб ва эътиқоди Одесса Греди Клей ба писараш Муҳаммад Алӣ буд, ки ӯ  ба қаҳрамони ҷаҳонии бокс табдил ёбад. Модар муваффақиятҳои писарро бо шавқу рағбат  пайгирӣ намуда, ӯро ба беҳтарин варзишгар шудан ташвиқ мекард ва ба пайваста тамрин  кардан водор менамуд. Ин зани қавиирода ба хотири ояндаи неки фарзандонаш мушкилиҳои зиёдеро пушти сар гузоштааст. Беэътиноии шавҳар, нажодпарастии ҳамватанон, кори каммузд натавонист руҳияи ӯро бишканад. Муҳаммад Алӣ суботкорӣ, устуворӣ, руҳияи шикастнопазирро ҳам дар варзиш ва ҳам дар зиндагӣ маҳз аз модар омӯхтааст.  Модар барои ӯ мураббии ҳаёт маҳсуб меёфт.  Писар агарчи дар ҳама самт фаъол буд,  модар намедонист, ки истеъдоди писарро ба кадоме аз онҳо равона созад. Тасмими муштзан шудан тасодуфӣ буд.

         Рӯзе Муҳаммад аз кӯча нолон назди модар омад ва гуфт, ки дучархаи  туҳфакардаашро дуздиданд. “Агар дуздро дастгир кунам,  латукӯб мекунам” - гуфт Муҳаммад.  “Муҳим он аст, ки сиҳату саломатӣ, барои чизи аз дастрафта набояд ғам хӯрд. Мубориз бурданро омӯз. Аммо фаромӯш накун, ки мубориза бояд одилона бошад. Рақиби ба худ баробарро баргузину аз чизе наҳарос”, - гуфт модар. Ҳамин тавр Муҳаммад қарор дод, ки ба тамрини   муштзанӣ пардозад.  

          Муҳаммад Алӣ чемпиони секаратаи ҷаҳон ва чемпиони Олимпӣ ба шумор рафта, 17 январи соли 1942 дар Луисвиллеи штати Кентуккии ИМА дар оилаи рассом Кассиус Клей ва Одесса Грейди Клей ба дунё омадааст. Онҳо аз табааи миёнаҳоли сияҳпӯстони Амрикои Ҷанубӣ буданд, ки нисбат ба оилаҳои сафедпӯстон камбизоат ба шумор мерафтанд.

Муштзани машҳури ҷаҳон Муҳаммад Алӣ (Кассиус Клей) ҳамеша боварӣ дошт, ки модар пуштибон ва такягоҳи асосии ӯ дар зиндагист. Одесса барои ба по хезондани фарзандони хурдсол муддате тамизсози хонаҳо ҳам буд. Зан пешбурди оиларо вазифаи худ медонист, зеро наметавонист ба ҳамсараш такя намояд, вай дар тарбияи фарзандон ширкат намеварзид ва ҳеҷ ташаббусе нишон намедод.

Бо дастгирии модар Муҳаммад ба муштзанӣ, ки кори на саҳл буд, дил баст ва бо шавқу ҳавас онро пайгирӣ мекард. Оне, ки ӯро ба варзишгари беҳтарин шудан ташвиқ мекард, маҳз модар буд. Модар пайваста мегуфт, ки новобаста аз миллату нажод ва эътиқоди динӣ  бо ҳама бо эҳтиром муносибат намояд. Аз ин рӯ, Муҳаммад Алӣ то охири ҳаёт  дар мавқеи худ устувор буд. Ин қаҳрамони ҷаҳонӣ шуҳрати худро ба мақсадҳои нек истифода мебурд. Ба мактабҳо ёрӣ мерасонд, бачагони беморро ҳавасманд ва руҳбаланд карда, дар чорабиниҳои гуногуни хайриявӣ ширкат меварзид.

Одесса Клей писарашро дар тули фаъолияти касбӣ дастгирӣ менамуд. Бо шарофати дастгириҳои модар Муҳаммад Алӣ ба варзишгари машҳури ҷаҳонӣ табдил ёфт. Модар дар  сафарҳояш писарашро ҳамроҳӣ намуда, вазъи  саломатӣ ва ғизои ӯро ҳамеша  назорат мекард. Яъне, дар ҳаёти фарзанд муррабии асосӣ ба шумор мерафт.

Муҳаммад Алӣ чемпиони Бозиҳои XVII тобистонаи олимпии соли 1960 дар вазни сабук, чемпиони мутлақи ҷаҳон оид ба вазн (1964-1966, 1974-1978). Барандаи унвони “Муштзани сол” (6 маротиба - 1963, 1966, 1972,  1974, 1975, 1978) ва “Муштзани даҳсола” (1960), соли (1974) ҷоизаи “Варзишгари сол”-ро гирифта, ҳамчун “Варзишгари аср” эътироф гардид. 

Муҳаммад Алӣ модарро ҳамеша васфу ситоиш карда, ӯро фариштаи ҳаёти худ  медонист. 

 

Таҳияи М. БАЛАҶОНОВА

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон