Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Сирри дарозумрӣ
ЗебоӣСабаби асосии дарозумриро олимон дар беҳбудииҷисм ва рӯҳ арзёбӣменамоянд. Баланд бардоштани давомнокии умр дар интихоби тарзи ҳаётисолим, мувозинати мутаносиби кор ва истироҳат, ғизоисолимва машғулиятҳоиҷолиб дониста мешавад.
Барои баданро солим нигоҳдоштан либоси бароҳат ва пойафзоли аз маводи табиӣ сохташуда пӯшидан лозим аст. Аз бекорӣ ва аз ҳад зиёд коркардан худдорӣ намуда, ҳангоми хоб дараҷаи гармӣ набояд аз 18 боло ва ҷойи хоб кати сахту ҳамвор бошад.
Марҷумак (гречка), равғани зайтун, донаи каду, чормағз, моҳӣ ва дигар ғизои баҳрӣ, чойи кабуд, маҳсулоти ширӣ, сабзавоту кабудиҳо беҳтарин анво барои умри тулонӣ ҳисоб мешавад.
Хоби хуб, даст кашидан аз тамоку, фаъолияти ҷисмонӣ, нӯшидани оби тоза, истеъмоли ками хӯрокҳои равғанин ва шакару намаки зиёд умри шуморо зиёд мекунад.
Фарбеҳӣ аз истеъмоли ғизои нодуруст аст, ки боиси зиёд шудани холестирин дархун мегардад. Дар сурати паст будани фаъолияти ҷисмонӣ ва тамокукашӣ умри одам коҳиш меёбад.
Кӯшиш намоед,то зиёдтар маҳсулоти ғалладонагӣ, сабзавот ва мева истеъмол кунед. Аз нӯшокиҳои газдор худдорӣ намоед. Ҳар рӯз худро ба коре андармон карда, бештар дар ҳавои тоза сайру гашт намоед. Кроссворд ҳалнамоед вабо одамон бештар муошират кунед.
Ханда коридил, шуш ва мушакҳоро мустаҳкам мекунад. Он гардиши хунро мунтазам намуда, ба ором кардани мушакҳокӯмакмекунад.
Сабзӣ, каду, қаламфури булғорӣ, помидор ва дигар сабзавоти рангашон сурх ва норанҷӣ метавонанд равандипиршавиро суст кунанд. Онҳо дорои моддаҳои муфид мебошанд, ки қабати болоии пӯстро азхушк шудан пешгирӣ мекунанд.
Аксари ҷопониҳо то синни пиронсолӣ умр дида, зиёда аз 20 000 нафарашон аз 100 гузаштаанд. Давомнокии умр дар Ҷопон барои мардон ва ҳам барои занон баландтарин дар ҷаҳон шумурда мешавад.
Мадина
Мубодила:
Шарҳҳо
