Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Хушбахтӣ
ЗебоӣХушбахтӣ сарвати бебаҳо буда, онро бояд азиз ва қадр намоем. Хушҳолӣ ба мо қувваю илҳом бахшида, боиси боз ба комёбиҳои нав ба нав ноил гардиданамон мешавад. Эҳсоси хушбахтӣ дар ҳар як лаҳзаи зиндагӣ ҷаҳони моро боз ҳам равшантару рангинтар месозад.
Инсонро эҳсоси дӯст доштан, кори ҷолиб ва сафар хушбахт мекунад. Ҳамчунин аз дидани ҳар як зебоии гирду атроф инсон метавонад хушбахт шавад. Рӯзи нави расида низ метавонад инсонро хушбахт карда, ба табассум моил намояд. Хушбахт будан дар дӯстдории наздикону ёру дӯстон таҷассум ёфта, дар шодиву ғами онҳо шарик будан аст. Нафарони хушбахт ҳеҷ гоҳ худро бо дигарон муқоиса наменамоянд. Дар ҳама пастиву баландии зиндагӣ паҳлуи мусбатро ёфта, ба беҳтарин рӯз умед мебанданд. Хушбахтӣ эҳсосест, ки инсон онро дар вуҷудаш ҳис менамояд. Барои хушбахт будан сарватманд шудан ҳатмӣ нест.
Хушбахтии занон аз ҳар як лаҳзаи зиндагӣ иборат аст. Занон хушбахтиро ҷустуҷӯ намекунанд, зеро хушбахтӣ дар ниҳоди ҳар як зан ҷойгир аст. Занон аз одитарин чиз, аз сабзаи шукуфони баҳорӣ, аз тулӯи офтоб, ё ҳатто аз садои борон низ метавонанд хушбахт шаванд. Занон барои хушбахт шудан, пеш аз ҳама бояд худро дӯст дошта, қадрашонро донанд.
МАДИНА
Мубодила:
Шарҳҳо
