Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Гулпарварӣ
ЗебоӣДар шаҳр одамон бештари вақтро дар хона мегузаронанд. Зиндагӣ дар чунин муҳит осори манфии эҳсосӣ ва равониро ба вуҷуд меорад. Олимон тасдиқ кардаанд, ки тамос бо табиат саломатии рӯҳӣ ва ҷисмониро беҳтар мекунад. Аз ин рӯ, барои пайдо кардани роҳҳои иртибот бо табиат одамон имкон доранд, то муҳити худро бо наботот ва растаниҳои хонагӣ иҳота намоянд.
Пеш аз ҳама, гулҳо бо бӯи аҷиб, шаклҳои зебо ва рангҳои дилпазири худ рӯҳияи шахсро болида менамояд. Нигоҳубин ва муошират бо гулҳо одамро қаноатманд ва хушбахт мекунад.
Мавҷудияти гулҳо дар дохили ҳуҷра ё боғ ба саломатии ҷисмонии мо таъсири мусбат мерасонад. Онҳо метавонанд фишори хунро паст ва изтиробу асабониятро коҳиш дода, шахсро ботамкину бомулоҳиза намояд.
Муҳити бароҳати дохили манзил, ки ба воситаи гулҳо ба вуҷуд меояд, инсонро хушбахт мекунад. Бисёре аз растаниҳо таъсири оромкунанда ва мубориза бо бехобӣ ва асабониятро доро мебошанд.
Гулҳо пас аз рӯзи мушкили корӣ барои хастагӣ ва хашмгиниро рафъ кардан ёрӣ расонда, рӯҳияи шахсро беҳтар месозанд. Гулҳо ва растаниҳои хонагӣ манбаи асосии оксиген низ ҳисоб меёбанд. Онҳо метавонанд бо баровардани накҳати гуворо ҳавои манзилро беҳтар кунанд. Бисёре аз растаниҳо токсинҳо ва моддаҳои зарароваре, ки мебел ва маводи ороишии замонавӣ хориҷ мекунанд, қобилияти тоза карданашро доранд.
Баъзе гулҳо хосияти шифобахшӣ дошта, барои беҳтар кардани саломатии рӯҳӣ ва ҷисмонии инсон истифода мешаванд. Дард ва илтиҳобро рафъ намуда, гардиши хунро беҳтар ва тамоми ҷисми инсонро мустаҳкам мекунанд.
Таҳияи Мадина
Мубодила:
Шарҳҳо











