Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Модари асри XXI
Слайдер / СиёсатРисолату масъулияти занону бонувон боз ҳам бештар мешавад
Шояд барои хонандаи «Бонувони Тоҷикистон» аҷиб намояд, ки оё рисолату масъулияти модар ҳамеша ягона нест?
Дуруст, ин воқеият аст, ки пас аз Худованд, Зан-Модар дуюмин Офаридгор дар рӯи Замин мебошад. Яъне, рисолати Зан – Модар барои ҳамагон маълум аст: идомадиҳандаи насл, тарбиятгар, аввалин мураббӣ ва омӯзгор, ки ба фарзанд роҳ рафтан, сухан гуфтан, ғизо хӯрдан ва тамоми ҳаракатҳоро меомӯзонад.
Инро ҳам медонем, ки ҳеҷ боғчаву мактаб, ҳеҷ донишкадаву донишгоҳ ва ҳеҷ академияи бузурги ҷаҳон мисли мактаби зиндагии модар барои фарзанд таъсиргузор нест. Ҳар фарзанд аз аллаи ширини модар забони миллӣ, аз панди накуи ӯ асолату ғурури миллӣ, шарафу ҳувияти миллӣ ва инсони комил буданро меомӯзад.
Ҳамзамон, таърихи башарият собит намудааст, ки Зан - Модар аз азал дар баробари ба тарбияи фарзанд ва оила машғул будан, бо неруи тавонояш баҳри пешрафти ҷомеа ва таъмини музаффариятҳо, бозсозиҳои иҷтимоӣ, маданӣ, ободкориҳои бузурги таърихӣ ҷидду ҷаҳд менамояд.
Дар назардошт бо ин, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид зикр кардаанд: «Вақте ки мо як писарро тарбия мекунем, мо як мардро ба воя мерасонем, аммо вақте ки мо духтарро ба камол мерасонем, миллат ба камол мерасад. Зан-Модар офаранда ва тарбияткунандаи авлоди башар аст, ки ҳаёт ва неъматҳои бузурги он - озодӣ, сулҳ, оромӣ ва осудагиро ҳамеша қадр менамояд».
Барои ҳамин мегӯянд, ҷомеае, ки ба Зан - Модар ғамхорӣ мекунад, ба ояндаи худ ғамхорӣ менамояд. Бештар аз ин, занону модарон ойинаи чеҳранамои миллат буда, маҳз ба воситаи онҳо ба фарҳангу маърифати ҳар қавм баҳо медиҳанд. Ба вижа дар садсолаи XXI, ки ҷаҳони зуд тағйирёбандаро дар худ ғунҷондааст, рисолати занону модарон ҳамчун ҳифзкунандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ хеле барҷаста аст.
Рисолату масъулияти модар будан дар замони нав чандпаҳлу аст. Аз як ҷиҳат бояд арзишҳои таъриху фарҳанги миллиро дар ниҳоди кӯдаконашон ҷо диҳанд ва аз сӯи дигар мебояд онҳоро дар руҳияи навҷӯиву ҳамқадами замон будан тарбия намоянд. Махсусан тарбияи хосаи духтарон дар замони нав муҳим аст, зеро мо ба воситаи онҳо бояд анъанаву фарҳанги миллии худро ба наслҳои баъдӣ ба мерос гузорем.
Талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз намудани анъанаҳои миллӣ ва дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф шудани онҳо барои ҳамин аст. Бубинед, ки чи қадар анъанаву мероси таърихиву фарҳанги тоҷикон маҳз бо пешниҳоди Пешвои миллат дар ЮНЕСКО қабул шуда, манзури мардуми сайёра гардид.
Ғайр аз ин, дар Тоҷикистон аз рӯи пешниҳод, машварату маслиҳатҳои Президенти Тоҷикистон озмун ва иқдомҳои зиёд баргузор мешаванд, ки анъана, урфу одат, сарулибос ва ғизоҳои миллии моро ба наслҳои нав муаррифӣ намуда, ба ҳифз шудани онҳо замина мегузоранд.
Сарвари давлат зимни суханронии хеш басо хуш зикр намуданд: «Ин аст, ки дар ҳамаи суханрониҳои худ ман ба неруи занону модарон ва ҷавондухтарон такя карда, онҳоро борҳо «нигини пурҷилои тоҷи миллат» гуфтаам».
Ин ҳама талошҳо чӣ паём доранд?
Тавре донишманди номвари Рими Қадим Ситсерон гуфта буд: «Таърихро надонистан ҳамеша чун кӯдак боқӣ мондан аст». Аз ин рӯ, ояндаи дурахшон ва бахту иқболи ҳар як фард ва дар умум, миллат ба ҳофизаи таърихӣ вобастагӣ дорад. Бедории ҳофизаи таърихӣ, нисбат ба гузаштаи аҷдодамон ҳурмату эҳтиром ба ҷо овардан, анъанаву расму оини миллиро фаромӯш накардан мавқеи маънавиву ахлоқии ҳар як фарди ҷомеа, хусусан, ҷавононро муайян мекунад. Ин мавқеъ чи қадар баланд бошад, ҳамон қадар рушду тараққиёти миллӣ пеш меравад…
Фаромӯш набояд кард, ки дунёи нав рӯ ба ҷаҳонишавӣ дорад ва роҳи гурез аз таъсири он нест. Вале талош кардан барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, асолати миллӣ ва арзишҳои волои ниёгон ин қарзи ватандории ҳар қавму миллат аст. Бо ҳамин сабаб, давлатҳои миллии ҷаҳони муосир ҷустуҷӯи роҳу воситаҳоеро мақсади худ қарор додаанд, ки ба мутобиқшавии шаклу мундариҷаи давлатҳои онҳо ба талаботи ҷаҳонишавӣ мусоидат карда тавонанд.
Дар назардошт бо ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки имрӯз арзишҳои миллӣ, фарҳанги миллӣ ва дигар хусусиятҳои зеҳнию равонии миллӣ ба дастгирии ҷиддии давлат ниёз доранд: «Зеро дар сурати заиф шудани ин арзишҳои миллӣ ваҳдати миллӣ рахна ёфта, пояҳои давлатдорӣ ва суботу амнияти миллӣ суст мегарданд».
Пас, то куҷо метавон гуфт, ки феълан занону модарон ин рисолати худро ҳамчун меросбари фарҳангу таърихи миллат амиқан дарк мекунанд? Оё онҳо медонанд, ки вақте гуфта мешавад: «Акнун дунё мисли пешина нахоҳад буд», масъулият маҳз ба занону модарон меафтад?
Бубинед, 21-уми феврал дар дунё ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҷлил мегардад. Созмони Милали Муттаҳид дар ин рӯзи соли равон бо таассуф эълон намуд, ки ҳар дуюмин ҳафта дар дунё як забон аз байн меравад. Ин чунин маъно дорад, ки як мероси арзишманди башарӣ нобуд мешавад. Аз рӯи маълумоти ЮНЕСКО аз 8324 забони боқимондаи дунё танҳо 7000-и он фаъол асту бас. Забонҳои фазосоз бошанд, дар асри фановариҳои навин аз сад бештар нестанд. Дар асри ҷаҳонишавӣ ва фановариҳои рақамӣ ин омори бисёр фикрзост ва моро водор месозад, ки сари воқеиятҳои худ бештар дар фикр бошем. Аз ҷумла, дар мавриди рисолати модарӣ ва тарбияи фарзандон дар руҳияи миллӣ…
Дар маҷмуъ, воқеиятҳои имрӯз исбот мекунанд, ки феълан нақшу ҷойгоҳи модарон дигар шудааст. Агар пештар занону модарон аслан одамони хонашине буданд, ки танҳо корҳои рӯзгорро анҷом медоданд, акнун онҳо бояд аз уҳдаи тақрибан ҳама кор бароянд. Зимнан, вақтҳои пеш ҳам, маҳз фарзандони модароне ҳушманду доно ба воя мерасиданд, ки худашон саводи амиқ доштанд ва ин саводро ба фарзандон таълим дода метавонистанд.
Хулоса, акнун модари муваффақ онест, ки ғайр аз ғамхорӣ дар ҳаққи оила ва фарзандон, ҳамчунин рушди шахсии худро фаромӯш намекунад. Ӯ бояд таҳсилдида бошад, кор кунад, тиҷорат дошта бошад ва дар маҷмуъ, зарфиятҳои худро дар амал татбиқ намояд. Зеро ин ҳама ба кӯдакони модар ҳатман ангезаи мусбат медиҳад, онҳоро ба омӯзиш, навоварӣ водор менамояд.
Нуктаи дигари муҳим ин аст, ки фарзанд дар сурати волидон бояд дӯсту рафиқи худро бинад.
Оре, дар гузашта падару модарро ҳамчун одами сахтгире тасвир мекарданд, ки масалан мушт ба рӯи миз зада, ё бо қавоқи гирифта ба фарзанди худ чизеро фармон медиҳад. Акнун чунин муносибат натиҷаи баръакс медиҳад. Зеро кӯдаку наврас маҷбур мешавад дӯсту рафиқи худро аз ҷойи дигар ҷустуҷӯ ва пайдо намояд. Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ бошанд, дар чунин ҳолат онҳоро метавонанд бо одамони начандон хуб ва ё хеле бад наздик намояд. Пас, эҷод кардан ва баргузор намудани нишастҳои маънидор қаробати падару модар ва фарзандонро бештар хоҳад кард, ки ин дар шаклгирии онҳо ва баҳо доданашон ба рухдодҳои атроф хеле муҳим аст.
Ҳоло дар тамоми дунё ба кӯдакон аз хурдсолӣ ҳамчун шахсият муносибат мекунанд. Дар натиҷа тифл аз овони хурдӣ худро «одами даркорӣ» мебинад, ки ин барои мустақилияти ӯ таъсири амиқ мегузорад. Одами мустақил ҳамеша қотеъ ва дар ақида устувор аст, ки чунин одамон ҳеҷ гоҳ ба доми фиребу фитна намеафтанд. Эҳсоси миллӣ ва ватандӯстии ин гуна кӯдакон низ хеле баланд хоҳад буд.
Дар ин раванд, модар дар шаклгирӣ ва инкишофи фардии инсонҳо нақши аввалиндараҷа дорад. Маҳз қаҳрамониҳои фарзандони модарони қаҳрамони тоҷик буд, ки имрӯз мо Тоҷикистон дорем ва миллате бо номи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст. Дили қавиву руҳи тавонои Модар, ки бо саводу фаросати хос муҷаҳҳаз аст, барои ин хеле мусоид омад.
Мутмаинем ин маъниро модарони азиз ба дурустӣ дарк месозанд ва мефаҳманд, ки ҳадаф аз ин гуфтанҳои рисолату масъулияти нави модар чист?
ОДИНАЗОДА Шоҳона Сулаймон
Мубодила:
Шарҳҳо
