БОЙГОНӢ

«    Сентябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Муборизони сулҳ

Слайдер / Сиёсат

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар гоҳе дар бораи барқарорсозии Ҳукумати конститутсионӣ, истиқрори сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон суҳбат мекунанд, ҳамеша бо муҳаббати хосса изҳор медоранд, ки яке аз сабабҳои зуд муваффақ шудани Ҳукумат ба музаффариятҳо маҳз дастгириву кумаки занону духтарон ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки ба нақш ва мавқеи муҳими бонувон дар роҳи ба даст овардани сулҳу оромии ҷомеа баҳои баланд медиҳанд.

Ин нуктаро дар арафаи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон, ҳангоми иштирокашон дар Анҷумани сеюми иттиҳодияҳои занон ва созмонҳои ғайриҳукуматии занони ҷумҳурӣ, ки дар таърихи 26-уми апрели соли 1997 баргузор шуда буд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мисолҳои мушаххас чунин ифода карда буданд:

Дар лаҳзаҳои сӯзони муқовимат занони тоҷик бе тарсу ҳарос байни тарафҳои даргир даромада, бо панду насиҳат ва суханони пурмеҳру самимӣ оташи ҷаҳлу ғазабро хомӯш менамуданд. Аз оғози гуфтушунидҳо бо мухолифин, ҳарчанд ин мулоқотҳо фарсахҳо дур аз сарзаминамон доир мешуданд, занони тоҷик бо муроҷиатнома, мактуб ва барқияҳои худ иштирокчиёни музокиротро ба ҳамдигарфаҳмӣ, созиш, гузашт ва муросо даъват менамуданд.

Муқовимати сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон он солҳо дар ҳақиқат он қадар сахту бераҳмона буд, ки занону модаронро ҳам бетараф нагузошт. Хуб дар хотир дорем, ки ҳатто бонувон ба даст яроқ гирифта, он шабу рӯзҳо ба муқобили зулму ситам бархоста буданд.

Пештар аз майдони ҷанг, бонувон дар минбарҳои сиёсиву идеологӣ низ ҷуръати зиёд нишон медоданд. Махсусан дар баҳсҳои сахти сиёсӣ, ки дар Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирифтанд, вакилони воқеан мардумӣ Адолат Раҳмонова, Рафиқа Мӯсоева, Қимат Рустамова, Валентина Абдусамадова ва дигарон мавқеи қонун ва адолатро ҳимоя мекарданд. Албатта, ба ин занони ҷасур низ таҳдидҳо сурат мегирифтанд, вале онҳо на танҳо худашон заррае тарс надоштанд, балки ба мардум ҷасорати бештар мебахшиданд, имкон медоданд, ки фикру мулоҳизаҳои хешро бобати масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ иброз доранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр кардаанд, ки вақти ташкили Ҳукумат на ҳама ҷуръати кор кардан ва на ҳама ба умри тулонии Ҳукумат бовар дошт. Омор нишон медиҳад, ки маҳз дар он давра Ҳукумат шумораи зиёди бонувонро ба кори роҳбарӣ ҷалб намуд. Аз ҷумла, Гулафзо Савриддинова, Адолат Раҳмонова Мунира Иноятова, Зууракан Давлаталиева, Бозгул Додхудоева, Адолат Узоқова ва дигарон масъулиятҳои муҳими давлатиро дар ҳамин давра иҷро кардаанд.

 

Дар он давраи сангин бонувони пурғайрат на танҳо роҳбарии ин ё он ниҳодро иҷро мекарданд, балки шаҳр ба шаҳру деҳа ба деҳа гашта, бо мардум вохӯрда, мақсаду мароми Ҳукуматро ба одамон мефаҳмонданд. Яъне, мубаллиғони асосии Ҳукумат маҳз занон буданд. Дар ин радиф, ба онҳо насли калонсолтари бонувони ҷамоатчӣ Низорамо Зарифова, Ибодат Раҳимова ва чанде дигар машваратҳои худро дареғ намедоштанд.

Маҳз дар ҳамин давра тақрибан дар ҳамаи маҳалҳои Тоҷикистон Шурои машваратии занон барқарор гардид ва зимни вохӯриҳо бо занону духтарон масъалаҳои муҳими замонро баррасӣ кардаанд, ба занон роҳҳои пуртаъсири пешгирӣ аз ҷангу хушунатро омӯзонданд. Ба воситаи ин Шуро занҳои машҳури кишвар, чун Энаҷон Бойматова, Зулайхо Қаландарова, Суфро Боқиева, ки дар байни халқ маҳбубияти зиёд доштанд, маҳфилҳо ташкил намуда, мардумро ба дастгирии Ҳукумати нав даъвату таблиғ мекарданд.

Як паҳлуи дигари саҳмгузории занону модарон дар барқарориву таҳкими сулҳу ваҳдат ва оромии Тоҷикистон иштироки онҳо дар барномаи машҳури «Хоки Ватан»-и Радиои Тоҷикистон аст. Маҳз суханҳои дилсӯзонаву меҳрбор, рубоиву дубайтиҳои эҷодкардаи онҳо барои бозгашти ҳамватанони зиёди гуреза аз Афғонистон ва кишварҳои дигар мусоидат намуд.

Таври маълум, аввал занон гурезагиро тарк кардаву ба Ватан баргаштанд, аммо дар ноҳияҳои ҷангзада аз хонаву дар ва чизу чораашон нишоне набуд, мактабу беморхонаҳо ҳам валангор ва корношоям гардида буданд. Сабру шукргузории занону модарон рафъи ҳолатро хеле осон намуд. Зимнан, бонувони фаъоли ҷамъиятӣ ба ин деҳаҳо омада, аз мардум ёриву дастгирии худро дареғ надоштанд.

Ҳамчунин, аз кумаки бонувон, ҳангоми пеш омадани эпидемия дар навоҳии вилояти Кӯлоб (солҳои 1992–1993), исёни моҷароҷӯён дар Хуҷанду Истаравшанро (соли 1996) набояд фаромӯш кард. Дар таърихномаҳо навишта шудааст, ки барои пешгирӣ аз ташаннуҷи бештар дар шимоли мамлакат Ҳукумат гурӯҳи калони таблиғотиро, ки дар байнашон Ибодат Раҳимова, Низорамо Зарифова, Гулҷаҳон Бобосодиқова, Рафиқа Мӯсоева, Гулафзо Савриддинова буданд, ба ин вилоят фиристод ва онҳо хона ба хонаи мардум гашта, барои ба эътидол овардани вазъият муваффақ шуданд.

Ҳодисаи дар ВМКБ рухдодае дар ёд мондааст. Вақте Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади сулҳу салоҳ ба навоҳии Бадахшон рафтанд, зимни яке аз мулоқотҳо ҷавони мусаллаҳе мехост ба мошини Роҳбари давлат ҳамла намояд, аммо бонуи бадахшоние бо як дав пеши роҳи он ҷавони бадхоҳро гирифт…

Шаҳри Турсунзодаро он солҳо бону Адолат Узоқова роҳбарӣ мекард. Вазъияти шаҳр он қадар муташанниҷ буд, ки дар як шаб 12 нафар аз ҷониби неруҳои бадхоҳ ба қатл расонда шуд. Раиси шаҳр занонро даъват намуд ва онҳо машварат карданд, ки аз ин пас то замони хуб шудани вазъият хоб намераванд. Бо гулханафрӯзӣ навбатдориҳо ташкил карданд ва Адолат Узоқова шабона аз ҳолашон хабар мегирифт, ба онҳо ёрӣ мерасонд. Дар натиҷа, як ҳафта пас вазъияти шаҳри Турсунзода муқаррарӣ шуд.

Аз саҳми занон дар давраи фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ ҳам наметавон сарфи назар кард. Маҳз ҳузури ягона бону дар ҳайати кории ин комиссия – Бозгул Додхудоева баҳсу баррасиҳоро то ҷое коҳиш медод. Вагарна аксари ҳол имкон буд, ки ҷонибҳо ба таҳқири ҳамдигар даст зананд ва ҷараёни сулҳсозиро халалдор намоянд.

Пас аз раванди сулҳ дар сохтусози Тоҷикистони навин саҳми занон беназир аст. Дар назди Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Шурои занон оид ба таҳкими сулҳ ва сулҳоварӣ фаъолият менамуд, ки ба он бонувони сиёсатмадори собиқадор ва собиқ иштирокчиёни Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолзанон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, адибони номвар, ки солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногун бо масъулияти баланд хизмат намуда, дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат саҳми босазо гирифтаанд, шомил буданд.

Нуктаи дигари муҳимро роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат бо хабарнигорон зикр намуданд. Ҳанӯз 70 сол муқаддам, замоне, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ дар саросари мамлакат ҳукмрон буд, Кумитаи сулҳ ва ризояти миллии Тоҷикистон созмон ёфта буд, ки то кунун дар таҳкими сулҳу суботи мамлакат, таъмини амнияти мардум нақш ва мавқеи сазовор дошта, табақаҳои фаъоли ҷомеа, махсусан занону модарон ҷузъи ҷудонопазири ин созмон мебошанд. Саҳми занону модарон дар ба даст овардани сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдати комили миллӣ арзандаи тавсиф аст.

Воқеан ҳам, пойдории сулҳу субот, оромии ҷомеа ба иродаи мустаҳкам, дилу нияти пок, хираду заковат ва заҳматҳои пайвастаи занону модарон вобаста буда, тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи ватанпарастӣ, меҳнатдӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳифзи марзу буми Ватани ободу осуда вазифаи ҷонӣ ва муқаддаси занону модарони сулҳхоҳу сулҳпарвар аст.

«Бонувони Тоҷикистон»

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон