БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Некӣ кунӣ – некӣ бинӣ. Ё худ чӣ гуна некӣ бармегардад?

Аз ҳар боб

Оғози асри 20 чорвопарвари шотландие ба хона бармегашт. Вақте канори ботлоқ мегузашт, ногаҳ садои имдодҷӯёнаи касеро шунид. Он сӯ шитофту писаракеро дид, ки дар ҳоли ғарқшавист. Деҳқон чӯби ғафсеро шикаста, эҳтиёткорона сӯи писар дароз кард ва ӯро аз ботлоқ берун овард. Писараки ҳаросхӯрда меларзид, оби дидаҳо рӯяшро мешуст.

- Биё, ба хонаи ман равем, то ором ва гарм шавӣ, - гуфт деҳқон.

- На, маро падар интизор аст, аз дер омаданам шояд дар изтироб бошад, - посух дод писарак ва ба марди накукор миннатдорӣ намуду сӯи зистгоҳи хеш тозон шуд.

Сапедадам фойтуне баста ба аспҳои хушзот дами манзили чорвопарвар қарор кард. Аз фойтун марди хушлибосе берун омад ва пурсид:

- Дирӯз Шумо писари маро наҷод додед?

- Бале, - гуфт чорвопарвар.

- Бар ивази ин чӣ миқдор маблағ мехоҳед?

- Озурдахотирам накунед, оғо. Чизе лозим нест. Ман кореро кардам, ки бояд ҳар инсони солимақл мекард.

- На, наметавонам ин амалро бе подош гузорам, зеро фарзандам бароям бағоят азиз аст. Ҳар қадар маблағ меҳоҳед, омодаам, ки бидиҳам, - гуфт марди хушлибос.

- Намехоҳам дар ин бора дигар ҳарфе бишнавам, - гуфт чорвопарвар ва пушт тофту рафтанӣ шуд.

Ҳамин асно писараки чорвопарвар ба пешайвон баромад.

- Ин писари Шумост? – пурсид мард.

- Бале, - бо ифтихор сари писарро навозишкорона посух дод чорвопарвар.

- Биёед ин тавр кунем. Писари Шуморо бо худ ба Лондон бурда, таълимашро пардохт мекунам. Агар ӯ мисли падараш олиҳиммат бошад, на Шумо ва на ман аз ин қарор пушаймон нахоҳем шуд, - гуфт мард.

Чорвопарвар ризоият дод. Чанд сол сипарӣ шуду писари ӯ аввал мактаб, сипас Донишгоҳи тиббиро поён бурд ва бо кашфиёти хеш – ихтирои пенитсиллин (доруи зидди микробҳо) дар ҷаҳон маъруф гашт. Ӯро ном Александр Флеминг буд.

Пеш аз Ҷанги Дувуми Ҷаҳон дар яке аз шифохонаҳои Лондон писари ҳамон марди хушлибос бо нишонаҳои илтиҳоби музмини шушҳо бистарӣ гардид. Ӯро маҳз бо ёрии пенитсиллин – ихтирои Александр Флеминг аз марг наҷот доданд.

Исми марде, ки Александ Флемингро соҳибмаълумот кард, Рандолф Черчилл ва писари ду маротиба наҷотёфтаи ӯ Уинстон Черчилл буд, ки баъдан ба маснади сарвазири Англия расид.

Шояд маҳз ин воқеаҳоро Уинстон Черчилл ба ёд меовард, ки доимо мегуфт: «Некӣ кунӣ, рӯзе ҳатман некӣ мебинӣ!»         

         

  

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 11)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон