Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Мояи хушбахтӣ
ЧеҳраҳоЧанд сол қабл Муассисаи томактабии боғчаи № 1-уми ноҳияи Хуросон, бинои якошёнаи сохти шуравӣ, таъмирталаб буду аз норасоии синфхонаҳо на ҳама кӯдаконе, ки зодмандонашон хостори таълиму тарбияи онҳо дар кӯдакистон буданд, ба таълим фаро гирифта мешуданд.
Моҳи марти соли 2023 бо талошҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва як гурӯҳ волидони тарбиятгирандагон ва шарикони рушд барои қомат афрохтани ду бинои нави хуштарҳу замонавие дар саҳни кӯдакистон саҳм гузоштанд. Ду гурӯҳи иловагӣ, ҳар кадоме иборат аз ҳуҷраи дарсу бозӣ ва хоби кӯдакон аст. Муҳайё гардидани ошхонаи замонавӣ бо ҷиҳози муосир, ташноб, ҳуҷраи ҳамшираи шафқат бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ, ҳуҷраи кории мураббиён ва анҷомхона барои шароити мусоиди корӣ ва будубоши шоистаи ҳам таълимгирандагон ва ҳам мураббиёну кормандони муассиса муҳиму саривақтӣ гардид.
Директори муассиса Ҳабиба Кенҷаева тули 32 сол аст, ки дар масири таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ заҳмат мекашад ва хушҳол аст, ки бо бунёди бинои нав тавонистанд ҳафт нафар бону, аз ҷумла ду мураббӣ, ду доя ва як ҳамшираи шафқатро ба кор ҷалб намоянд.
Дар кӯдакистон 148 нафар кӯдаки аз яку ним то ҳафтсола ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Онҳо мувофиқи синну сол ба гурӯҳҳо тақсим шудаанд, ки ҳафт нафар мураббӣ мекӯшад бо маҳорати баланди педагогӣ донишу ҷаҳонбинии кӯдаконро васеъ созад.
Асосан, кӯдаконеро ба муассиса қабул мекунем, ки модарони онҳо ба корҳои гуногуни хоҷагии халқ масруфанд. Дар назар аст, ки бо зиёд шудани синфхонаҳо хоҳиши сокинонро низ ба ҷо орем.
Соли чаҳорум аст, ки дар муассиса омӯзиши забонҳои русиву англисиро ба роҳ мондаем. Аксари зодмандон хоҳиш менамоянд, ки барои баланд гардидани сатҳи забондонии фарзандонашон дарсҳои иловагӣ гузарем. Дар кӯдакистон ба тифлакон машғулиятҳои гуногун, аз ҷумла шиносоӣ бо адабиёти бадеӣ, инкишофи нутқ, расмкашӣ, тарбияи мусиқӣ, ҷисмонӣ, суробсозӣ, тасаввуроти одитарини математикӣ, ҳифзи табиат ва ғайра омӯзонда мешаванд, - иброз дошт Ҳабибабону.
Дар кӯдакистон то ин дам дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ аз ҷониби мураббиён гузаронда мешуд, хушбахтона, имсол омӯзгори алоҳида ба ин кор таъин гардидааст ва бачаҳо бо завқ ба обутоби бадан машғул мешаванд. Ғайр аз ин, бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани фаъолият аз моҳи сентябри соли равон ба муассиса равоншинос ва методист аз ҳисоби бонувон ба кор ҷалб шуданд. Барои баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорату малакаи касбӣ ҳар сесола мураббиён, ки ҳамагӣ дорои маълумоти олианд, дар шаҳри Бохтар аз курсҳои такмили ихтисос мегузаранд.
Дар озмуни «Мураббии сол», ки дар ноҳияи Данғара баргузор шуд, мураббиёни мо бо ҷойҳои фахрӣ қадр шуданд. Ғайр аз ин, дар чорабиниҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ фаъолона ширкат меварзанд, масалан, дар аксияи «Тоҷикона мепӯшем» мураббиён ҳамроҳ бо кӯдакон пироҳанҳои зебои миллиро ба бар карда, дар тарғиби анъанаҳои миллӣ саҳм мегузоранд ва дар зеҳни кӯдакон худшиносиву худогоҳиро бедор месозанд, - ироа намуд Ҳабибабону.
Тамоми чорабиниҳои дохили муассиса ва берун аз он, ҷаласаҳои гурӯҳӣ ва дарсҳои озоди кӯдакистон бидуни ширкати фаъолонаи ин бонуи ташаббускор доир намешаванд. Аз донишу малака ва таҷрибаи андӯхтаи хеш истифода бурда, ба мураббиён дар иҷрои фаъолияти педагогӣ ёрӣ мерасонад. Аёният, бозиҳои интерактивӣ, тартибдиҳӣ, суробсозӣ ва ба гурӯҳҳои хурди корӣ ҷудо кардани кӯдакон, баргузории мизи мудаввар, тасвир ва сохтани мавод тибқи мазмуни раванди таълиму тарбия аз зумраи онҳоянд.
Ҳабиба Кенҷаева аз замони мактабхонӣ мехост ба дунёи поку рангини тифлакон раҳ ёбаду бо меҳру муҳаббат ва тинати созандааш тарбиятгари насли наврас гардад. Бо ин мақсад озими таҳсил дар пойтахт шуд, аммо монеаҳои зиёде пешорӯи ӯ эҷод шуданд. Ақидаҳои шахшудае, ба монанди «духтари хондагӣ бадахлоқ мешавад»-ро зиёд мешуниду нигоҳҳои норозиёнаи атрофиёнро таҳаммул мекард, аммо ба қавли худ устувор монд. «Бояд хонаму исбот созам, ки андешаҳои мардум ботиланду духтарони таҳсилдида бартариҳо доранд», - мегуфт ӯ.
Ҳамин тариқ, Ҳабибабону соли 1986 Омӯзишгоҳи педагогии ба номи Н. К. Крупскаяи шаҳри Душанберо хатм намуд ва ҳамон сол фаъолиятро дар кӯдакистони мазкур ба роҳ монд. Лаёқату маҳорати ӯ аз мадди назар дур намонд ва дере нагузашта ӯро мудири кӯдакистон таъин намуданд. Аз соли 1998 тули се сол ҳамчун муовини раиси Ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳия фаъолият намуд. Аммо дилаш ҳамоно ба касби пуршарафи омӯзгорӣ банд буд ва худро бидуни кӯдакон натавонист тасаввур намояд.
Ба кӯдакистон баргашту олами рангини кӯдаконро рангинтар сохт. Ӯ бо хулқу атвори ҳамида, покизагии рӯзгор ва рафтори намунавӣ собит намуд, ки духтарони таҳсилдида метавонанд боиси сарфарозии волидону пайвандон бошанд. Бо ҷавоне аз ҳамсабақони мактабиаш оила барпо намуд ва инак, 36 сол аст, ки зиндагии шоиста доранд. Маҳз бо пофишориҳои ҳамсари дилогоҳаш, полковники милитсия, соли 2005 ба факултаи педагогика ва психологияи томактабии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шуду онро соли 2010 поён бурд.
Се фарзандро дар масири некахлоқӣ ва донишандӯзӣ тарбия намуданду маълумоти олӣ доданд. Писараш афсари корҳои дохилӣ ва духтаронаш дар Беморхонаи ноҳиявӣ ҳамчун ҳамшираи шафқат масъулият доранд.
Вақте кас дар оиладорӣ муваффақ мегардад, мехоҳад таҷрибаи ғании хешро ба ҷамъият расонаду барои дигарон судманд гардад. Хушбахтам, ки соли 2023 дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидам, - изҳор намуд Ҳабибабону.
Мояи хушбахтии ин бонуи заҳматписанд дар ҳалқаи кӯдакон будан ва хизмати содиқона ба Ватан аст.
Зиёд мехоҳам, ки гурӯҳҳои иловагӣ созмон ёбанду ҳамаи хоҳишмандонро ба таълиму тарбия фаро гирем. Дар нақша дорем, ки дар ҷойи бинои куҳна бинои дуошёнаи замонавӣ созем. Раиси ноҳияи Хуросон шахси серғайрату огоҳанд ва кореро, ки ба нақша гиранд, дер ё зуд ҳатман анҷом медиҳанд, - афзуд дар фарҷом Ҳабиба Кенҷаева.
Ситора АШӮРОВА,
Душанбе – Хуросон - Душанбе