Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ақли солим аз тани солим аст
ТандурустӣДармонгоҳҳои марказии тиббии то замони солҳои соҳибистиқлолӣ фаъолияткунанда дар кишвар, бо баробари пешрафти дигар соҳаҳо, ба имкону шароитҳои замони муосир мутобиқ гардонда шуда, ба шабакаҳои кумаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ (КАТС) тағйири ном карданд. - Ба қиёс аз даврони гузашта, кору вазифаҳои ин шабака имрӯз хеле фарох аст,- мегӯяд мусоҳиби ман, муовини муассисаи мазкур дар ноҳияи Шаҳринав Башорат Баротова. Ин бонуи роҳбар дар муассиса ҳамчун духтури момодоя садҳо зани корафтодаро дармон мебахшаду маслиҳату машварат медиҳад.
Шабакаҳои мазкур имрӯз фаъолияти нуқтаҳои тандурустии дар деҳот амалкунандаро ба танзим медароранд. Алҳол, бист адад марказҳои саломатӣ ва бист бунгоҳи саломатӣ тобеи Шабакаи кумаки аввалияи тиббӣ-санитарии ноҳия мебошад, ки якҷо бо маркази саломатии ноҳия 420 нафар корманди соҳавию техникиро дар худ муттаҳид кардааст. Аксари кормандони муассисаро бонувон ташкил медиҳанд ва аз шумори 288 нафар занҳои корманд, 28 нафар табиби маълумоти олидор мебошад. Соли 2024 ба муассиса як қатор таҷҳизоти наву ҳозиразамон ворид гардиданд, ки ҳам кори табибону ҳам мушкили мизоҷон осон гашт.
Башорат Баротова ёдовар шуд, ки соле пеш бо мақсади ташхиси як зумра бемориҳо мардумро зарур меомад, ки ба пойтахт ё шаҳри Турсунзода раванд. Акнун маризон на вақти зиёд сарф мекунанду на маблағи гарон, дур нарафта бемории худро дар ҳамин даргоҳ ташхис мекунанд. Сафи табибони соҳибмаълумотро ҷавонони болаёқати донишгоҳҳои тиббии ҷумҳурӣ ва хориҷиро хатм карда, сол ба сол пурра мекунанд. Аксари онҳо, бо вуҷуди ҷавонӣ, таҷрибаи хуби корӣ дошта, миёни мардум соҳибэҳтиром гардидаанд.
Бино ба гуфтаи Башоратбону солҳои охир таваҷҷуҳ ба соҳаи тандурустӣ хеле беҳтар шудааст ва ӯ, пеш аз ҳама, ин ҷо ғамхориҳои бесобиқаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мебинад:
Воқеан, Пешвои миллат дар ҳар вохӯрию мулоқоти худ мо, кормандони соҳаи тибро дилпур месозанд, ки ба соҳаи мазкур авлавият бештар дода шудааст, ки ин ҳақ асту рост. Табиби дилогоҳ меафзояд, ки маҳз ҳамин ғамхорию дастгириҳост, ки як тан аз кормандони соҳа дорандаи ордени Шараф ва се нафари дигар Аълочии соҳаи тандурустӣ ҳастанд. Ҳамкорон аз ғамхориҳои рӯзафзуни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав мунтазам бархӯрдоранд.
Дар як соли охир аксари нуқтаҳои тандурустии деҳот таъмири ҷорӣ шуда, се адад бунгоҳи нав дар маҳалҳои дурдаст бо таҷҳизоти муосир дари худро ба рӯйи аҳолӣ боз намуд. Дар баробари марказҳои тандурустӣ ва бунгоҳҳои саломатии шаҳраку деҳот, инчунин дар назди шабака Маркази солимии репродуктивӣ ва шуъбаи ёрии таъҷилӣ амал намуда, эҳтиёҷоти мардумро бароварда месозанд. Дар ҳар ду нуқта ҳам табибону ҳамшираҳои варзида фаъолият доранду мошинҳои ёрии таъҷилӣ бо духтурони навбатдор шабонарӯзӣ дар хизмати мардуманд. Башорат Баротова таваҷҷуҳи хоса ба соҳаи тандурустиро нек хисобида, иқрор мешавад, ки ба василаи чунин ғамхорию дастгириҳо тайи солҳои охир омори сиҳатии омма дар ноҳия рӯ ба беҳбудӣ дорад.
Лаҳзаҳое, ки мо дохили муассиса шудем, паси ҳуҷраҳои табибон нафарони зиёде дар навбат истода буданд, ки яке худ бемору дигаре фарзанд, хоҳару додар ё волидонашро назди духтур оварда буданд. Бештари онҳо аз муносибати гарму маслиҳати табибони ин даргоҳ бо мамнуният ҳарф мезаданд. Дар ошёнаи дувум диққати моро шумори бештари ҳоҷатмандон ба худ кашид.
Ин ҳуҷра ҳамеша мизоҷони зиёд дорад, - таваҷҷуҳи моро пай бурда фаҳмонд бону Башорат. - Маслиҳатхонаи модару кӯдак аст. Нафаре аз масъулини ин ҳуҷра, ки апаи Шарофат номаш гирифтанд, серкор буд. Ӯ на танҳо барои модарон, балки барои ҳамкорон, ҳамшираҳои ҷавону навкор, маслиҳатчии хуб аст. Бештари умри Шарофатбону дар таваллудхона гузаштааст. Дар 38 сол, эҳтимол, ҳазорон тифлакони навзод рӯйи дастонаш навозишҳои аввалинро эҳсос кардаанд.
Шарофатбонуро чун ҳамшираи соҳибтаҷриба баъди нафақа нагузоштанд, ки хонашин шавад, ба шабакаи кумаки аввалия оварданд. Ҳоло дар маслиҳатхонаи «Модару кӯдак» чун ҳамшираи рақами як фаъолият дорад. Ба модарони ҷавон маслиҳатгару машваратчии хубест. Ба андешаи ин зани кору рӯзгордида, ҳомиладорӣ, ки давраи аз 12 то 37 ҳафтаро фаро мегирад, беморӣ нест, аммо масъулияти ҳамаи ҳайати оила ба он бояд нигаронда шавад.
Заринаи РУСТАМДУХТ,
Душанбе-Шаҳринав-Душанбе