БОЙГОНӢ

«    Июл 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Шоҳкорие, ки барои он аз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузор бошем

---

Бисту ҳашт сол қабл, бисту ҳафтуми июни соли 1997, баъд аз музокироти тулонӣ бо кӯшишу талош ва ҷонфидоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати таърихӣ - Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон дар шаҳри Москва ба имзо расида, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии миллӣ ҳамчун омили асосии наҷоти миллат ва давлат эълон гардид.

Вале ман мухтасар мегӯям, ки он самараи азми қавӣ, нияти нек, азхудгузаштанҳо, шабзиндадориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, тоҷику тоҷикистониён вазифадоранд барои ин шоҳкорӣ аз ин фарзанди фарзонаи миллат, абармарди дунёи сиёсат сипосгузор бошанд. Барои расидан ба сулҳи сартосарӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаштҳои зиёде кардаанд. Роҳе, ки ба ваҳдат мерасонад, азхудгузаштанҳо ва ҳатто фидои ҷонро металабид. Пешвои миллат ба сари баланд ин роҳро тай карданд.

 

Бегуфтугӯ, ин санади муҳим дар таърихи навини тоҷикон аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад, зеро маҳз ҳамин санади таърихӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима гузашта барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми он шароити мусоид фароҳам овард.

Дар ин раванд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, ба ақлу заковати азалии мардум такя карданд, зеро табиати миллати тоҷик аз сифатҳои дӯстиву рафоқат, ватанпарастиву садоқат ва дӯстдории фарҳангу маърифат сиришта шудааст ва ҳамин фазл дар он айёми тақдирсоз саҳми бориз гузошт. Дар чунин шароит, Роҳбари давлат бо эҳсоси масъулияти баланд барои ояндаи Ватан ва халқи Тоҷикистон дар назди худ вазифа гузошт, ки бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳои имконпазир ҳар чи зудтар фазои сулҳу оромӣ ва амнияти миллиро дар сартосари мамлакат таъмин созанд.

Аз рӯзҳои нахустини Сарвари давлат интихоб гаштан, барои татбиқи ин маром, яъне ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ, кӯшиши зиёд намуданд. Баргардондани гурезаҳо ба Ватан аз вазифаҳои муҳим буд, ки дар он вазъияти мураккаб бояд амалӣ мешуд. Нахустин фирориён аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ватан баргаштанд. Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар истгоҳи роҳи оҳани Хушодии ноҳияи Шаҳритус онҳоро истиқбол гирифтанд. Баргардондани беш аз 1 млн гуреза ва муҳоҷирони иҷборӣ, таъмини онҳо бо макони зист кори осон нест. Қобилияти бахшида тавонистан яке аз фазилатҳои дигари Пешвои миллат мебошад. Хеле кам воқеъ мешавад, ки роҳбарони давлатҳо ҳатто гуноҳи онҳоеро, ки душмани сохти конститутсионӣ буданд, бахшанд. Ҳамватанонамон шоҳиданд, ки барои авфи гуноҳи шахсоне, ки ҷиноят содир карда, зиндонӣ шуданд, чанд қонуни авфро ба имзо расонданд.

Дар ҷодаи сулҳу ваҳдат қавлу амали Сарвари давлат як буд. Дар шароити душвор ба минтақаҳое сафар карданд, ки муқовиматҳои мусаллаҳона идома доштанд. Муҳтавои асосии ин мулоқот сулҳу ваҳдат буд. Ба мардум муроҷиат намуданд, ки мо бояд дар атрофи як ҳадафи сарнавиштсоз - бунёд кардани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва ба ин васила, ба даст овардани ваҳдати миллӣ муттаҳид шавем.

Хуб дар хотир дорам, ки дар Иҷлосияи XX Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (7-уми сентябри соли 1994) иброз намуданд: «Шояд ду сол ба меҳнати сахт, ба шиками нимгурусна, бо тани нимбараҳна тан диҳем, зеро моро ба ин ҳол бегонагон не, худамон овардем. Ман ба дили реш - реш ба либосу пойафзоли фарсудаи деҳқонони Ёвон, Исфараю Ӯротеппа менигаристам, ман намедонистам, чӣ кор кунам, вақте ки мактаббачаҳои Шаҳритусу Қӯрғонтеппаро пойлучу нимбараҳна медидам. Онҳо ба ҷойи мактаб то ба имрӯз дар зери дарахтон хонда истодаанд».

Бо кӯшиши зиёд роҳ ба сӯйи сулҳу ваҳдат кушода мешуд. Ба Хостдеҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (10 -11-уми декабри соли 1996) қадами қатъӣ ва устуворе дар ҷодаи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон буд. Он рӯзҳо давлати ҳамҷавор гирифтори ҷанги шадиди дохилӣ буд. Касе маслиҳат намедод, ки дар чунин шароити номусоид Роҳбари давлат ба ин гуфтушунид озим шавад. Вале Президенти ташнаи сулҳ аз раъйи ҷиддии хеш барнагашта, посух доданд: «Ҷони худамро қурбон мекунаму аз роҳ барнамегардам!…». Воқеан ҳам, роҳ душвор, пур аз хатар ва ноҳамвор буд, аммо ирода ва мавқеи Президент дар ин ҷода қавию устувор буд.

Дар маҷмуъ, то рӯзи имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ҳашт даври музокирот, ки қариб чор сол идома ёфт, бо намояндагони собиқ мухолифин бисту як вохӯрии расмӣ ва даҳҳо мулоқоти ғайрирасмӣ доир гардиданд. Қобили зикр аст, ки маҳз дар вохӯриҳое, ки бо иштироки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гаштанд, қарорҳои муҳиму ниҳоӣ қабул шуданд.

 Месазад аз иқдоми дигар - таъсиси Комиссияи оштии миллӣ ёдовар шавем. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсиси Комиссияи оштии миллӣ» 4 -уми июли соли 1997 имзо шуд. Хусусияти Комиссияи оштии миллӣ аз он иборат буд, ки қарорҳои он тавассути салоҳияти Президент ва Парлумони ҷумҳурӣ амалӣ мешуд. Бо ин тарзи фаъолияти якҷоя ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид шуданд. Ин механизм, яъне Комиссияи оштии миллӣ, Президент ва Парлумон сохтори пурсамар, мувофиқ ва дуруст дар давраи гузариш дониста шуд. Комиссияи оштии миллӣ 998 рӯз фаъолият кард ва дар хусуси қатъ гаштани фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ 31-уми марти соли 2000-ум фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шуд.

Дар асри XXI, ки аксар кишварҳои даргир аз нооромиҳои дохилӣ борҳо сулҳ баставу зиёд аҳд шикастаанд, сулҳи тоҷикон бо пойдориаш беҳтарин таҷриба ва арзишмандтарин дастоварди на  танҳо тоҷикон, балки ҷомеаи башарӣ эътироф гардид.

Ваҳдати миллӣ моҳиятан кохи бегазанд аст, ки ба шарофати ҷасорату садоқат ва завқу салиқаи меъмори он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эъмор гардидааст. Ягон нафаре ё гурӯҳи алоҳидае ҳуқуқи онро надорад, ки ба он сояи шубҳа андозад. Баръакс, ҳар инсони худогоҳро мебояд барои пойдории сулҳу ваҳдат, ки ҷумлаи комёбиҳои тоҷикон дар пояи он қарор дорад, эҳсоси масъулият дошта бошад, зеро ҳамин Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ҷомеаро қутбнамо ба сӯи фардои боз ҳам дурахшонтар аст.

Руқия ҚУРБОНОВА,

раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2025_small.pdf [3.99 Mb] (зеркашиҳо: 13)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон