БОЙГОНӢ

«    Июл 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ваҳдат мароми модарон!

---

Таърихи ҳар қавму миллат бо гузашти солу моҳ рӯйдодҳои муҳиму тақдирсозеро сабт менамояд, ки метавонанд барои халқу миллат фоҷиабор ва ё бахшандаи саодату иқбол бошанд. Натиҷаи оғозу анҷоми чунин рӯйдодҳою пайомадҳо муайянкунандаи сарнавишту тақдири минбаъдаи халқу миллатанд.

Дар сарнавишти миллати тоҷик яке аз чунин рӯйдодҳои таърихӣ баргузор гардидани Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд мебошад, ки бо даъват намудани қувваҳои солими ҷомеа ба мубориза баҳри ҳифз ва ҳимояи манфиатҳои ягонаи давлату миллат, пойдор намудани адолату қонуният ба хотири таҳкими давлат ва истиқлолият нақши барҷаста дорад.

 

Ҳодисаҳои рухдодаи аввали солҳои 90-уми асри рафта як қатор омилҳои номатлуберо ба миён овард, ки хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ва парокандашавии миллати тоҷиконро дошт. Ин саҳифаҳои мудҳиши таърихӣ барои насли солҳои 90- ум, махсусан, барои занону духтарон таъсири фаромӯшнашаванда гузошт, зеро он солҳо аз ҳар гӯшаву канори мамлакат садои тиру туфанг, фарёди кӯдакон, оҳу фиғони модарон ба гӯш мерасиданд. Ҷомеа на  шаб ором буду на  рӯз. Дар чунин айёми мудҳиш аз ҳама бештар занон азият диданд, зеро бори асосии зиндагӣ бар дӯши онон буд. Вазъи сиёсии он давра буҳрони сахти ҳокимияти давлатиро ба бор оварда буд ва танҳо Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яго-на сохторе буд, ки салоҳияти худро иҷро карда метавонист.

Моҳи октябри соли 1992 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз вохӯрӣ бо неруҳои халқӣ оиди дар шаҳри Хуҷанд даъват кардани Иҷлосияи XVI қарор қабул намуд, ки кулли сокинони ҷумҳурӣ онро бо хушнудӣ пазируфтанд.

Ҳадафи иҷлосияи мазкур оғози устуворӣ ба барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон ва фароҳам овардани заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву созгории миллӣ ва сулҳи тоҷикон буд.

Аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ барқарор намуд ва заминаи мусоиде барои рушди ҷомеа ва пешрафти Тоҷикистон фароҳам овард.

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 -уми ноябри соли 1992 кори худро бо иштироки 193 нафар вакил оғоз намуд. Дар таърихи навини халқи тоҷик саҳифаи нав бо унвони «Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон» боз гардида, ба шарофати дар амал татбиқ шудани қарорҳои иҷлосия сарнавишти наву тақдири минбаъдаи зани тоҷик муайян гардид.

Дар кори иҷлосия дар байни 197 нафар вакил, аз шумораи умумии 230 нафар намояндагони халқ, ҳафт нафар зан чун вакили Шурои Олӣ ширкат варзид. Онҳо дар муҳокима ва қабули қарорҳои сарнавиштсози миллат саҳми худро гузоштанд. Дар байни 230 нафар вакили Шурои Олӣ (даъвати дувоздаҳум, солҳои 1990–1995) 9 нафар зан, аз ҷумла Валентина Абдусамадова, Азиза Анварова, Зууракан Давлаталиева, Мамлакат Қаҳҳорова, Рафиқа Мусоева, Адолат Раҳмонова, Гулафзо Савриддинова ба мақоми баланди намояндагӣ ва қонунгузории мамлакат Шурои Олӣ интихоб гардиданд. Қатъи назар аз шароиту лаҳзаҳои ҳассос Рафиқа Мусоева ва Адолат Раҳмонова нотарсона дар раванди ибрози ҳамраъйӣ ба он масъалаҳои ҳалталабе, ки Раиси навинтихоби Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вакилон баҳри бартараф намудани мушкилоту муаммоҳои ҷойдошта пешниҳод менамуданд ва фаъолияти якҷояю баробари занону мардонро дар вазифаҳои гуногун пешниҳод мекарданд, на ҳамаи мардони дар толор буда розигӣ медоданд.

Маҳз иҷлосияи тақдирсоз ба мардуми ба гирдоби найрангу фиреби хоинони миллат афтода, ба халқи парокандаи тоҷик, ба миллату давлати азияткашида тавонист аз домони поки модари тоҷик Сарвари боэътимоду содиқ ба Ватанро ҳадия намояд. Ҳадияи Худованд ба бахти баланди миллату давлати тоҷик.

Нақши барҷастаи ин шахсияти таърихӣ, сиёсатмадор ва сулҳофари сатҳи ҷаҳонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар барқарор кардани сулҳу ваҳдати миллӣ барои бунёди давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон хизматҳои ниҳоят бузургу хирадмандона карда, дар таърихи давлату миллат як марҳалаи давлатдории муосирро ба миён овард, бағоят бузург аст.

Андеша ва садоқати азалии фарзанди модари миллати тоҷик дар симои шахсияти абармарди олами сиёсии ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар ҳассостарин лаҳзаҳои душвори таърихӣ ин миллату ин давлатро аз маҳву парокандагӣ наҷот диҳад.

Вале, набояд фаромӯш кард, ки ин дастовардҳои бузурги миллати тоҷик бар ивази қурбониҳои зиёди занону модарон, падарону бародарон ва фарзандони мо дар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст омаданд. Солҳои аввали ба даст овардани ваҳдат барои тамоми мардуми Тоҷикистон солҳои вазнину мураккаб буданд ва имтиҳони сахти рӯзгор, пеш аз ҳама, занону модаронро ба гирдоби худ кашида буд.

Дар он солҳои пурошӯби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ барои аз вартаи нестиву парокандагӣ эмин нигоҳ доштани давлату миллат, барқарор кардани оромиву субот занону модарони дилогоҳу равшанзамири тоҷик «Корвони сулҳ»- ро таъсис дода, ҷон ба каф баробари мардон ба мавзеъҳои ҷангзадаву харобгардида сафар намуда, сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҳукумати мамлакат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тарғибу ҷонибдорӣ намуданд. Бо меҳру фазилат ва садоқат ба Ватан фарзандони гумроҳро ба сулҳу субот ва дӯстиву ваҳдату ҳамгироӣ ҳидоят намуданд.

Дар ин масир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар Анҷумани сеюми иттиҳодияҳои занон ва созмонҳои ғайриҳукуматии занони ҷумҳурӣ 26 -уми апрели соли 1997 ба нақш ва мавқеи басо муҳими занон дар ба даст овардани сулҳу оромии ҷомеа баҳои баланд дода, иброз доштанд: «Дар лаҳзаҳои сӯзони муқовимат занони тоҷик бе тарсу ҳарос байни тарафҳои даргир даромада, бо панду насиҳат ва суханони пурмеҳру самимӣ оташи ҷаҳлу ғазабро хомӯш мекарданд. Чунин лаҳзаҳо дар он айёми пурмоҷаро кам набуданд. Минбаъд низ аз оғози гуфтушунидҳо бо мухолифин, ҳарчанд ин мулоқотҳо фарсахҳо дур аз сарзаминамон сурат мегирифтанд, занони тоҷик бо муроҷиатнома, мактуб ва барқияҳои худ иштирокчиёни музокиротро ба ҳамдигарфаҳмӣ, созиш, гузашт ва муросо даъват мекарданд. Чунин фаъолиятмандии занони кишварамон, агар аз як тараф баёнгари эҳсоси баланди масъулияти занон дар назди халқу Ватан бошад, аз ҷониби дигар, натиҷаи он аст, ки бори гарони оқибатҳои ҷанги ҳамватанӣ, ҷабру фишори он бештар ба сари модарону хоҳарони мо фурӯ рехт. Ҷанг бар иловаи ҳама харобиҳо, ранҷу азобҳои ҷисмонию руҳӣ ва оворагиҳо 25 ҳазор оиларо аз сарпараст маҳрум сохт ва 55 ҳазор тифли бегуноҳро ятим гардонд. Ба болои ҳама ранҷу азобҳо бори гарони масъулияти тарбия, таъминот ва нигоҳубини оилаҳои минтақаҳои ҷангзадаи мамлакат бар дӯши занон афтид».

Ҷонфидоиҳову ғамхории модарону бонувон дар таҳкими сулҳу субот пурарзиш буда, ҳамаи онҳое, ки он рӯзҳоро дар ёд доранд, хуб медонанд, ки ба чи қадар талошҳо миллат аз парокандашавию давлат аз нестшавӣ раҳоӣ ёфт.

Занону модарони тоҷик ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллатро дар роҳи ободии кишвар, сулҳу салоҳ, ваҳдату таъмини зиндагии шоистаи мардум қадр намуда, сиёсати хирадмандонаю сулҳпарваронаи Роҳбари давлатро ҷонибдорӣ менамоянд.

Барои сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни бузурги Рӯзи Ваҳдати миллӣ, барои вусъат бахшидан ба корҳои тозагию ободонӣ, кабудизоркунӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллии онҳо бояд саҳми занону бонувон назаррас бошад.

Имрӯз вақти он расидааст, ки омӯзиши ғояҳои ваҳдати миллӣ ба сифати унсури меҳварии худшиносӣ ва тафаккури миллӣ ҳамаҷониба миёни қишрҳои ҷомеа тарғиб карда шавад.

Мақсад аз ташкили корвони «Модарони ваҳдатсаро» он аст, ки  мо, занону модарон, занҷираи иттиҳоду иттифоқи мардуми баору номуси Тоҷикистонро боз ҳам қавӣ намуда, сиёсати сулҳпарваронаи нобиғаи нотакрори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар байни ҷаҳониён бо латофату назокат ва муҳаббату насиҳатҳои модаронаи худ танинандоз намоем, дӯстию рафоқати миллатро бо халқиятҳои дигар давлатҳо боз ҳам мустаҳкам созем.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки чун модарони ваҳдатсарои ватандор дар ҳифзу пойдории сулҳу суботи кишвари азиз, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва тарбияи фаррухфарди давронсоз саҳми арзанда гузошта, фарзандонро дар руҳияи инсондӯстӣ, ватанпарастӣ, дӯстиву бародарӣ тарбия менамоем.

Поянда бод, сулҳу субот ва Ваҳдату Истиқлоли беназири Тоҷикистон!

Бунафша Файзиддинзода,

раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2025_small.pdf [3.99 Mb] (зеркашиҳо: 57)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон