БОЙГОНӢ

«    Май 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Шабнам Раҳимзода: «Амалисозандаи сиёсати Пешвои миллатам»

Ҷавонон

Соли 2022 ба вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидед. Лутфан ёдовар мешудед, ки то ин замон таҷрибаи корро дар кадом самту соҳа доштед?

Фаъолиятро дар сохторҳои давлатӣ аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ кардаам. Солҳои 2014–2016 сомонаи расмии Кумитаи мазкурро танзим менамудам. То ин замон аллакай таҷрибаи кори омӯзгори забони англисӣ ва тарҷумониро низ доштам.

 

Соли 2016 ҳамчун сармутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро шуруъ намуда, солҳои 2017–2022 дар вазифаи сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумита кор кардам.

Моҳи феврали соли 2022 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудам. Ҳамзамон, соли 2023 муовини якуми раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон интихоб гардидам.

Дар рушду ташаккули Шумо чун як ҷавони фаъол ва бонуи роҳбар оила чӣ нақше гузоштааст?

Соли 1991 дар шаҳри Қӯрғонтеппа, Бохтари имрӯза, дар оилаи коргар таваллуд шудаам. Падару модарам ҳар ду табибанд. Модар табиби ҳарбӣ ва қиблагоҳам табиби яке аз бемористонҳои шаҳр буданд. Аз рӯзе, ки худро шинохтам, медидам, ки зодмандон вақти муайяни корӣ надоранд. Корафтодагон метавонистанд нисфи шаб беибо дарамонро бикӯбанд. Медонистем, ки назди падару модарам бемореро овардаанд ё якеро сари болини маризе хоҳанд бурд.

Бачагӣ аҷиб аст, баъзан бо зарда: «Ҳамин одамон намемонанд рӯзе ором бихобем?» — гӯён шикоят кунем, волидон мегуфтанд: «Шумо ҳоло аз дунё бехабаред, замоне бузург шудед, мефаҳмед». Идомаи ин суҳбатҳо ҳамеша рабт мегирифт ба қасами касбӣ ва садоқат ба пеша. «Вазифаи табиб танҳо бо расондани кумак дар бемористон ба охир намерасад, табиб ҳамеша муваззаф аст ба бемор ёрии аввалияи тиббӣ расонаду дардмандонро табобат намояд», — мефаҳмонданд онҳо.

Мо дар хонавода 4 кӯдак ба воя расидем. Ман ба ҳукми фарзанди калони оила таҳсилро дар мактаби равияи фанҳои дақиқу математика оғоз намудам. Пас аз хатм донишҷӯи риштаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия гардидам.

Баъди итмоми Донишгоҳ тадрисро дар шуъбаи аспирантураи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло МД «Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ») идома дода, соли 2021 рисолаи номзадиамро дар мавзуи «Ҷанги иттилоотӣ ва масъалаи таъмини амнияти миллӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» ҳимоя намудам.

Солҳои 2020–2023 донишҷӯи Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон будам ва онро бо ихтисоси иқтисодчӣ ба итмом расондам.

Хоҳар ва бародаронам табиб шуданд. Шояд муҳит ва тарбияи ғамшарикӣ ба дарди мардум бошад, ки касби духтурӣ дар оилаи мо мақоми баландеро дарёфт. Шиори айёми кӯдакиҳоямон ҳам «рафтори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-и Авасто буд. Дар хотир надорам, ки падару модар боре моро ҷангу сарзаниш карда бошанд. Камбудие сар зад, бо ду мисраъ шеър «адабамон» медоданд. Бо пандҳои Саъдиву ҳикмати Аттору ғазалҳои Ҳофиз бузург шудем.

       Маъмулан, дилхоҳ роҳбар бо нақшаву ҳадафҳои муайян ба кор шуруъ менамояд. Шумо чӣ нақшаҳои мушаххасе рӯи даст доштед?

Ҳамчун нафари бо кори ниҳод ошно фаъолиятро аз иҷрои босифати татбиқи қонунҳо, стратегияву консепсия, барномаҳои давлатӣ, нақшаҳои миллии қабулгардида, ки Кумита дар амалисозиашон чун субъекти ҳамиҷрочӣ масъул аст, оғоз намудам. Татбиқи босамари қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», «Фаъолияти волонтёрӣ», «Тарбияи ҷисмонӣ ва оммавияти варзиш»-ро барои худ чун вазифаҳои аввалиндараҷа қарор додам.

Чун нафаре, ки дар самти густариши муносибатҳои байналмилалии соҳавӣ кор кардааст, орзу доштам Тоҷикистон ташаббускор ва мизбони конфронсу мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ бошад. Хушбахтона, имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро чун ташаббускор ва доиркунандаи конфронсу симпозиумҳои сатҳи баланд, чорабиниву мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ мешиносад. Дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай давоми зиёда аз 20 сол пешниҳод ва масъалагузориҳои ҷониби Тоҷикистон дар самти ҷавонон зиёд қабул ва амалӣ мешавад. Зиёда аз 60 созишномаи байналмилалӣ, ёддоштҳои тафоҳум, барномаҳои муҳими соҳавӣ дар сатҳи байналмилалӣ қабул ва татбиқ гардиданд.

Масъулияти имрӯз тақозо дорад, ки дар чорабиниҳои зиёди байналмилалӣ ширкат варзам. Ҳамеша таассурот, ақидаву мушоҳидаҳоямро аз ин чорабиниҳо бо худ ба Ватан меорам ва мекӯшам аз дидаву андӯхтаҳо истифода барам. Инак, соли дуюм аст дар Тоҷикистон Фестивали ҷаҳонии Наврӯзи ҷавонон дар сатҳи баланду бошукӯҳ таҷлил мегардад, ки ҷавонони сайёра онро чун ҷашни миллии хусусияти тамаддуни ҷаҳонидошта хеле хуш пазируфтанд.

          Аз барномаҳои калони амалишавандаи Кумита ёдрас мешудед…

Барномаҳои хубе амсоли «Тарбияи ватандӯстии ҷавонон», «Рушди иҷтимоии ҷавонон», «Рушди фаъолияти волонтёрӣ», «Тарбияи ҷисмонӣ ва оммавияти варзиш», «Намудҳои варзиши миллӣ» дар ҳоли татбиқанд, ки бидуни шак боиси пешрафти ҷавонону ҷомеаанд.

Чорабиниҳо дар сатҳи байналмилалӣ ҳосили дилхоҳ доданд. Зимни баргузории онҳо дар хусуси дастовардҳои хеш маълумот додем, ҷавонони фаъоли давлатҳои дигар дар хусуси пешрафти худ ҳарф заданд ва ҳамин тавр табодули назару андешаҳои созанда ба миён омаданд.

Дар доираи кишварҳои ИДМ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда Қонун «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»-ро қабул кард ва дар зимн ниҳоди давлатие ташкил шуд, ки имкони иштироки фаъоли ҷавононро дар ҷомеа фароҳам меорад. Дар баробари Кумита Шурои миллии ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки коршиносони дохиливу хориҷӣ ба фаъолияти он баҳои баланд доданд.

Таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони Тоҷикистон ҳамеша боиси ҳайрату ҳавасҳои ҷавонони хориҷӣ аст. Онҳо иқрор меоянд, ки медонистанд Тоҷикистон кишвари ҷавонон аст, аммо бовар надоштанд, ки то ин ҳад ҷавонон дар сатҳи баланди давлатӣ дастгирӣ меёбанд. Бо он ки омаданду дар чорабиниҳо ширкат варзиданд, аз шароиту имконоти сайёҳии кишвар воқиф шуданд, дар хусуси дастгириҳо дар самти тақвияти соҳибкории хурду миёна фаҳмиданд, лоиҳаҳои муҳимеро дар самтҳои гуногун бо Ҳукумат ва ҷавонони тоҷик роҳандозӣ намуданд. Ин ҳам аз дастовардҳои Кумита дар самти ҳамкориҳо бо шарикони рушд ва ҳамтоён аз кишварҳои хориҷ аст.

Аздастовардҳои варзишии ҷавонони кишвар қаноатмандед ё он метавонад беҳтар аз ин бошад?

Сабаби аслии ба зинаи сифатан нав ва умедворкунанда баромадани самти варзиш дастгириву маблағгузориҳои бештари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳа аст. Дастгирии раисони ҷавони намояндагиҳои ҳокимияти давлатӣ дар маҳал, хусусан таваҷҷуҳи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ чун як ҷавони фаъолу намуна шавқи ҷавононро ба варзиш афзун сохт. Имрӯз, вақте ҷавонони мо аз хориҷ бо дастовардҳои илмию варзишӣ бармегарданд, ҳатман маросими пазироии бошукӯҳи онҳо дар фурудгоҳ доир мешавад. Муваффақон бо ҷоизаҳои пулию молӣ, ҳатто хонаву мошин қадрдонӣ мегарданд. Ин боиси ҳавасмандии бештари аҳолӣ ба варзиш гаштааст.

Мавзуи муҳими рӯз ба вуҷуд овардани заминаҳои рушди варзиши миллӣ чун ҷузъи фарҳанги миллӣ аст. Дар ин росто барномаҳои соҳавӣ омода шудаанд, ки метавонанд боиси рушди бесобиқаи варзиш, хосса намуди гӯштини миллӣ гарданд. Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон ташкил гардид, ҳамчунин дар шаҳри Душанбе Федератсияи гӯштингирии байналмилалӣ ба кори худ шуруъ кард. Дар 32 давлати дунё Федератсияи гӯштингирӣ таъсис дода шуд. Ҷараён идома дорад. Дар сурати ошноии бештари мардуми сайёра бо гӯштингирии тоҷикӣ, имкони ворид намудани он ба рӯйхати бозиҳои олимпӣ пайдо мешавад.

Дар хусуси саводнокиву дараҷаи забондонии ҷавонони имрӯз чӣ назар доред?

Ин мавзуъ дар мадди аввал аст. Таваҷҷуҳи Президенти муҳтарами Тоҷикистон низ ба ин самт зиёд аст. Ҷавонон воқеан дар муқоиса бо солҳои пеш забондонанд, аммо бо ин набояд қонеъ шуд. Боиси ифтихор аст, ки шумори барандагони медалу ифтихорномаҳои байналмилалӣ ба тадриҷ меафзояд, аммо ин маънои онро надорад, ки бо ҳамин дастовардҳо ором бигирем.

Дар назди намояндагиҳои Кумита дар маҳалҳо курсҳои ройгони омӯзишии забонҳои хориҷӣ ва фанҳои дақиқ ба роҳ монда шудааст. Таъкиди масъулин ҳам зимни вохӯриву суҳбатҳо бо мардум ин аст, ки фарзандонро ба омӯзиши илмҳои замонавӣ ва забономӯзиву фанновариҳои муосир раҳнамун созанд.

 Мувофиқи таҳлилҳо дар даҳсолаҳои баъдӣ забонҳои англисӣ, русӣ, арабӣ, чинӣ, куриёӣ, ҷопонӣ аз забонҳои серхаридору сердаромад барои донандагонашон хоҳанд буд.

Озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки бо пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардиданд, байни наврасону ҷавонон маъруф гаштанд. Маблағҳои ҷудошуда ҳам қобили мулоҳизаанд. Шоҳҷоизаву ҷоизаҳои калони пулӣ ҳавасмандии қишри ояндасозро ба таври ногуфтанӣ бедор намудааст.

Шояд ин ҷо дар хусуси кору амали ҷавонони муваффақ ёдовар шавем, ки Шумо барояшон чун фарди равшанфикру ояндадор эҳтиром қоилед…

Бо парчамбардороне чун Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева, Темур Раҳимов, Мадина Қурбонзода, Фаррух Ҳасанов, Муҳиддин Музаффаров, Шукрона Тоҳирӣ, Обид Ҷебов, Олия Муродова, Дилноза Нуримова, Маҳдӣ Баротов, Муҳаммадӣ Раҷабов, Дилшод Ҷӯразода, Фариноз Абдуллоева, Ҳангома Исоева ва боз даҳҳо дигар ифтихор дорем. Имрӯз муаррифгарони давлату миллат аз ҳисоби ҷавонон зиёданд. Хазинаи медалҳои олимпӣ ва ҷоизаҳои байналмилалӣ ғанӣ гардид. Наврасону ҷавонони мо барои ихтироот ва таҳқиқҳояшон соҳиби патентҳо гардидаанд, ки ин падидаи фараҳбахши замони Истиқлоли давлатӣ аст.

Раванди дигари хушоянд ин таваҷҷуҳи бештари ҷавонон ба хизмати Модар – Ватан аст, ки хоҳишмандони адои қарзи шаҳрвандиву фарзандӣ зиёд аст. Ин далел исботи эҳсоси баланди ватандорист.

Ҳоло корҳоро дар самти фаъолгардонии аҳолӣ барои ҷалби соҳибкории хурду миёна тақвият медиҳем. Ташкили коргоҳу корхонаҳои хурд-хурд метавонад 10–15 ҷавонро ба шуғл фарогир бошад. Ҳамзамон, боиси пешрафти иқтисоди миллӣ ва баланд гаштани сифати зиндагии аҳолӣ гардад.

Масъулияти роҳбариву рисолати оиладориро ба ҳукми як ҷавони муваффақ чӣ гуна тавъам сохтаед?

Намуна дар ин роҳ падару модарам ҳастанд, ки дар оиладорӣ бо сабру таҳаммул, якдигарфаҳмиву эҳтироми ҳамдигарӣ бурд кардаанд. Агар субҳ падарам моро ба варзишу тамрини бадан бароранд, модарам субҳона омода менамуданд. Модар агар хӯрок мепухтанд, падар либосҳоямонро мепӯшонданд.

Модар ба ҳукми бонуи коргар рӯзҳои истироҳат маҳсулоти ғизову хӯриши ҳафтанаро пешакӣ нимтайёр омода намуда, дар яхдон мегузоштанд. Ман тақсимбандии дурусти вақтро аз он ҳангом омӯхтам. Вазифаҳоро тақсим, корҳоро зуд ва босифат анҷом дода, барои истироҳат вақт меёфтем.

Дар оиладорӣ низ аз ҳамин равиш кор мегирам. Бештар вақт дар чорабиниҳо бандем, ҳатто дар рӯзҳои истироҳатӣ. Шавҳарам низ чун корманди низомӣ вақти зиёдашонро пайи кор мегузаронанд. Баъзан ҳар ду дер ба хона мерасем ва зуд аз пайи хӯроки шом мешавем. Муваффақияти марду зан дар ҷомеа аз хушбахтӣ дар оила шуруъ мегардад. Мо якдигарро хуб мефаҳмем.

Ҳамчунин, ба ҳеҷ ваҷҳ фаромӯш наменамоям, ки ман аруси хонаводаам. Ба хонаи хусуру хушдоман, ки рафтам, ҳатман мекӯшам уҳдадориҳои худро ба ҳукми келини хонавода ба сомон расонам.

                                                                                                       Гулноза Бобомуродова

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_05_2026_small.pdf [3.08 Mb] (зеркашиҳо: 10)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон