Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Табассум – ифтихори Ватан
ҶавононТабассум зодаи деҳаи Сари Майдони ноҳияи Муъминобод буда, дар мактаб бо баҳои хубу аъло, интизоми намунавӣ мехонд. Фикраш, илму дониш, хаёлоти рангини ҷавониаш, меҳру муҳаббат, вафодориаш, худшиносиву миллатдӯстияш аз дигар ҳамсолонаш фарқ доштанд. Ҳамин буд, ки ин духтараки боғайрат соли 2025-ум соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шуд, ки ин аз китобдӯстиву ҷасурияш дарак медиҳад.
Озмуни мазкур дар қатори дигар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Тоҷикон»- ойинаи таърихи миллат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва дигар озмунҳо бо сарпарастии Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил шудаанд, лаёқатмандону соҳибистеъдодҳоро гулчин менамояд.
Хуш аст, ки соҳибистеъдодҳо мунтазам ҳавасманд мегарданд. Бо ҳамин мақсад, дар маркази ноҳияи Ховалинг - шаҳраки Мунк бо ибтикори вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ва соҳибкорони маҳаллӣ меҳмонхона-истироҳатгоҳе бо номи «Лаёқатмандон» бунёд ёфт. Лаёқатмандон ҳар сол ба ин макон сафарбар мегарданд. Онҳо беш аз як ҳафта дар ин макон дам мегиранд ва ба таъриху табиати диёри бостонӣ – қадимтарин гӯшаи Осиёи Марказӣ ошно мешаванд.
Соли равон низ дар ин гӯшаи нозанини диёр соҳибистеъдодҳо истироҳат карда, аз осорхонаву ҷойҳои таърихӣ ва табиати зебо дидан намуданд. Онҳо нахуст ба Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳия ташриф оварданд. Вақте лаёқатмандон вориди ин махзани пурганҷи ниёгон гардиданд, баъди шиносоӣ ва ба ҷо овардани одоби муоширату мулоқот банда - директори ин осорхона, аз муаррифии шуъбаи асри санг оғоз намуда, ба саволу ҷавоб пардохтем:
– Асри санг ба се давра ҷудо карда шудааст: Палеолит – асри санги поёнӣ, Мезолит – асри санги миёна, Неолит – асри санги болоӣ ва Энеолит…
– Қадимтарин гӯшаи Осиёи Марказӣ куҷост?
– Ин Кӯлдараи Ховалинг буда, ёдгориҳояш – бошишгоҳҳои одамони ҷомеаи ибтидоӣ, ки аз қабати 11 ба 12-и ҷарии бисёрқабата ёфт шудаанд, умри миллионсола доранд…
Ҳамин тавр, ба ҳар як шуъбаву гӯшаҳои осорхона сайр идома ёфта, дар равиши ошноӣ, саволу ҷавоб духтараки донишманди соҳибистеъдод ба саволҳо ҷавобҳои пухтаву шавқовар медод…
Дар бораи шаҳрҳои бостонии Хатлон, бахусус шаҳри Мунки бостонӣ, ки харобиҳояш дар таҳдашти Ховалинги имрӯза, марказу регистону шаҳристонаш дар таҳҷои деҳаи имрӯзаи Гулгор воқеъ аст, саволу ҷавобҳо шавқовар гузаштанд. Аз ҳама зиёд суҳбату сайри осорхонавии Табассум бештар шавқовару пурҷило менамуд…
Ҳамин тавр, шавқ роҳбар шуда, ҳама дар пайравии Табассум дар васфи кӯзаву кӯзагару кулолон шеъру рубоиҳо қироат карда, маҳфили пурмуҳтавое доир намуданд. Дар гӯшаи «Адибони диёр» низ шеъру таронахониҳо аз адабиёт, фарҳангу ҳунар идома ёфт…
Табассуми Ҷиёнхон Ҳафиззода ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», дар номинатсияи «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» соҳиби Шоҳҷоиза гардид. Инчунин, ӯ волонтёри бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, маҳфили «Ватанпарвар»-и ноҳияи Муъминобод ва ҷавони ватандӯсту хештаншинос мебошад. Дар ҳақиқат, дурахшон аст фардои Табассум. Ояндаи неку ибратманду ибратбахш ӯро дар пеш аст.
Дар баробари 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, хатми мактаб муждаи дигаре паҳн гашт. Ин хушхабар мактуби ҷавобӣ ба муроҷиати Табассуми Ҷиёнхон Ҳафиззода, аз тарафи вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода, ки ба ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Сафарзода ва нусха ба хатмкунандаи МТМУ №3-и ноҳияи Муъминобод Ҳафиззода Табассум Ҷиёнхон дар хусуси имкони таҳсилаш дар гурӯҳи буҷавии ихтисоси идораи давлат ва ҳуқуқи Академия пас аз хатми мактаб мебошад.
Табассуми доноиву ғайратманд барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», пайрави Пешвои миллат аст, барояш комёбиҳо орзумандем.
Амир Сайиди МУНКӢ,
ноҳияи Муъминобод
Мубодила:
Шарҳҳо










