БОЙГОНӢ

«    Октябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Тоҷикистон аз назари Тобон

Ҷавонон

Блогинг дар кишвари мо аз ҷумлаи соҳаҳои ҷавон аст. Матлаби фаъолони шабакаҳои иҷтимоиро ҷомеаи ҷаҳонӣ мехонад, мешунавад, мебинад ва баҳо медиҳад. Онҳое ба ин соҳа меоянд, ки ба сохтану таҳияи матлабҳои гуногуншаклу гуногунжанр машғуланд. Ҳоло блогерони тоҷик самтҳои гуногун, аз ҷумла ҳаҷв, тарзи ҳаёти солим, варзиш, санъат, китобу китобхонӣ ва сайёҳиро пайгирӣ карда, то қадри имкон кӯшиш мекунанд, ки бо маҳсули эҷодашон ба мардуму давлат нафъ расонанд. Яке аз чунин блогерон Тобон Почоева мебошад.

Ӯ мактаби миёнаро дар Федератсияи Россия тамом карда, ба Коллеҷи тиббӣ дохил шуда, онро бо ихтисоси фарматсевт хатм намуд. Аз замони таҳсил дар коллеҷ ва дар шаш соли кор дар дорухона таҷрибаи зиёд андӯхт. Баъдан ба мактаби олӣ дохил шуд, ҳоло донишҷӯйи курси панҷум бо ихтисоси мутахассиси кор бо ҷомеа (HR) дар шуъбаи ғоибона мебошад.

Соли 2023 ба Ватан баргашт ва тасмим гирифт, ки то қадри имкон шаҳру навоҳии ҷумҳуриро сайр кунад. Ҳамин тавр, вақти саёҳат дар зеҳнаш идеяи блогери сайёҳӣ шудан пайдо шуд, зеро зебоиҳои Тоҷикистони биҳиштосо дилхоҳ касро мафтун месозанд. Азбаски тасмимаш ҷиддӣ буд, дар муддати кӯтоҳ наворҳояш тамошобини зиёд пайдо карданд. Ҳамчунин, сафи обуначиҳояш афзуд. Акнун, аз таҳияи наворҳои ҳаваскорона ба касбӣ гузашт ва ин пешаро кори асосии худ қарор дод. Як вазифаи муҳим пеши худ гузошт: ҳар гӯшаи зебои диёрро ба оламиён нишон додан.

Ҳоло Тобон Почоеваро дар шабакаи «Instagram» зиёда аз 33 ҳазор нафар пайгирӣ мекунад ва шумораи тамошобинони наворҳояш миллионҳо нафаранд. Ӯ дар наворҳояш корҳои маъмули деҳа, роҳҳои ободгардида, дарахтони осмонбӯс, маконҳои зебоманзар ва одамони одиро нишон дода, ба ин васила талқин месозад, ки ҷаҳонгардон ба сайри ин кишвари биҳиштосо оянд.

Ба блогинги тоҷик доир ба махсусиятҳои блоги сайёҳӣ бо чанд савол муроҷиат намудем.

 Блоги сайёҳии Шумо чӣ гуна ба миён омад?

 Солҳои зиёд дар Ватан набудам. Вақте омадам, пешравиҳову зебоиҳоро дидам, пеши худ ҳадаф мондам, ки бояд ҳар тоҷики дур аз диёр дидаҳои маро бинад, ифтихор кунад ва барои боз ҳам ободу зебо шудани кишвар кӯшиш намояд. Инчунин, медонам, ки Ҳукумати мамлакат барои Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сайёҳӣ муаррифӣ кардан хеле зиёд талош дорад. Аз ин рӯ, мехоҳам ба ин васила ба ҷомеа нафъ бирасонам.

 Ҷумлаи пештоқи саҳифаатон: «Тоҷикистонро бо чашми ман бингаред» чӣ гуна пайдо шуд?

Мақсади блогамро дар ҳамин ҷумла ифода кардаам. Яъне, ҳар касе, ки меҳмони саҳифаи ман мешавад, он чизеро, ки чашмони ман диданду ба воситаи навор нишон медиҳам, ҳамчунин, зебо бингаранд.

 Қариб ба ҳама шаҳру навоҳии кишварамон сафар намуда, аксу наворҳои ҷолиб нашр кардаед. Албатта, ин ҳама бе сарпараст намешавад?

Сайр кардани гӯшаҳои зебои ҷумҳуриро ҳанӯз замони дар Россия буданам тарҳрезӣ кардам ва бо буҷети оилавӣ ба ин кор иқдом намудам. То ҳол сарпарасти расмӣ надорам ва ҳар коре, ки дар ин роҳ анҷом медиҳам, аз ҷайби худ харҷ менамоям.

 Ба Шумо аз мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо пешниҳоди ҳамкорӣ нашудааст?

То ҳол таваҷҷуҳ зоҳир накардаанд. Ками дигар кор кунему таҷриба андӯзем, ҳамааш хуб мешавад.

Агар пешниҳодҳо шаванд, чӣ кор карда метавонед?

Корҳои зиёд кардан мумкин аст. Аз саҳифаи ман ҳар моҳ беш аз якуним миллион нафар дидан менамояд, ки дар миёнашон хориҷиҳо низ ҳастанд. Инро ба назар гирифта, метавон гуфт, ки таваҷҷуҳ шавад, барои рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ метавонам нақши созгор бозам.

 Наворҳои Шуморо миллионҳо одамон тамошо мекунанд, аммо, чаро шумораи обуначиҳоятон ҳамагӣ 33 ҳазор нафар аст?

 Аслан, дар интернет чунин аст. Яъне, на ҳамаи онҳое, ки вориди саҳифа мешаванд, обуна шудан мехоҳанд.

Блогери сайёҳӣ будан душвор аст?

Мушкилие надорам, зеро шавқам ба ин кор бениҳоят зиёд аст. Ҳамсарам дар ин масир маро ёр аст.

 Метавонед паҳлуҳои мусбат ва манфии блогериро бигӯед?

Паҳлуи мусбат ҳамин аст, ки имкон дорем Тоҷикистонро муаррифӣ созем. Манфӣ он аст, ки бархе хеле содалавҳона шарҳ менависанд ва ба чизҳое эрод мегиранд, ки ба ҷуз зоеи вақт манфиате намеорад.

 Эродҳо аз сифати кор ва хатоҳо ҷой доранд?

 Аз эрод хушҳол мегардам, аммо то ҳол нашудааст. Омодаам нисбат ба сифати кор дилхоҳ пешниҳоди эҷодиро бипазирам.

 Яке аз камбудиҳои наворҳои Шумо кам будани маълумот аст…

 Дуруст, ин камбудии ҷиддӣ аст, зеро сайёҳоне, ки тамошо мекунанд, мехоҳанд дар бораи ҳар макони инъикосгардида маълумоти бештару муҳимро дошта бошанд. Мекӯшам, ки ин камбудиро ислоҳ созам.

Баъзан суҳбатҳоятон бо забони тоҷикӣ нестанд. Модоме ки Ватанро муаррифӣ намуданиед, беҳтар нест, ки бо забони тоҷикӣ ҳарф занед?

Албатта, бо забони адабии тоҷикӣ сухан кардан авлотар аст. Ин ҳам яке аз камбудиҳои блоги ман аст, ки ҳатман ислоҳ мешавад.

 Дар як наворатон нон мепазед. Оё махсус барои навор нон пухтед, ё одатан ин корро анҷом медиҳед?

 Ҳар коре, ки дар саҳифаам мемонам, бароям шавқангез аст ва мекӯшам, ки бевосита анҷом диҳам. Масъалаи нонпазӣ бошад, ин аввалин маротиба буд.

 Дар як навори дигар аксҳои кӯдаконро истифода бурдед. Оё зодмандони онҳо розӣ буданд?

Бале, иҷозати падару модари онҳоро гирифта будам. Медонам, ки аксу навори кӯдаконро бе иҷозати волидон ё шахсони масъул қонунгузорӣ иҷозат намедиҳад…

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон