БОЙГОНӢ
« Октябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | 31 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
«Фурӯғ…» дунёи маро дигар кард
ҶавононДухтараки кушодчеҳраю хандонрӯй Маликабону хушсуҳбат аст, самимона сухан мегӯяд, аз гуфтораш кас як ҷаҳон маънӣ мебардорад.
«Фурӯғ…» дунёи маро дигар кард, - мегӯяд болидахотир Маликабону. - Аз ман мани дигар сохт. Се сол пайдарпай дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок кардам. Назди худ мақсад гузоштам, ки то ҷойи аввалро сазовор нашавам, аз раъйам намегардам. Ниҳоят офтоби бахт ба рӯям хандид. Омодагиям ки хуб буд, соҳиби мақоми аввал шудам. Аз он сипосманд ва ифтихор дорам, ки ин Озмун минбари озоди санҷиши дониш аст. Ман сарбаландам, ки ҳамчун ғолиб имкони ба донишгоҳи дилхоҳ дохил шуданро шарафёб гаштам…
Ҷавонон поягузор ва бунёдкори воқеии давлату миллат, неруи пешбарандаи ҷомеа ҳастанд. Маликабону Муҳиддинзода - меваи пуршаҳди ваҳдату истиқлол, аз ҷумлаи ҷавонони фаъолу умедбахши шаҳри Бӯстон аст. Ин гулдухтари закиву ҳушманд дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок карда, пайваста шаҳди ғолибият мечашад. Гирандаи стипендияи раиси шаҳри Бӯстон, стипендияи президентӣ мебошад. Аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Волонтёри соли 2023» эътироф шуд.
Маликабону ҳоло дар Гимназияи рақами 2-и шаҳри Бӯстон дар синфи 11 мехонад. Аз ҷумлаи хонандагони фаъолу аълохон аст. Чун ба илму дониш меҳру муҳаббати зиёд дорад, мекӯшад, то бо истифода аз айёми тиллоии ҷавонӣ ва имконияти хуби таълиму тадрис ҳарчи бештар илму ҳунар омӯзад.
Ҳоло Маликабону дар таълимгоҳ роҳбарии маҳфили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро ба зимма дорад. Бо хоҳиши тому масъулияти баланд ҳаммактабиёнашро, ки мехоҳанд мисли ӯ дар озмунҳо комёб гарданд, дар ин роҳ раҳнамоӣ карда, донишу малакаашро дареғ намедорад.
Муҳаббат ба донишу маърифат одатан аз нахустомӯзгор - модар сарчашма мегирад. Бахти накуву иқболи баландаш аст, ки Маликабону модари дилбанду дилсӯз ва омӯзгори соҳибмалака дорад. Модараш Моҳбону Шукурова дар Гимназия машъалафрӯзи илму маърифат аст. Ба хонандагон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик сабақ медиҳад. Борҳо шогирдонаш дар озмунҳои фаннӣ иштирок намуда, дастболо шудаанд. Дар қатори онҳо дар таълиму тарбияи фарзандонаш, аз ҷумла Маликабону пайваста ғамхориву меҳрубонӣ зоҳир мекунад.
Маликабону фараҳу шодмонӣ дорад, ки падару модараш дилсӯз, меҳрубон, соҳибмаълумоту соҳибмаърифатанд. Зодмандонаш пайваста мекӯшанд то фарзандон соҳиби илму дониш, касбу ҳунар шаванд.
Модари Маликабону Моҳбону Шукурова бо каломи гарми самимӣ иброз дошт:
Беҳуда намегӯянд, ки модари хушбахтро нахустфарзандаш духтар мешавад. Бо ғолибияти ӯ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ман ба унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, падараш бо нишони «Маърифатпарвар» сазовор шудем. Ба ҳар маҳфилу маъракаҳо ҳамчун хонаводаи намунавӣ даъват менамоянд. Аз ин ҳама сарфарозем, ки чунин бахти нек насибамон гаштааст.
Хушгуфториву хушрафторӣ, меҳрубониву дилсӯзӣ дар тинати Маликабону маъво гирифтаанд. Ҳамеша дар корҳои хона ёрирасони модар аст. Дар покизакориву омоданамоии хӯришу таомҳо дастёри беминнат аст.
Таваллуди Маликабону ба рӯзи Соли Нав рост меояд, - меҳрубониашро изҳор карда, мегӯяд модар. - Дастархони идона одатан бо маҳсули дастранҷаш ороста мешавад. Дар таъму хушнамудии ғизову дастархонороӣ воқеан ҳам қобил аст. Умед мебандем, ки Маликабону баробари мутахассиси хуб шудан, инчунин, дар рӯзгор кадбонуи беҳтарин гардида, оилаи хушбахтро бунёд хоҳад кард.
Бимуслима РАҲИМОВА,
рӯзноманигор