БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Насли замони Истиқлол

Ҷавонон

Умеда ягона тоҷикдухтарест, ки дар Донишгоҳи Шандонги Ҷумҳурии Мардумии Чин, миёни чанд ҳазор донишҷӯйи чинӣ бо забони бумӣ дониш андӯхта, аз мушкилиҳо намеҳаросад ва танҳо баъди ду соли омӯзишу шабҳои бехобии духтар модар дарак бурд, ки ҷигарбандаш ягона донишҷӯйи тоҷик миёни соҳибзабонон аст, ки ба гирифтани стипендияи Донишгоҳ мушарраф гардидааст.

Умеда Акрамхонова донандаи панҷ забон – русӣ, англисӣ, чинӣ, ҷопонӣ ва куриёгӣ аст, ки ҳоло дар факултаи сиёсатшиносӣ ва идоракунии давлатии Донишгоҳи музофоти Шандонг соли чаҳорум аст, ки таҳсил дорад. Ӯ қаблан Литсейи № 55 (ҳоло МТМУ № 55)-и шаҳри Душанберо бо баҳои хубу аъло хатм намуда, ҳамзамон, аз синфи 8-ум забони чиниро дар Маркази Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омӯхтааст.

Дар ин росто, бо урфу анъанаи ин мардум ошно шуда, рақси миллии чинӣ ва навохтани асбоби мусиқии гутсинро омӯхт. Яке аз хонандаҳои пешқадаму фаъоли Марказ буду дар тамоми чорабиниҳо ширкат меварзид. Соли 2019, вақте дар Сафоратхонаи Ҷумҳурии Мардумии Чин барои таҳсил дар Чин аз забони чинӣ барои имтиҳонсупорӣ даъват гардид, модараш Гуларӯс Бобоева бо ҳаяҷон пайи суроғи натиҷаи имтиҳон ба Сафоратхона рӯй овард. Бо зикри ному насаби фарзанд бо ҳайрат шунид: «Муборак бошад, фарзанди Шумо бидуни имтиҳон қабул шуд». Падараш Акбархон Акрамхонов, собиқадори амният, полковник ва мушовири давлатӣ аз дастовардҳои духтараш меболаду бо ифтихор аз ӯ ном мебарад.

Сарфи назар аз сатҳи забондонӣ, ҳар хориҷие, ки дар Чин қасди таҳсил менамояд, муддати як сол бояд дар Донишгоҳ забони чиниро аз бар кунад. Умеда низ забономӯзиро дар Донишгоҳи шаҳри Гуанчжоу оғоз намуд ва бо сабаби паҳншавии пандемияи коронавирус соли 2020 бо рухсатии академӣ ба Тоҷикистон баргашт, вале баъдан таҳсилро ба тариқи маҷозӣ (онлайн) идома дод ва соҳиби диплом гардид. Ин духтари хушзеҳн дар Ватан вақти худро сарфакорона истифода бурда, тули 6 моҳ забони ҷопонӣ омӯхт ва, ҳамзамон, омӯзиши забони куриёгиро мустақилона ба роҳ монд.

Донишгоҳи Шандонг яке аз макотиби олии бонуфузи Чин аст, ки дар омода намудани кадрҳои бо лаёқат нақши муҳим мебозад. Аксари кормандони ҳукумати феълии Чин хатмкардаи ин Донишгоҳ мебошанд. Вақте таҳсилро дар ин боргоҳи илм оғоз бахшидам, ҳама маро уйғурдухтар мепиндоштанд, аммо ҳине, ки аз тоҷик буданам гуфтам, чиниҳо бо ҳайрат мепурсиданд, ки аз куҷо забони чиниро хуб медонам. Боре бо марди эроние, ки ҳамсари чинӣ дошту 8 сол боз дур аз ватан мезист, бо забони англисӣ ҳарф задам ва ғайриихтиёр иборае тоҷикӣ гуфтам. Вақте фаҳмид тоҷикам, бо ҳаяҷон аз муштаракоти таъриху фарҳангу забон ҳарф зад ва хумор аз дурии зодгоҳу набудани ҳамсуҳбате бо забони форсӣ шикаст.

Дар Тоҷикистон аз ватандӯстӣ зиёд мешунидам ва бепарво мегумоштам, ки ватандӯстам, аммо вақте берун аз Ватан миёни халқҳои дигар бо фарҳанг, маънавиёт ва урфу анъанаҳои дигар танҳо мондам, бо тамоми вуҷуд эҳсос кардам, ки дӯст доштани Ватан чист. Куҷое забони ошно шунавам, гӯшу ҳушам он сӯ, дилам гум мезанад, - иброз намуд Умеда.

Ӯйи ташнаи илму дониш соли аввали таҳсил дар Донишгоҳ бо душвориҳо рӯ ба рӯ шуд. Бо шунидани шеваҳои гуногуни беш аз сӣ музофоту ноҳияи автономии Ҷумҳурии Мардумии Чин фикрҳояш дарҳам мешуду худро мисли шогирди нотавоне назди устодони сухан медид. Тули ду сол ба омӯзишу таҳқиқи лаҳҷаҳои мардуми ин кишвар пардохт. Аз хато гуфтанҳо наҳаросид, талош кард, ки ҳарчи бештар бо соҳибзабонон суҳбатҳо орояд ва мақсудаш ҳосил гашт. Акнун ӯ ба забони чинӣ тавре муошират менамояд, ки гӯё сокини таҳҷоист.

Умеда соли 2025 зинаи бакалаври Донишгоҳро ба итмом мерасонад ва ният дорад, ки таҳсилро дар зинаи магистратура идома диҳад. Бо хобгоҳ таъмин асту ҳуҷрае алоҳида барояш фароҳам овардаанд.

Забони чиниро омӯхтан, агарчи осон нест, аммо хаёлам, ки тавонистам онро саҳл омӯзам. Бархе дар нимароҳи омӯзиш аз нияти худ даст мекашанд. Қобилияти зеҳнии ҳар шахс ҳаргуна аст, масалан, яке миқдори муайяни хатти тасвирӣ (иероглифҳо)-и чиниро тули рӯз аз бар намуда, рӯзи дигар онро фаромӯш мекунад. Лек ҳастанд нафароне, ки меомӯзанду тамоми умр онро дар хотир нигоҳ медоранд. Ҳеҷ коре, хосса омӯзиши забон саҳл ба даст намеояд, муҳит ончунон аст, ки агар каме ба хато роҳ диҳӣ, водорат месозанд, ки хиҷолат кашӣ. Дар ҳама ҳолат бояд ба худ гӯӣ, ки ин кор агарчи мушкил аст, аз уҳдаи он мебароям. Агарчи дар сатҳи чиниҳо забонро намедонистам, талош меварзидам, ки бештар муошират намоям. Ягона мушкиле, ки бо он мувоҷеҳ шудам, ин аз худ кардани иероглифҳо буд. Бо чиниҳо ҳоло ман метавонам беохир ҳарф занам, аммо дар навишт мушкилӣ дорам, зеро ин забон бесарҳад буда, то охир омӯхтани он ғайриимкон аст, - ироа дошт Умедабону.

Ин духтари ташнаи илму ҳунар ба санъату мусиқӣ низ меҳри беандоза дорад. Рассомиву суратгариро аз хурдӣ дӯст медошт ва дар ин масир қаламаш муъҷизаофар аст. Мегӯяд, ки аввал санъати ҷаҳонӣ ва баъдан ҳаваси чизе андӯхтан ӯро ба ин мартаба расондааст. Ӯ бо як ихтисос иктифо накарда, мехоҳад, ки баъди хатми магис­тратура дар соҳаи санъати тасвирӣ, коргардонӣ ё дизайнерӣ маълумоти дувумро ба даст орад. Истеъдоди худро сайқал додану ҳунаре омӯхтанро калиди дастовардҳояш медонад.

Барои ҷавонон интернет беҳтарин василаи ба ҳадаф расидан аст, агар онро мақсаднок истифода баранд. Масалан, чанд забон омӯзанд ва баъдан аз IT-технологияҳо баҳравар гарданд. Мо дар ҷаҳони иттилоотӣ умр ба сар мебарем ва агар ҷавонон дар ин самт ҷаҳд намоянд, барои онҳо роҳу имкониятҳои васеъ фароҳам меояд. Волидон дар ин самт бояд фарзандонро дастгирӣ намоянд, - меафзояд ӯ.

Умеда Акрамхонова бо дарки оне, ки ӯ дар ин Донишгоҳ ягона намояндаи Тоҷикистон аст, зиёд сари он меандешад, ки бо татбиқи кадом ғояҳо метавонад Тоҷикистонро ба чиниҳо бештар муаррифӣ намояд. Ҳоло роҳи осонтаринро дар рушди сайёҳии мамлакат ва намоиш додани имкониятҳои сайёҳии он тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ медонад. Дар ин самт қадамҳои аввалинро гузоштааст ва бовар дорад, ки гомҳои ӯ дар ин масир устувор хоҳанд буд.

Ситора АШӮРОВА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 3)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон