БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Муҳри саодат

Ҷавонон

Дидори нахуст

 

10.09.2008.

 

Сездаҳсола будам. Машқи шеърнависӣ руҳафзо буд.

 Он тобистон Панҷакенти бостониро, ки дар чашмҳои масоҳатбин хурду назарногир менамуд, биноҳои хуштарҳу замонавӣ, хиёбони гулпӯшу мумфарш, роҳҳои тахту ҳамвор ва боғҳои шукуфон шукӯҳи дигар мебахшид. Ин ҳама рушду нумӯ ба эҳтироми бузургдошти 1150-солагии қофиласолори назм устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буд, ки бо талошу заҳмати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни умумимиллӣ гашт.

Чанд рӯз пеш аз ташрифи муҳтарам Президенти кишвар ҳини омодагӣ идорашине мо, духтаракони пурорзуро, ки дар омодагиҳо аз нури мустақими офтоб ранг бадал карда будем, бо чашми зоҳирбин ба шеърхонӣ дар назди Ҷаноби олӣ, ки ширинтарину латифтарин орзуямон буд, нолоиқ донист:

-Панҷакент магар духтари сафедрӯ надорад?

Дар як они воҳид барномаро тағйир доданду ба ҷои мо, ки аллакай омода будему то расидан ба биҳишти руъёҳоямон фақат як гоми дигар мемонда, шаш нафар духтаракони парирӯро баргузиданд. Аммо дар лаҳни онҳо шираву самимият, ки мо доштем, эҳсос намешуд.

Аз он гурӯҳ чашмони ашколуду пофишорӣ ва шеърхонии камина дили масъулини пазироиро нармтар кард. Нахустин дидор, замзамаи як навраси сода ва силаи дастони Ҷаноби олӣ бароям саодатофару ифтихорбахш буд. Хотирмону гуворотар боз он буд, ки як моҳи расо сари силакардаи Ҷаноби олиро об назадам, то ҳикмати пирони рӯзгор: «Баъд аз салом бо подшоҳ чанд гоҳе об ба дастат марез…»- ро нашиканам. Шояд ҳамин буд, ки зиёд наздикону пайвандон ва дӯстону хешовандонам омада аз сару пешонаи ман бо ифтихор мебӯсиданду мерафтанд.

Гули меҳр

27.10.2012

Дар деҳаи Вота-Ёвон ба истиқболи меҳмонони воломақом мардуми зиёде аз Панҷакенту Айнӣ ҷамъ омада буданд. Дар он рӯзҳои босаодат Сарвари давлат ҷиҳати иштирок дар ифтитоҳи як зумра иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Рӯзи мулоқот дили мо, «Набераҳои Президент» ва тамоми сокинони хушбахти диёр аз гармии дидори навбатии роҳбари давлат сардии аввали обонмоҳро эҳсос намекард. Мо, се духтаракони хушбахт, ба Сарвари барӯманди кишвар, гули сипос тақдим мекардему бо каломи мавзун муҳаббати хешу ҳамдиёронро ба Президенти маҳбуб арз медоштем.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо муовини президенти Бонки осиёии рушд Сиаою Жаобо дар фазои тантанавӣ ба нав­созии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент оғози расмӣ бахшиданд, ки он дар сарнавишти минбаъдаи мардуми навоҳӣ ва рушди кишвар заминаи нав гузошт.

Донишҷӯи хушбахт

18.10.2015

Зарраҳои сафеди барф чун меҳри поку беолоиши сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент ба муборакбоди қудуми Пешвои маҳбуби миллат заминро парниёнпӯш мекард. Сарвари давлат чун пайвандгари дилҳои аҳли мамлакат тавассути шоҳроҳи тозаифтитоҳи Айнӣ - Панҷакент ба шаҳри Панҷакент ташриф оварданду раҳораҳ ба мардуми озодаву хушбахт, ки ба эҳтироми давлатмарди башоратовари истиқлолу ободии миллат дар шоҳроҳ саф кашида буданд, дастафшониву дилафшонӣ доштанд.

Аз шумори он донишҷӯёни хушиқбол будам, ки тариқи Квотаи президентӣ дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил мекардам. Дар радифи дигар сокинони шаҳри Панҷакент ба ман низ ин ифтихор даст дод, ки сипосу санои худ ва кулли донишҷӯдухтаронеро, ки бо дастгирии Сарвари давлат дар донишгоҳҳои бонуфузи кишвар таҳсил мекунанд, ба фарзонафарзанди Ватан бирасонам.

Наврӯзи ҳумоюнфол

20,03,2017

Толори бошукӯҳи «Зарандуд»-и Кохи Наврӯз бо ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва зиёиёни мамлакат накҳати баҳори ҷонбахшу наврӯзи ҳумоюнфол дошт. Мулоқоти самимию судманди Сарвари давлат бо аҳли эҷоди кишвар - олимон, ходимони адабиёт, театр, санъати тасвирӣ, мусиқӣ, кино ва дигарон сабзтарин тақвим дар ёдномаи мо гашт.

Чун соли 2017 аз ҷониби Президенти мамлакат «Соли ҷавонон» эълон шуда буд, ба мо, як зумра ҷавонони навкору навҷӯйи арсаи адабиёту илму ҳунар, иқбол мутеъ гашту эҳсоси дил, ҳарфи ниҳон ва дуруду санои хешро ба Раҳбари наврӯзтинат ва Пешвои муаззами миллат изҳор намудем. Шояд ҳанӯз ҳам хандаҳои ҷигарии аҳли нишаст аз суҳбати самимии мо бо муршиди саодати ватан дар толори Зарандуд танин андозад, ки дурбини аккосон он лаҳзаро ҷовидонӣ сохтаанд. Он баҳор ҳумоюнтарин наврӯзи ростини мо буд.

Соядасти офтобӣ

19,12,2020

Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бузургтарину фарогиртарин озмоишест, ки дилҳои аҳли адабу китобро ба тапиши мавзун овард. Иштирок ва сазовор гаштани ҷойи аввал дар бахши шоирии ин сабқати пурфурӯғ гомҳои мани раҳҷӯйи шеър­ро аз кӯчаҳои шакку гумон ба шаҳроҳи яқину бовар кашонд. Ройи яқин ба он, ки ин хоки шариф зодгоҳи бузургтарин суханофарони ҷаҳон асту аз таълимоташон шарқу ғарб ва хурду бузург яксон баҳра мебаранд. Бовар ба фардои дурахшоне, ки Мафтунаи дилдодаи ин хоку оби муқаддас дар нахустин мусаввадаи шеър ҷоизаву соядасти офтобии Президенти кишвар ва муҳри саодатро дорад…

 

Ин хотирот танҳо сатри равон нестанд. Ҳарфи хулусу иродат ва эҳтирому муҳаббати мост, ки дар ҳумоюнгоҳи кишвар-Душанбеи нозанин бо самимияти беолоиш Тоҷикистону Ватан, ишқу зебоӣ, ҷоннисориҳои фарзандони фарзона, саодати бонувони Тоҷикистон ва Пешвои маҳбубу муаззами миллатро васф мекунем…

Офтоби лоязоли Тоҷикистон,

Эй шукӯҳу эй ҷалоли Тоҷикистон.

Бо туву бо номи ту пайванд бошад.

Номаи бахту камоли Тоҷикистон.

 Мафтунаи ҚОСИМ

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон