БОЙГОНӢ

«    Январ 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Қолабшикан

Ҷавонон

Хеле кам иттифоқ уфтода, ки духтарони дурдасти кӯҳистон озодона пайи таълиму таҳсил камар бубанданд. Кам нестанд хонаводаҳое, ки садди роҳи таҳсили духтаронашон мегарданд, аз бими он ки мардум чӣ мегӯяд. Моҳира низ дар ноҳияе ба воя расидааст, ки теъдоди духтарони маълумоти олидор кам андар каманд. Вале ӯ тавонист, то қолабҳои шахшударо бишканад, зеро аз касеву чизе бим надошт.

 Қиблагоҳ, ки омӯзгор буд, бо таъсири ӯ ҳанӯз аз овони кӯдакӣ оташаки илмомӯзӣ дар умқи қалбаш шуъла мезад. Ҳар боре, ки ба мактаб мерафту дар дарсҳо ширкат меварзид, баҳри дилаш бештару беҳтар боз мешуду муҳаббати соҳибмаълумот шудан қалбашро фараҳ мебахшид. Ёд надорад, ки боре бидуни омодагӣ ба мактаб рафта бошад. Ҳар шом, баъди тановули ғизо, то дер мехонд. Хонданаш самар овард. Зодмандонаш иҷозат доданд, ки таҳсилашро дар донишгоҳе идома диҳад.

 Валекин, замоне хатмкунанда буд, миёни чорроҳа монд, зеро модар мехост, ки духтараш мисли ӯ табиб шаваду падар дар симои духтараш барномасозро медид. Ниҳоят, пешаи барномасозиро дар меҳвари интихоб қарор дод. Тариқи Квотаи президентӣ шомили Донишгоҳи технологии Тоҷикистон шуд. Ин боргоҳро бо сари баланд хатм карда, ба зодгоҳаш, ноҳияи Тоҷикобод баргашт. Фаъолиятро дар филиали №20 БДА ҶТ «Амонатбонк» оғоз бахшид.

 Ҳини ба кор омадани ӯ, дар бонк аз ҳисоби духтарон касе набуд. Вай аввалин бонуе буд, ки ба ин соҳа рӯ овард. Дастгирии оила ва ғамхории пайвастаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба духтарони деҳ неруяш медод. Барои духтарони зодгоҳ намунаи ибрат гардид. Ҳамин буд, ки теъдоди хоҳишмандони кор дар бонк аз ҳисоби духтарон дар ин маҳал афзуд. То он замон духтарон бештар табибиву омӯзгориро касб мекарданд.

  Тули 7 сол ягона зане будам, ки дар муассисаи мазкур заҳмат мекашидам. Зиёд мехостам, бонувон ба кор оянд. Бо мурури замон теъдоди занон бештар гардид. Барои таҷрибаомӯзӣ низ гулдухтарон бештар меоянд. Хоҳишу завқ ва дониши онҳоро дида, роҳбари муассиса кадрҳои баландихтисосро ба кор ҷалб менамояд. Ҳоло ду нафар коромӯзро аз ҳисоби духтарон омода намуда истодаем, ки боварӣ дорем аз вазифаҳои бар дӯшашон гузошта бо сари баланд мебароянд, - бо хушнудӣ мегӯяд Моҳираи Маҳмадисо.

 Моҳира фаъолияташро аз самти корҳои пас аз назоратӣ оғоз бахшида, ҳоло иқтисодчии дараҷаи 2 оид ба қарз, коршиноси қарзии шуъбаи қарздиҳӣ мебошад. Чордаҳ сол аст, ки дар ин муассиса бори заҳмат мекашад.

 Ҳангоми иҷрои вазифа худро на ин ки корманди бонк, балки хизматгори мардум меҳисобад. Пеш аз ҳама, барои дастрас намудани қарз ба мизоҷон дар муҳлати кӯтоҳтарин кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ба ҳар корафтода бо ширинсуханӣ санаи дақиқи пардохти карзҳоро мефаҳмонад. Намехоҳад касе аз ҳуҷраи кориаш ғамгину дил­озурда берун шавад.

  Азбаски ноҳияи мо аграрӣ аст, бештар мардум ба кишоварзӣ рӯ овардаанд. Теъдоди зиёди мизоҷон ҳам барои гирифтани қарзи кишоварзӣ ва истеъмолӣ муроҷиат менамоянд. Мекӯшем, ки хоҳиши онҳоро бароварда созем. Давоми як ё ду рӯз ҳуҷҷатҳояшонро аз назар гузаронда, дар кӯтоҳтарин муҳлат барояшон маблағи қарзӣ муҳайё месозем, - зикр мекунад Моҳирабону.

 Роҳбарияти бонк бо мақсади рушди кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар ноҳия, қарзҳои имтиёзнокро бо фоизи пасту муҳлати дароз ба деҳқонону кишоварзон пешниҳод менамоянд. Яке аз сабабҳои бештар рӯ овардани мардум ба бонки мазкур низ дар фоизи паст доштани он аст. Меъёри фоизи солонаи қарз бо пули миллӣ 18 фоизро ташкил дода, боиси сари вақт пардохт намудани қарз аз ҷониби мизоҷон мегардад.

 Дар баробари сабукиҳо ба мардум, инчунин, ба кормандони бонк низ имтиёзҳо ҷорӣ гардидааст. Барои онҳое, ки 10–15 сол собиқаи корӣ доранд, қарзи имтиёзноки корманд ҷорӣ гардидааст. Бо ин роҳ кормандон метавонанд, ниёзҳои худро бидуни мушкилӣ бароварда созанду зиндагиашонро беҳтару хубтар гардонанд.

 Дар баробари рушду равнақи соҳа, аз мушкилиҳои кор дар муассиса низ ҳамсуҳбатамро пурсон шудам. Ба қавли ӯ, солҳои пеш тамоми муроҷиату аризаи мизоҷонро дастӣ пур мекарданду менавиштанд, ки боиси бештар талаф ёфтани вақт мегардид. Ҳоло бошад, бо пешрафти илму техника ва ҷорӣ гардидани ҳукумати электронӣ дар мамлакат, кор дар соҳаи бонкдорӣ низ рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.

  Солҳои қабл, агар дар як соат аризаи 2–3 нафарро пур мекардем, ҳоло бошад, дар ин муддат тариқи электронӣ кори даҳҳо нафарро анҷом мебахшем, ки ҳам боиси кам масраф намудани коғазу вақт мегардад. Талаботи мизоҷони зиёд дар кӯтоҳтарин муҳлат қонеъ мешавад. Кори мо низ осон гашта, мизоҷ низ хурсанд меравад, - ироа медорад Моҳирабону.

 Ба пиндори ӯ, дар ҳар самти фаъолият масъулияти қавӣ доштан, бо низоми муайяне кор кардан ва меҳр доштан ба касб ба инсон неруи тоза мебахшаду дар ҷодаи интихобкардааш муваффақ мегардонад…

 Аввалан, ҳар инсон бояд ба худ бовар дошта бошад, ки ҳамин корро иҷро карда метавонад. Чун ба коре, ки бо азми қавӣ ҳиммат бубандӣ, комёб мегардӣ. Ҳатто, агар таҷрибаи зиёде ҳам дошта бошиву иродаат суст бошад, муваффақ шудан ғайриимкон аст. Дар сурати дониш надоштану ҳамарӯза пайи омӯзиш нашудан, инсон ҳеҷ гоҳ рушд намекунад, - мегӯяд Моҳирабону.

 Ба навкорон, аз ҷумла духтароне, ки фаъолиятро дар муассисаҳои бонкӣ шуруъ намудан мехоҳанд, дар баробари доштани забони хуш, чеҳраи хандон ва муомилаи хуб бо мизоҷонро тавсия медиҳанд, зеро дар сурати донишу малака ва таҷрибаи кофӣ доштан, агар чеҳраи хандону муомилаи хуб надошта бошӣ, метавонӣ мизоҷонро аз даст бидиҳӣ…

 Моҳирабону, дар баробари корманди таҷрибадору муваффақ будан, ҳамчунин, ҳамсари меҳрубону модари ғамхор низ ҳаст. Соҳиби 3 фарзанд буда, якҷо бо марди зиндагиаш пайи таълиму тарбияи онҳо камар бастаанд. Талош меварзад, то пас аз анҷоми вақти корӣ соатҳои бештарро бо аҳли хонавода сипарӣ намояд. Дар иҷрои рисолати модариву ҳамсарӣ низ пешгом бошад. Аз он фараҳманд аст, ки марди оқилу доно ҳамсафари ҳаёташ асту дар пешаи интихобкардааш дастёру мададгор.

Бунафшаи АБДУРАҲИМ,

Душанбе-Тоҷикобод-Душанбе

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2024_small.pdf [4.5 Mb] (зеркашиҳо: 34)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон