Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Рисолат аз насл ба насл
ҶавононҒолибият дар даври вилоятии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ» собит намуд, ки таъини монои ӯ кадрҳои ҷавон ба вазифаҳои масъули соҳаи иқтисод ва савдо, аз муҳимтарин тадбирҳои роҳбарияти ноҳия ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва боварӣ ба донишу маҳорат ва зарфиятҳои бонувони лаёқатманд арзёбӣ мегардад. Замира аз солҳои аввали оғози фаъолияташ дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ҳамчун кадри хушсалиқа ва масъулиятшиносу уҳдабаро сазовори боварии роҳбарон ва устодон дар соҳаи хизмати давлатӣ гардид.
Фаъолиятро дар ин ҷода соли 2015 аз зинаи мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи дастгоҳи раиси ноҳия оғоз бахшид. Хатмкардаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия илова ба савияи донишу истеъдодҳои фитрӣ ба қавле дар мактаби худсозии падари ҳикматомӯзаш тарбияву обутоби ҷиддӣ гирифта, дар баробари ҳушмандиву огоҳӣ аз илму донишҳои иловагӣ, ҳамзамон ду забони хориҷиро аз бар карда буд.
Шукронаи дасти сарнавишт, ки падари дурандешу дорои беҳтарин хислатҳои ҳамидаи инсониро насибам намуд, ки на танҳо аз уҳдаи тарбияву сариштаи рӯзгори хонавода ба хубӣ мебаромад, балки ҳар яки мо, фарзандонашро мувофиқи табиату зеҳнияташон ба пайроҳаҳои гуногуни зиндагӣ омодаву ҳидоят мекард, - аз айёми зери қаноти падар ба сар бурданаш қисса оғоз кард Замира. – Аслан барои духтарбачаҳо беҳтарин ва наздиктарин дугонаи ҷонӣ, ки аз ҳама розу ниёзаш огоҳӣ доранд, модарони онҳоянд, аммо ба ростӣ бо ҳама меҳру муҳаббати бузурги модарам ва ғамхориву дастгириҳои пайвастаашон, наздиктарин дӯсти шафиқам дар зиндагӣ қиблагоҳам буд, ки аз ҳама хоҳаронам дида, вақти зиёдашро барои илму забондонӣ ва рушди ҷаҳонбинии ман бахшидааст.
Аз хабари натиҷаи ниҳоии имтиҳони дохилшавӣ ба Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия нахуст падарашро огоҳ намуд, то ӯ муждаи деринтизорро ба модар ва дигар аъзои оила бирасонад. Замира буғзи гиря дар гулу лаҳзае сукут ихтиёр намуда, суҳбатро идома медиҳад. – Ба ростӣ, аз ин гардиши муҳим дар овони ҳабдаҳсолагӣ, гуфтам, аз ман дида шодиву хурсандии падарҷонам дучанд зиёд менамуд. Самараи шавқу рағбати бепоёни ӯ дар рушди зеҳнии ман буд, ки аз маҷлисҳои мактабӣ то дар тамоми машғулиятҳои ҳунару забономӯзӣ маро ҳамроҳӣ дошта, инҷониб соҳиби ихтисосҳои ҳуқуқшиносиву иқтисодчӣ, дорандаи сертификатҳои хатми маҳорати компютер ва курсҳои омӯзишии забонҳои англисиву русӣ гардидам.
Давоми панҷ соли баъди хатми МТМУ №92-юми шаҳри Душанбе дар баробари таҳсилоти олӣ, ҳамвора, дар ҷодаи бозомӯзии илму ҳунарҳои иловагӣ ва худсозиву оламшиносӣ рушду пешрафтҳо намуд, дар ин миён издивоҷ бо ҷавони ихтисосманди риштаи иқтисод ва молия ӯро соли 2012 ба ноҳияи дурдасти Дӯстии вилояти Хатлон бурд. Ба бахти ӯ волидон дар интихоби ҳамсари ояндааш диққати ҷиддӣ медоданд, ки пеш аз ризоят шахсан ба хонаи хостгорони Замира меҳмонӣ рафта, аз муҳити хонаводагии оилаи ояндаи духтарашон огаҳӣ пайдо намуданд.
Мояи хушбахтӣ ва ифтихору сарфарозии ман аст, ки баъди ба шавҳар баромадан, хушдомани маърифатпарварам, муаллими номвар Хурсаной Аҳроровна монои модарам маро дӯст дошта, дар таҷрибаандӯзии оиладорӣ роҳнамои беминнатам мебошанд. Падари фарзандонам бо ҳама серкориву масъулиятҳои касбӣ, ки дар бахши молияи ноҳия фаъолият доранд, вақт ёфта, дар рушду пешрафт ва такмили донишҳоям кумак мерасонанд,-иброз медорад Замира.
Мавсуф фаъолиятро дар соҳаи хизмати давлатӣ аз зинаи мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи дастгоҳи раиси ноҳия оғоз бинмуда, баъди хатми магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2020 ба вазифаи сармутахассиси бахши умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳияи Дӯстӣ пешбарӣ гардид.
Баъди ду соли фаъолият донишу бартариҳои зеҳниашро дида, раиси ноҳия Даврон Нишонзода номзадии ӯро дар вазифаи мудири бахши иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муносиб донист. Дар оғоз аз эҳсоси ҳаяҷон ва фарзияҳои масъулияти ҷиддии ин самти фаъолияти мақомот синни ҷавону рисолати оиладориашро баҳона пеш меорад. Чун роҳбарияти ноҳия ба хотири тасмими дуруст гирифтанаш ва баррасии ин мавзуъ дар доираи хонаводагӣ ба ӯ фурсат медиҳанд, дар баробари ризоияти хонаводаи ҳамсар ва ҳам ангезабахшиҳои волидонаш, ки дар симои ӯ хизматчии шоистаи давлатро пешгӯӣ мекарданд, Замира ба завқу руҳбаландии тоза ба иҷрои масъулиятҳои навбатӣ шуруъ намуд.
Барои зан дар ҳаёти оилавӣ ва ҳам дар фаъолиятҳои касбиву рушди маҳорату истеъдодаш, пеш аз ҳама, дастгириву ҳамнавоии аҳли оила ва дар лаҳзаҳои зарурӣ маслиҳатгару роҳнамои заковатманде мебояд, то дар шебу фарози рӯзгорон обутоб биёбад, - мегӯяд мусоҳибам. - Имрӯз мояи саодату шарафмандии мо, бонувони даврони Истиқлоли Тоҷикистон аст, ки таҳти ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар беҳтарин шароитҳо илму ҳунар омӯхта, фаъолият дорем. Шукри неъматҳои истиқлолият, ки дар солҳои вазифаи мудири бахши иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстиро ба зимма доштанам, дар давраҳои ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ то шомгоҳон дар ҷойи кор саргарми таҳлилҳои иқтисодӣ мемондам. Дар ҷаласаву конфронсҳои соҳавӣ бошад, маро эҳсоси фараҳманде фаро мегирифт, ки миёни ҳампешаҳоям аз 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ягона бонуи иқтисоддонам, ки ноҳияи Дӯстиро муаррифӣ менамоям.
Дасти сарнавишт. Сабабҳои оилавӣ пеш омаду Замира як муддат аз фаъолиятҳои касбӣ канор рафта, машғули тарбияи фарзандон шуд. Аммо бо гузашти чанд муддат ӯву ҳамсараш ба хулосае меоянд, ки хонашинӣ хоси чунин бонувони саводманду хушсалиқа нест ва аз соли 2024 дубора ба фаъолият пардохт. Ин дафъа корро аз зинаи мутахассиси котиби васояту парастории МИМҲД ноҳияи Дӯстӣ оғоз бинмуда, ҳамакнун, бо такмили ҳуҷҷатгузорӣ ва ҷоннок намудани самтҳои фаъолияти идорӣ, донишу малакаи худро дар ин самт санҷида истодааст. Баҳри худсозиву рангорангии ҳаёти худу аҳли оилааш саъй дорад, то орзуҳои ширини худро ба ҳақиқат мубаддал гардонад.
Баъд аз соати корӣ соате бо фарзандонам дарс тайёр мекунам ва шукри Эзид кӯдакони мо ҳам монои волидонашон ба забономӯзӣ завқи беҳад доранд. Баъди оғози соати оромии ҷигарбандон худ ба омӯзиши иловагӣ ва тарҳрезии нақшаи кории рӯзи оянда машғул мешавам, зеро азму иродаи пешоҳангӣ доштан мароми ман дар зиндагист. Умуман, мо насли истиқлоли кишварро мебояд, ки дар ҷодаҳои корзор фаъолу ташаббускор буда, тавони андешидани ояндаи худро дошта бошем. Бетардид, барои ҳар фарди худшинос омӯзишу баҳрабардорӣ аз паёмҳои ҳарсолаи Президенти кишвар ва сармашқи кору зиндагии худ қарор додани ин ҳуҷҷати тақдирсози миллату давлат, мояи пешрафту саодати зиндагист, - иброз медорад Замира Муродова.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Дӯстӣ