БОЙГОНӢ

«    Март 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Самари шаҳдбор

Ҷавонон

Имрӯзҳо дар кишвари тозаистиқлоли мо ҷавононе ба воя мерасанд, ки туфайли донишу маҳорат ва истеъдоди нодири худ баҳри расидан ба қуллаҳои баланди илм ҷидду ҷаҳд намуда, барои ба даст овардани самараи меҳнати хеш кӯшишу ғайрати зиёде ба харҷ медиҳанд. Онҳо дар баҳри пуртуғёни илм гуҳаррезаҳоро дарёфта, баҳри пешрафти кишвар, баланд бардоштани сатҳи илми тоҷик ҳиссаи сазовор мегузоранд.

Зиннатой Бобоҷонова низ яке аз олимони ҷавону сермаҳсули даврон буда, маҳз бо заҳмати ҳалолу созандаи хеш имрӯз байни ҷомеа маъруфият пайдо кардааст. Озмуни «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд», ки ба хотири татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои

миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон дар кулли бахшҳо ва ба ин минвол тарбия намудани мутахассисони соҳибкасби ҳирфаӣ баргузор гардид, бозгӯи татбиқи эълон гардидани солҳои 2020–2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» буда, баҳри дарёфти истеъдодҳо дар соҳаи илму истеҳсолот ва тавсеаи тафаккури техникии насли нав­рас нақши арзанда гузошт. Озмун самтҳои барномасозӣ ва низомҳои иттилоотӣ, дизайн ва меъморӣ, сохтмон, экология, геология, энергияи барқароршаванда, таҷҳизоти мошинсозӣ, маркшейдерӣ, металлургия, кӯҳкорӣ, техникаву технология ва илмҳои табиатшиносиро дар бар гирифта, соҳибистеъдодҳову навоваронро ба ҳам овард. Зиннатҷон Бобоҷонова низ ғолиби ин озмун гардид.

Зиннатҷон ҳанӯз хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11-уми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буданаш аз фанни химия борҳо ғолиби олимпиадаву озмунҳои сатҳи ноҳиявию вилоятӣ гардида буд. Меҳри касби пуршарафи омӯзгориро дар қалби ӯ модараш Муяссархон Тиллобоеваи суханшинос ва падараш Ҳакимҷон Тиллобоев, ки ҳамагон он касро ҳамчун номзади илми химия, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мешиносанду эҳтиромашонро ба ҷо меоранд, бедор кардаанд. Ҳамчунин, аз устоди худ, доктори илмҳои техникӣ, профессор Холмурод Назаров, ки алҳол ба сифати муовини директори филиали Агентии амнияти химиявӣ – биологӣ, радиатсионии ядроӣ дар вилояти Суғд фаъолият доранд, басо миннатпазир аст. Давоми фаъолияти омӯзгориаш дар таълимгоҳи олӣ беш аз чил мақола, 1 монография навиштааст. Луғати сезабонаи фанни химияро ҳамроҳи устодон барои шогирдон омода намуд, ки алҳол китоби рӯимизии донишҷӯён маҳсуб меёбад.

Ӯ солҳост аз фанни химияи органикӣ ва амалӣ ба шогирдони Муассисаи таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» дарс мегӯяд. Иштирок дар озмуни вилоятии «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд» дар бахши ихтироъ ва навоварӣ байни донишҷӯён ва олимони ҷавон барояш имконият фароҳам овард, ки бо пешниҳоди лоиҳаи худ майлу рағбаташро ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва навовариву ихтироъкорӣ ошкор сохта, барои шогирдони худ дар самти ихтироъкорӣ намуна бошад ва ҳам ворисони арзандаи замонро тарбия намояд.

Дар баробари 80 лоиҳа лоиҳаи Зиннатҷон низ бо унвони «Тарзи тоза кардани обҳои ифлосшуда аз металҳои вазнин» пешниҳоди ҳайати ҳакамон гардид. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола дар кишвар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» бо иқдоми наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дарёфти истеъдодҳо дар соҳаи илму истеҳсолот ва тавсеаи тафаккури насли имрӯз барпо мегардад.

Зиннатҷон низ ҳамроҳи устодони худ тасмим гирифт, ки бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», солҳои 2018–2028 Даҳсолаи байналмилалии амал: «Об барои рушди устувор», соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» тадқиқотеро ба анҷом расонанд, ки бар нафъи ҳамагон бошад. Маълум аст, ки сол ба сол обҳои зеризаминӣ рӯ ба ифлосшавӣ овардаанд. Тасмими онҳо ҷиҳати дарёфти усулҳои нав ба нави тоза кардани об буд. Барои ин онҳо аз ашёи хоми маҳаллӣ истифода бурданд. Миқдори муайяни пӯстлохи донаки зардолуро гирифта, аз он ангишти фаъол тайёр намуданд. Албатта, он тавассути роҳу усулҳои ба худ хос ба амал бароварда шуд. Аён гардид, ки баъди сӯзондани пӯстлохи донаки зардолу дар ҳарорати 400 дараҷа гармӣ он намуди металро ба худ мегирад, баъди сӯзондан дар ҳарорати 800 дараҷа гармӣ метал шакли дигарро соҳиб шуд. Ин амалиёт собит намуд, ки тамоми таркиби металҳои вазнин, аз қабили тиллову нуқра ва дигар металҳое, ки дар таркиби об мавҷуданд, ангишти фаъол метавонад ба худ ҷабад. Баъди 12 рӯзи нигоҳдорӣ маълум шуд, ки таркиби об аз 12 метали вазнин тоза шудааст. Албатта, метали ҳосилшударо ба якчанд лабораторияҳое, ки дар ҳудуди кишвар амал менамоянд, бурда, аз санҷиш гузаронданд. Дар навбати худ ангишти ҳосилшударо ба кислота дохил намуд, ки 12 метали хориҷшуда намоён шуд. Натиҷаи таҷрибаи эшон нишон дод, ки ангишти фаъоли ҳосилшударо то чаҳор маротиба истифода бурдан мумкин аст.

Беҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатӣ мо наметавонем дар ҷодаи касби пешгирифтаамон муваффақ бошем, - мегӯяд Зиннатҷон Бобоҷонова. - Идораи «Хуҷандобуканал», Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии шаҳри Бӯстон, лабораторияҳои дар пойтахти кишвар мавҷудбуда, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳо ҳамкори доимии моянд. Мо имрӯз дастур гирифтаем, ки ихтирои нави худро дар амал татбиқ созем. Барои ин соҳибкорони мамлакатро мебояд, ки бо сохта ба истифода додани коргоҳҳои истеҳсолӣ дар амалисозии нақшаҳои минбаъда бо мо, ихтироъкорон, ҳамкорӣ намоянд. Умед бар он мебандем, ки бо ихтирову навовариҳои худ сазовори боварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегардем ва кишвари худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифгар хоҳем буд,- мегӯяд ӯ.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

вилояти Суғд

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_02_2025_.rar [4.4 Mb] (зеркашиҳо: 59)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон