БОЙГОНӢ

«    Июл 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ғолиби озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

Ҷавонон / Аз ҳар боб

Ташкили озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ таҳаввулоти бузурги фарҳангиро ба вуҷуд овард, ки имрӯз хурду бузург бо шавқу рағбати зиёд ба китобхонӣ рӯ овардаанд. Озмуне, ки танҳо бо иқдоми марди наҷибу маорифпарвар Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фурӯғи маънавиро дар ҷомеа барафрохт ва талабгорони каломи бадеъро даҳчанд афзуд. Самараи ояндабахши Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», боис шуд, ки бо гузашти ҳар рӯз боло рафтани дӯстдорони фарҳангу адабиёт дар кишвар зиёд мегардад.

Дар ин чанд соле, ки ин озмуни пуршукӯҳ доир мегардад, ҳазорон китобдӯст маҳорати хешро дар даври ниҳоии озмун санҷида, баргузида- гон бо ҷому диплом ва мукофотҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадр мешаванд.

Кибриё Юсуфзода яке аз он нафаронест, ки иштиёқи беандоза ба мутолаа дошту ғолибият дар озмуни мазкур на танҳо орзу, балки мақсади асосиаш шуда буд. Ду сол ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфт, аммо пирӯз нашуд. Аз ин руҳафтода нагашта, васеътару амиқтар мехонд ва ниҳоят соли 2024 ҷойи сеюмро ба даст оварда, соҳиби 20 000 сомонӣ гардид.

Дар озмун аз рӯи номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон» ширкат варзид. Номгӯи мушаххаси осори насрӣ ва бештар аз 800 байт аз эҷодиёти адабиёти ҷаҳонро аз бар намуд.

-Бароям бештар адабиёти рус, Украина, Осиёи Марказӣ, Қафқоз, кишварҳои Амрико ва Канада, Амрикои Лотинӣ, Аврупо, адибони Эрону Афғонистон мароқангез буд. Ҳар китоб аз ин кишварҳо ба ман вуруднома ба он сарзаминро медод ва аз фарҳангу маданият ва тарзи рафтору афкорашон ошно месохт, мегӯяд номбурда.

Кибриё дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Байни се духтару ду писар фарзанди хурдӣ ба шумор меравад. Зодмандонаш Баҳрулло Юсуфзода масъули ҷамоат ва модараш Саодат Бобоева, ки худ муаллими забони русӣ мебошад, меҳри китобхониро дар дили ӯ ҷой додаанд. Дар баробари адабиёти ҷаҳон, вай аз адабиёти классик ва муосири тоҷик хуб огоҳӣ дорад.

Волидонаш дар тарбияи фарзандони хеш заҳмати зиёд кашида, тавонистаанд, ки дар дили онҳо донишандӯзиро бедор кунанду соҳибкасб намоянд. Вақте аҳли оила китоб мехонданд, ӯ ҳанӯз хондану навиштанро балад набуд, вале китобҳоро мисли калонсолон бодиққат тамошо карда, ба ҳавсала варақ мезад.

- Мактабро то синфи ҳафт дар ноҳияи Восеъ хондам. Боре дар озмуни фанние, ки дар Муассисаи таълимии «Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон» иштирок намудам, сахт мафтуни ин боргоҳи таълим шудам. Пеши падару модар зорӣ кардам, ки таҳсилро маҳз дар ҳамин макон идома диҳам. Онҳо хоҳишамро пазируфта, бароям шароит фароҳам оварданд. Азбаски таҳсил дар мактаб тариқи шартномавӣ сурат мегирифт, маблағи он дар як сол 4 000 сомониро ташкил медод. Намехостам, ки барои аҳли хонавода сарборӣ гардаму барояшон мушкилӣ эҷод намоям. Аз ҳамин сабаб шабу рӯз дар пайи таълим гирифтан ва иштирокчии фаъоли олимпиадаҳои байнимактабӣ будам. Роҳбарияти мактаб талошу кӯшишҳоямро дида, таҳсиламро тариқи ройгон иҷозат доданд,- иброз менамояд ин духтараки малеҳсухан.

Шоёни зикр аст, ки ӯ бо маҳорати китобхонию илмомӯзиаш даврони мактабхонӣ дар озмунҳои байнимактабиву ноҳиявӣ фаъолона иштирок мекард. Дорандаи чандин медалу ифтихорномаҳои фаннӣ аст.

Дар ин самт муаллимаш Мадина Аббосова саҳми босазо дошта, ба ӯ пайваста ёрӣ мерасонад. Онҳо адабиётеро, ки тариқи низомнома хонданаш зарур меомад, аз китобхонаҳои мактаб ва ноҳия дастрас мекарданд.

Шавқу рағбати Кибриё ба забонҳои хориҷӣ низ зиёд аст. Сарфи назар аз оне, ки бо забони русӣ ошност, алҳол ба омӯхтани забонҳои англисӣ ва чинӣ камар бастааст.

Вай ҳанӯз донишҷӯ асту дар дил орзуҳои бузург мепарварад. Мехоҳад донишҳои андӯхтаашро такмил дода, ҳамчун мутахассиси арзанда ба халқу Ватани худ хидмат намояд ва сазовори дастгириву ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошад. Дар факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ихтисоси англисӣ-чиниро аз худ мекунаду орзу дорад, то тарҷумони арзанда шавад.

М. УСМОН

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2025_small.pdf [3.99 Mb] (зеркашиҳо: 57)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон