БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Парчамат парфишон, Тоҷикистони ман!

Ҷавонон

Парчам на танҳо рамзи давлатдорӣ, балки рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ, рамзи якпорчагии миллат ва нишони шарафу номуси ҳар як фарди ватандўст мебошад. Пас, моро зарур аст, ки ин муқаддасотро гиромӣ дорем, дар зери партаваш бо ифтихор зиндагӣ кунем ва барои пешрафти Ватани азиз – Тоҷикистон содиқона хизмат намоем. 

                                           Шаҳбоз НЕЪМАТЗОДА,

ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат»

Варзишгарони тоҷик ҳар дафъа, ки бо Парчами кишвар ба майдони ҷаҳонӣ мебароянд, на танҳо ном, балки таъриху фарҳанги миллати моро муаррифӣ мекунанд. Парчами мо рамзи ваҳдат, сулҳ ва саодат аст. Бигзор он ҳамеша дар осмони Тоҷикистон парафшон бошад.

                                              Шабнам РАҲИМЗОДА,

мувоини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзи соҳибистиқлолии ҳар миллат аст. Барои ман Парчами Тоҷикистон рамзи ваҳдат, сулҳ ва ифтихори миллӣ мебошад. Вақте он парафшон аст, дар дили ҳар як тоҷик ҳисси ватандўстӣ, садоқат ва ифтихор бедор мегардад. Ман бовар дорам, ки Парчами миллӣ моро ба ваҳдат, меҳнат, донишандўзӣ ва муҳаббат ба Ватан раҳнамун месозад. 

                                                        АнисаАЛОМИДИНОВА,

 ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»

Мо насле ҳастем, ки зи дурии замонаҳо расидаем ва воқеан ҳам бо ғурури тоҷикона зери парчами сулҳу осоиштагӣ саф кашидаем. Ливои мо, ливои Коваи оҳангар, дирафши Сомониён ва мероси гаронбаҳои ниёгон аст. Ҳар як рангу ҷузъаш гувоҳ аз қаҳрамониву заҳмати ҳалоли мардуми ин сарзамин, гувоҳ аз таъриху фарҳанг ва русуми тоҷикона аст. Парчами Тоҷикистонро зеботарин ливои рўйи олам меҳисобам. 

                                                       Шоираи ДИЛШОД,

                     донишҷўйи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино

Паси ин порчаи матои ранга таърихи як давлату миллат ниҳон аст, ки дар масираш талошу ҷонбозиҳо дорад. Барои расидан ба ин порчаи матои муқаддас ҳазорон нафар фарзандони миллатдўсту истиқлолхоҳ ҷон ба каф гирифта, як гўшаи онро сурх кардаанд. Дар паси ин рамзи ҳастии миллат саҳифаҳои сабзу дурахшони миллати сарбаланде бо номи тоҷик ниҳон аст, ки гувоҳ аз сарсабзиву абадзиндагии он аст. Алорағми кини душманонаш, миллати тоҷик чун кўҳҳову бешазорони сарсабзи марзҳои таърихиаш сабзу сарбаланд боқӣ монд, ки он дар дирафшаш бо ранги сабз акс ёфтааст. Дар сояи ин ливои парафшону пур аз назокат мо бахти сафеди як миллати куҳанбунёдро мебинем, ки садсолаҳои мубориза сар ба душман фуруд наоварда, дубора соҳиби тоҷу тахт шудааст. Аз ин рў, Парчами мо ҳамчун рамзи шуҷоату ҷавонмандӣ, рамзи шукуфоиву сарсабзӣ ва рамзи сарбаландиву бахту иқболи наку бароямон азиз аст. 

                                       Бахтиёр ЗОИРИЁН,

номзади илмҳои филология, ассистенти кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ

Парчам рамзи давлатдорӣ, ягонагӣ ва ифтихори ҳар як миллат аст. Ҳамчун омўзгор талош намоем, то ки барои шогирдони худ намунаи ибрат бошем ва ҳисси ватандўстиву ифтихор аз рамзҳои давлатиро дар қалбҳои онҳо бедор созем. 

                                    Сарвиноз МУСОФИРЗОДА,

омўзгори МТМУ №91-уми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Соли 1997, вақте Рўзҳои фарҳан ги Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон мегузашт, ман ҳамчун намоянда аз кишварамон иштирок доштам. Ҳангоми намоиши фарҳанги миллӣ, дар баробари дигар иштирокчиён, либоси миллӣ ба бар, дар даст Парчами давлатӣ бо як ҳисси ватандўстиву хештаншиносӣ Тоҷикистони азизро муаррифӣ намудам. Шоёни зикр аст, ки Парчам шаҳодат аз Ватану ватандорӣ ва ифтихори миллии ҳар як фарди соҳибватан аст. 

                                 Дилафрўз ХУДОЙҚУЛОВА,

корманди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2025_small.pdf [4.42 Mb] (зеркашиҳо: 6)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон