БОЙГОНӢ

«    Феврал 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Духтари ватанпарвар

Ҷавонон

Вақте дар зиндагӣ ба мақоме расидан хоҳӣ, на танҳо умедвор будан, балки устуворона гом бардоштан рост меояд. Вақте андешаи мусбат дошта бошӣ, яқин дон, ки муваффақ хоҳӣ шуд.

 

Дилрабо Неъматзода низ аз зумраи ҷавонони муваффақест, ки барои пешрафт ва тарғиб намудани сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайи кор аст. Ин гулдухтари дўстдори варзиш хатмкардаи Литсейи барои хонандагони болаёқати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомист. Муҳаббаташ ба варзишро дар суҳбат ба муҳити хонаводагиашон рабт дод, зеро падару бобо ва амакҳояш ҳама варзишкор буданд. Ў низ ба варзиш завқ дошт, аммо шуълаи меҳраш дар кунҷи дилаш ба соҳаи илмҳои иқтисодӣ аланга мезад. Муҳаббат ва орзуҳои рангинаш буд, ки бо аз худ намудани донишҳои соҳаи мазкур роҳаш барои таҳсил дар донишгоҳ ҳамвор гардид.

Тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат супурд ва сазовори номи донишҷў дар факултаи молия ва иқтисоди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон гардид. Аз рўзҳои аввали таҳсил дар чорабиниҳои донишгоҳӣ ширкат варзида, аз худ ҳамчун як ҷавони фаъол дарак дод.

– Иштирок дар як ҳамоиши донишгоҳӣ, ки ба Паёми Сарвари давлат бахшида шуда гузашт, аз ҳамон рӯз меҳри ватандӯстӣ ва хидмат ба Ватанро бароям шиор гашт, – иброз дошт Дилрабо.

   Аз курси аввал узви фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Пайравони Пешвои миллат» буда, баъдан роҳбарии маҳфили «Ватанпарвар»-ро ба уҳда гирифт ва ҳамчун волонтёр дар баргузории чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ саҳми арзанда гузошт.

- Дар роҳи ватандўстиву хештаншиносӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи хидмат ба Ватан ягона роҳнамо ин суханони Сарвари ҷавонпарварамон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва устоди ман Маликшо Неъматзода аст, - гуфт Дилрабо. Ин ҷумлае буд, ки баробари гуфтанаш гулдухтари «Ватанпарвар» ифтихор мекард.

Муддате дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, масъулияти идораи сомона ва шабакаҳои иҷтимоии ин ниҳодро бар дўш дошт. Талошҳояш дар роҳи тарғиби арзишҳои миллӣ ва ватандўстӣ буд, ки солҳои 2023–2024 ба унвони «Беҳтарин волонтёр» ноил гардид. Аммо ин поёни дастовардҳои ў набуд.

Дилрабо Неъматзода ҳамчун як ҷавони фаъол ва тарғибгари сиёсати созандаи Пешвои миллат 17-уми июли соли 2025 дар ҳамоиши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуд, бо ифтихор аз созандагиву ободкориҳо ва дастгириҳои падаронаи абармарди миллат дар назди Пешвои миллат баромад кард. Аҳли толор ва Президенти кишвар ба шуҷоат ва суханронии ин ҷавони ватандўст - Дилрабо кафкўбӣ намуда, фаъолияти сиёсии чунин ҷавононро намунаи олии ибрат барои тамоми ҷавонони кишвар донистанд.

Номбурда бо шиори «Ватан баҳри ту меарзад ҳама шабҳои бедорӣ» ҷавони ба камол расидаи даврони соҳибистиқлолӣ аст.

Дилрабо Неъматзода, ҳамзамон, дар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон паи иҷрои рисолати бар дўш доштаи худ аст. Имрўз аз фароҳам будани шароити хубу муосир баҳри таҳсил ва кори ҷавондухтарон дар кишвар шукргузорӣ мекунаду ният дорад ҳамеша дар иҷрои масъулият содиқу софдил бимонад.      

                                                                                     Гулшан ҶЎРАЗОДА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2026_small.pdf [2.91 Mb] (зеркашиҳо: 12)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон