БОЙГОНӢ

«    Март 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Роҳ ба сӯйи комгорӣ

Ҷавонон / Слайдер

Ин бонуи заҳматписанд дар ҷодае, ки эътибор, иззат ва некномӣ дарёфтааст, нахуст модарро роҳбалади зиндагониаш мехонад, модаре, ки ҳунарманди гулдасту чевари моҳир буду моҳияти мақоли «каллаи холӣ – идораи шайтон»-ро медонист ва агар каме фурсати холӣ меёфт, китоб мехонд ва ҳатто ҳиссае аз достонҳои «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсиро дар ёдаш ҳифз карда буд. Меҳр ба адабиёт аз хонавор, аз устодони ғамхораш, аз мактаби миёнаи №8-и диёри Кангурт маншаъ дошт. Бегумон, фарҳангдӯстии модар ва маърифати падари омӯзгораш дар роҳи камолот ба духтар таъсири нек гузошт, ки ҳамчун шахсият сабзиду дар ҷомеа мақом ёфт.

 

Гулзира Каримова дар радифи олимони ҷавони кишвар имрӯз дар роҳи илм устувор гом мениҳад. Ба ҷуз ҷавонони навоҳии дурдаст, ҳамон сол ба духтарони шаҳр низ квотаи Президент ҷудо гардид ва Гулзира, хонандаи аълохону чолоки Литсейи давлатии №1-и шаҳри Левакант, ки орзуи ҳуқуқшинос шуданро дошт, бо маслиҳати устодаш Нурулло Давлатов тариқи квота ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шуд. Илмро ба амал ёр карда, дар баробари таҳсил дар МТМУ №14-и шаҳри Левакант ҳамчун омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик (2009–2012) фаъолият кард. Гулзира гирандаи Стипендияи президентӣ ва стипендияи раиси шаҳри Левакант буда, дар озмунҳои донишгоҳӣ ва вилоятӣ низ пайваста зафарёб мешуд ва аз ҷониби садорати донишгоҳ ва раиси шаҳр доимо бо ҷоизаву туҳфаҳои моливу пулӣ қадр мегардид.

Баъди хатми донишгоҳ бо роҳхати Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар Литсейи №1-и шаҳри Левакант ба фаъолият пардохт. Ҳам омӯзгор буду ҳам раиси созмони талабагон. Солҳои 2013–2015 ҳамчун нозири кадрҳо, иҷрокунанда дар бахшҳо ва мудири кабинети методӣ дар бахши маорифи шаҳр ифои вазифа намуд. Замоне, ки барои супурдани аттестатсияи такрорӣ ба шаҳри Душанбе омад, дид, ки имтиёзе барои дорандагони дипломи сурх дар бахши забони шуъбаи магистратураи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фароҳам аст. Ҳуҷҷат супурду дар озмун ширкат варзид ва дастболо шуд. Пас, нахуст дар магистратураи Институти забон ва адабиёти тоҷики АМИТ (2015–2017) ва баъдан дар докторантураи институт (2017–2020) таҳсил кард ва дар мавзӯи «Вожаҳои мураккаби сеҷузъа дар забони тоҷикӣ» бо роҳбарии донишманди фарҳехта, яғнобшинос Сайфиддин Мирзоев рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд.

Яке аз устодони институт барои идомаи кори илмӣ ӯро ташвиқ намуд, ки дар мавзӯи баргузидаи рисолаи номзадӣ қаблан таҳқиқе анҷом дода нашудааст ва ӯ метавонад дар ин самт пажӯҳиши амиқ анҷом диҳад. Бо як раҳнамоӣ Гулзира ҷиддан сари кор гирифт, ки ба ҳамин минвол се соли таҳсил дар докторантура ба таҳқиқи мавзӯи баёнгардида ҷараён ёфт. Он вақт фаъолияти шурои диссертатсионӣ ба ду сол мавқуф гузошта шуд. Ҳарчанд рисолаи илмии ӯ пурра омода буд, аммо аз ин ҳол рӯҳафтода нашуд. Қобилҷон Хушвахтзода, ки аз натиҷаи корҳои илмии ӯ воқиф буд, ӯро кадри ҷавону ояндадор ном бурд ва барои фароҳам овардани макони буду бош барои духтарони аспирант се ҳуҷраи хобгоҳи Академияро бо тамоми шароит муҳайё сохт.

Шурои илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз нав фаъол гардид. Моҳи апрели соли 2022 Гулзира дар минбари шуро барои дифои рисола қомат афрошт. Бо дарки масъулият устуворона рисолаи номзадӣ ҳимоя кард. Хушбахт буд, ки аз машваратҳои бебаҳои яке аз дурдонаҳои илми тоҷик Сайфиддин Мирзоев баҳравар гардида, дар роҳи дарёфти маънӣ аз ҳидоятҳои чунин ҳодии тавоно бархӯрдор буд.

Замони таҳсил дар Институти забон ва адабиёти АМИТ аз устодони фарҳанггустар Дилшод Раҳимӣ ва Абдуфаттоҳ Аминзода нозукиҳои кор, фарҳанги миллӣ ва фолклори тоҷикро амиқ омӯхт. Ин устодон ҷавҳаре дар ӯ диданд, ки хостанд Гулзира дар баробари таҳсил дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги кишвар ба кор пардозад. Ҳамин тавр, фаъолиятро аз соли 2016 дар пажӯҳишгоҳ оғоз карда, нахуст ходими калони илмии Маркази мероси фарҳангии тоҷикон (2016–2020) ва баъдан мудири шуъбаи илмӣ-методӣ (2020–2021) буд.

Гулзира Каримова аз моҳи феврали соли 2022 ҳамчун муовини директор оид ба корҳои методӣ ва умумии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебарад. Тӯли ин муддат ӯ як маҷмӯаи мақолаҳо, беш аз 45 мақолаи илмӣ-оммавӣ ва китоби «Пажӯҳиши баъзе унсурҳои фарҳанги суннатии тоҷикон»-ро таҳия намуда, дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба фарҳанги миллии тоҷикон суҳбатҳои зиёди ҷолибу омӯзанда анҷом додааст. Соли 2023 бо нишони Аълочии фарҳанги Тоҷикистон қадр гардид.

Ӯ хушбахт аст, ки миёни олимони номошно фаъолият дорад, ки замоне онҳоро аз оинаи нилгун медиду аз ҳар як нуктаи онҳо маънӣ мебардошт. Аз он ки модари дилогоҳаш барои пешрафту муваффақияти духтар талош кард, дар шебу фароз паҳлуи духтар буд ва акнун аз самари заҳматҳояш чашидан дорад, хушбахт аст. Гоҳе, ки нафаре ба модар рақам зада мегӯяд, ки «Гулзираро аз телевизор намоиш медиҳанд», модар фараҳ мегирад, меболаду мефахрад, ки духтари миёни ҷомеа муҳтараме дорад. Ва акнун Гулзира рисолати модари боҳушу рояшро мехоҳад такрор намояд ва ягона фарзанд — духтарчаашро тавре тарбия намояд, ки моми бузургаш барои ӯ карда буд. Бону Гулзира ба неруи худ бовар дорад: «Метавонам фарзандро тарбияи хуб кунам, метавонам, ки аз уҳдаи ҳама кор бароям ва бонуи муваффақи ҷомеа бошам» — аз шиор ва боварҳои ӯст. Инро гуфтаҳои зераш далел аст:

— Ҳамчун духтаре, ки аз минтақа бо имтиёзи беназири Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — квотаи Президент таҳсил карда, ба имкониятҳои васеъ дастрасӣ пайдо намудаву имрӯз ба ин мартаба расидаам, ба Пешвои миллат изҳори сипос менамоям. Дар нақша дорам, ки оянда на танҳо дар бахши фарҳанги миллӣ, балки аз дигар ҷабҳаҳо низ ба ҷомеа муфид бошам. Ба ҷавондухтарон гуфтаниям, ки дар зиндагӣ аз чизе наҳаросанд ва агар ба мушкиле мувоҷеҳ гарданд, ба худ гӯянд: «Ман метавонам». Ин нахустин қадам ба сӯи комгорист.

                                                                        Ситора АШӮРОВА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_02_2026_small.pdf [2.9 Mb] (зеркашиҳо: 17)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон