БОЙГОНӢ

«    Июн 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Сирри лӯхтак

Аз ҳар боб

           Зану шавҳар солиёни зиёд рӯзгори оилавии хуб доштанд. Миёнашон ягон сир вуҷуд надошт. Зан аз шавҳараш мудом як хоҳишашро ба такрор гӯшзад мекард:

 

-Илтимос, ба қутии куҳнаи пойафзоли болои ҷевон даст нарасонед.

Мард низ аз завҷааш дар даруни қуттӣ чи буданашро ҷӯё намегашт. Ӯ бар он назар буд, ки дар он ҷо чизе ҳаст, ки ба занҳо рабт дорад.

Рӯзе зан бемор шуда дар беморхона бистарӣ шуд ва аз шавҳараш хоҳиш намуд, ки он қуттиро барояш муҳайё созад.

Мард ба хона омада қуттиро во намуд, ки даруни он ду адад лӯхтаки дастбор ва 9500 доллари ИМА буд. Вай сабаби ниҳон доштани ин сирро аз завҷааш пурсон шуд. Ӯ гуфт:

-Қабл аз издивоҷи мо моми бузургам панд доданд, ки ба ҳиҷ ваҷҳ сӯяшон гап нагардонам ва ҳар гоҳе, ки аз Шумо сахт ранҷидам, барои фурӯ нишондани хашми хеш нишаста лӯхтак дӯзам.

Ҳамсараш аз шунидани ин сухан хурсанд шуда, завҷаашро ба оғӯш гирифта таҳпурсӣ кард:

-Давоми ҳаёти аз сар гузаронидаамон ҳамагӣ ду маротиба аз ман ранҷида будед, набошад ин пулҳо ( маблағ) аз куҷо омаданд?

-Лӯхтакҳоро фурӯхта ин маблағҳоро ҷамъ намудам,- табассу бар лаб посух дод завҷааш.

                                                                                                                       Таҳияи Умар АЛӢ

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_05_2026_small.pdf [3.08 Mb] (зеркашиҳо: 31)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон