Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Асрори «чашмони нилгун»-и Помир
Аз ҳар бобМавсими сайёҳии ҳамасола дар манотиқи Бадахшон оғози авҷи он умдатан ба моҳи май рост меояд. Миёни манзараҳои дилфиребу қуллаҳои баланд ва диҷҳои бостонӣ, чун ҳамеша, кӯлҳои Бадахшон тамошогарони зиёдро ҷалб менамоянд. Кӯлҳои зебо ҳанӯз диққати нахустин сайёҳон ва пажӯҳишгаронро, ки бештар аз сад сол қабл ба Помир меомаданд, ба худ кашида, «чашмони нилгуни Помир» унвон гирифтаанд. Бо пайдоиши ҷавонтарин кӯл — Сарез, ки бо номҳои «муъҷизаи ҳаштуми олам», «нозанини хуфта» ва «аждаҳои хуфта» маъмул аст, соли равон 115 сол пур шуд. Сарез соли 1911 бар асари заминларзаи шадид ва кандашавии кӯҳпораи Усой ва басташавии маҷрои рӯди Мурғоб ба вуҷуд омад. Кӯл дар баландии бештар аз 3200 метр аз сатҳи баҳр зиёда аз 17 миллиард метри мукааб оби тозаи ошомиданиро дар каф гирифтааст.
Имсол низ нахустин сайёҳон ба Сарез омаданд.Кӯл ҳар чи бештар ба яке аз маконҳои диданӣ барои дӯстдорони зиёди сайёҳии экологӣ аз дохил ва хориҷи кишвар табдил меёбад. Бархе аз мутахассисони ватанӣ истифодаи захираи бузурги оби тозаи кӯлро ба мақсади ҳалли мушкилоти оби тозаи ошомиданӣ дар ҷумҳурӣ ва дигар кишварҳои минтақа амалишаванда мешуморанд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаблан дар Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид, бо назардошти афзоиши ниёзи шадид ба оби нӯшоӣ ва полизӣ дар ҷаҳон, истифодаи захираи нодири оби Сарезро дар ҳамкорӣ ба нафъи кишварҳои ҳамсуд борҳо таъкид намудаанд.
Бунёди неругоҳи бузург дар поёни сарбанди табиии кӯл, ҳамчунин, яке аз имкониятҳои дигари истифодаи самараноки захираи оби Сарез арзёбӣ мешавад.
Ба гуфтаи мутахассисон, рахнашавии сарбанди табиии кӯли Сарез асоси илмӣ надорад. Чанд сол қабл дар Тоҷикистон заминларза рух дод ва мутахассисон маркази онро дар ноҳияи Мурғоб, дар наздикии кӯли Сарез муайян карданд. Вобаста ба ин ҳодиса фарзияҳо оид ба эҳтимолияти такрори заминларзаҳо дар минтақа ва нигаронӣ оид ба тобоварии сарбанди табиии Сарез ба офати табиӣ дар сомонаҳои интернетӣ ва нашрияҳо зуҳур карданд.
Намояндаи Пажӯҳишгоҳи сейсмологии шаҳри Тошканд дар робита ба мавзуъ ба хабаргузории «Россия-24» изҳор дошт, ки сарбанди табиии Сарез боэътимод ва мустаҳкам буда, ҳеҷ гуна хатари рахнашавӣ ба он таҳдид намекунад. Ба гуфтаи манбаъ, заминларза дар қаъри 20 километрии замин рух дода, дар рӯйи замин шиддати он 5 бал аз рӯйи ҷадвали Рихтерро ташкил дод, ки дар шароити Мурғоб хисороти молӣ ва ҷонӣ дар пай надошт. Ба гуфтаи ӯ, шиддати чунин заминларза барои сарбанди Сарез комилан бехатар буда, сарбанди табиии кӯл боэътимод ва мустаҳкам асту ба заминларзаҳои сахттарин ҳам тобовар мебошад ва нигаронӣ дар бораи эҳтимолияти рахнашавии кӯл аз офати табиӣ асоси илмӣ надорад.
Сайёҳон аз тамошои муъҷиза, манзараи зебои кӯл ва табиати атроф, боду ҳавои тоза баҳра мебаранду аз таоми болаззати аз гулмоҳӣҳои кӯл тайёршуда мечашанд. Аммо бузургтарин кӯли Бадахшон — Зебокӯл (Қаракӯл) аст, ки бо ғунҷоиши беш аз 27 миллиард метри мукааб дар миёни дашти бедолу дарахти паҳновари ноҳияи Мурғоб доман густурдааст. Оби кӯл шӯру намакин буда, кӯли сокит дар назари сафариёни масири автомобилӣ чодари паҳни чашмнораси кабудеро мемонад, ки гӯё аз бағали осмон дар моварои дашти беканор афтода бошад. Солҳои охир дар кӯл мусобиқаҳои заврақронӣ бо ширкати сайёҳон аз гӯшаву канори олам доир мешаванд, ки шавқмандони зиёдро ҷалб намуда, имсол низ баргузории чунин мусобиқаи байналмилалии қаиқронӣ дар ин макон дар назар аст.
Суманкӯл, Зоркӯл ва Рангкӯл — кӯлҳои калони дигар дар Бадахшон ҳастанд. Моҳии Суманкӯл дар бозори шаҳр ба таври фаровон дар фурӯш аст. Обанбори Суманкӯл ҳамчунин ба мақсади пур намудани оби рӯди Ғунд дар фасли сармо ва камобӣ ба хотири коҳиш наёфтани ҳаҷми тавлиди барқ истифода мешавад.
Зоркӯл бо табиат ва олами набототи нодири хеш беш аз пеш мавриди таваҷҷуҳи сайёҳон қарор мегирад. Он дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҷой гирифта, сайёҳон то расидан ба он ҷо аз фарҳангу ҳунарҳои мардумӣ ва тамошои диҷҳои бостонии минтақаи Вахони Ишкошим, ки бунёдашон ба аҳди Кӯшониён мерасад, баҳравар мешаванд.Кӯл дар моварои хатти парвози парандагони кӯчӣ қарор гирифта, дар атрофи он селаи парандагони гуногуни нодирро дидан мумкин аст. Моҳҳои апрел ва май дар ин ҷо ғози ҳиндӣ, ки онро «маликаи Зоркӯл» ҳам ном мебаранд, лона мегузорад. Кӯл захираи фаровони моҳиро доро мебошад.
Кӯлҳои Помир ба ғайр аз захираи бузурги об манбаи фаровони моҳӣ ҳастанд, аммо аз ин атои табиат то ба ҳол ба таври зарурӣ истифода намешавад. Ба бовари коршиносон, рушди моҳипарварӣ диққати бештар мехоҳад.
Ба ҳисоби мутахассисон, дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бештар аз 140 кӯлҳои хурду бузург ҷой гирифтаанд, ки ҷузъе аз табиати биҳиштосову пурасрори кишварамон ҳастанду тамошояшон ба яке аз хатсайрҳои ҷолиби сайёҳӣ табдил ёфтааст.
М. Шоҳҷамол
ВМКБ
Мубодила:
Шарҳҳо











