БОЙГОНӢ

«    Июл 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Насле, ки фардои миллатро месозанд

Аз ҳар боб

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон 62 сол муқаддам бо қарори Анҷумани Шӯрои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар даҳҳо кишвари ҷаҳон таҷлил гардида буд. Ин сана ба мо - калонсолон ҳушдор медиҳад, ки масъулияти ҳифзи саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия дар мактабу оила, рушди қобилияту эҷодиёти кӯдакон ва омода намудани онҳоро ба зиндагии мустақилро фаромӯш насозем.

 

Хабарнигори «Бонувони Тоҷикистон» бо Нигора Султонзода - директори Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» перомуни рушди қобилияту истеъдоди кӯдакону наврасон, омодасозии хонандагон ба олимпиадаҳои байналмилалӣ ва нақши муассиса дар тарбияи насли донишманд суҳбат анҷом дод.

МАРКАЗЕ БАРОИ РУШДИ ИСТЕЪДОДҲО

Муассисаи мазкур солҳои охир ба яке аз марказҳои муҳими рушди ҳаракати олимпӣ ва омодасозии хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ҳини суҳбат Нигорабону иброз дошт, ки тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Марказ барои татбиқи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021–2025 бо бинои алоҳида дар пойтахти Ватан таъмин гардид.

Муассиса дар асоси Низомномаи намунавии таҳсилоти иловагӣ фаъолият намуда, кӯдаконро пас аз машғулиятҳои мактабӣ ба дарсҳои иловагӣ фаро мегирад.

-Мо мекӯшем, ки хонандагони болаёқат бештар ба омӯзиши илмҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ ҷалб шаванд. Давоми соли таҳсил онҳоро барои иштирок дар озмуну олимпиадаҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ омода месозем. Ҳамчунин, мо даври шаҳрии олимпиадаҳоро ташкил ва доир мекунем, - мегӯяд роҳбари таълимгоҳ.

Имрӯз дар Марказ омӯзгорони соҳибтаҷриба фаъолият дошта, барои рушди қобилияти зеҳнии хонандагон аз усулҳои муосири таълим истифода мебаранд. Маҳз чунин муҳити илмӣ имкон медиҳад, ки наврасон истеъдоди худро рушд дода, дар олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ширкат варзанд.

 

МАЙДОНИ РАҚОБАТИ ЗЕҲНҲО

Олимпиадаҳои фаннӣ имрӯз танҳо як мусобиқа набуда, балки майдони воқеии рақобати зеҳнҳо, кашфи истеъдодҳо ва рушди ҷаҳонбинии илмии наврасон аст. Иштирок дар чунин озмунҳо ба хонандагон имкон медиҳад, ки донишу малакаи худро такмил дода, тафаккури таҳлилӣ ва қобилияти эҷодиашонро рушд диҳанд.

Дар семоҳаи аввали соли равон хонандагони шаҳри Душанбе дар 12 даври интихобии олимпиадаҳои байналмилалӣ аз фанҳои математика, физика, химия, биология ва технологияи иттилоотӣ қувва озмуданд.

Ба олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла APhO, EuPhO, IChO, IMO, IOI, IBO ва IZhO роҳ ёфтан худ нишони омодагии ҷиддӣ ва сатҳи баланди дониш мебошад. Ин олимпиадаҳо беҳтарин хонандагони ҷаҳонро ҷамъ оварда, барои муайян намудани қавитарин зеҳнҳо доир мешаванд.

МЕДАЛҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Яке аз дастовардҳои муҳими хонандагони тоҷик иштирок дар Олимпиадаи байналмилалии IZhO-2026 ба ҳисоб меравад, ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид. Дар сабқат беш аз 700 нафар хонанда аз 15 кишвари ҷаҳон иштирок намуд.Аз шаҳри Душанбе 14 намоянда буд ва онҳо соҳиби 1 медали тилло, 1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ гардиданд. Ин дастовард бори дигар собит намуд, ки хонандагони тоҷик метавонанд дар сатҳи байналмилалӣ рақобати арзанда дошта бошанд.

Ҳамзамон хонандагони пойтахт дар олимпиадаҳои байналмилалии «Brainiacs-2026», «TeenEagle-2026», «American Mathematics Competition» ва «ITMC-2026» низ иштироки фаъолона доштанд. Танҳо дар ду олимпиадаи байналмилалӣ - «Brainiacs-2026» ва «TeenEagle-2026» зиёда аз 1200 хонандаи шаҳри Душанбе соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардид. Ин нишондиҳанда барои низоми маорифи пойтахт дастоварди назаррас арзёбӣ мешавад.

Дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs-2026» 1614 хонанда иштирок намуда, 916 ҷойи ифтихориро соҳиб гардид. Ин рақамҳо аз болоравии сатҳи дониш ва рушди ҳаракати олимпӣ дар пойтахт дарак медиҳад.

Дар баробари дастовардҳои байналмилалӣ, хонандагони мо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ низ ба натиҷаҳои назаррас ноил мешаванд. Аз ҷумла, Абубакр Хушвахтзода - хонандаи синфи 11-и Литсейи президентӣ сазовори ҷойи дуюм, Нурмуҳаммад Исоев - хонандаи синфи 11-и Гимназияи №1 ва Изатулло Раҳимов - хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №78 ҷойҳои сеюмро соҳиб шуданд.

Ҳамчунин, Умар Қурбонзода - хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқат соҳиби ҷойи дуюм ва Аҳмадҷон Султонов сазовори ҷойи сеюм шуданд.

Дар баробари ин, Рустам Зайнуддинзода аз МТМУ №90, Нигора Мирзомаҳмадиева аз МТМУ №40 ва Шодирова Муниса аз МТМУ №79 бо дипломҳои ифтихорӣ қадр гаштанд.

Дилноза Муқимова - хонандаи МТМУ №10 дар озмун ба гирифтани ҷойи дуюм ва дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», Давлатова Нушин - хонандаи синфи 9-и Гимназияи №1 сазовори ҷойи сеюм шуданд.

РУШДИ ТАФАККУР ВА ҶАҲОНБИНӢ

Дар баробари олимпиадаҳои фаннӣ, дар Муассиса озмуну мусобиқаҳои зеҳнӣ низ баргузор мегарданд, ки барои рушди қобилияти фикрронӣ ва ҷаҳонбинии наврасон нақши муҳим доранд. Яке аз чунин озмунҳо Олимпиадаи «Spelling Bee» мебошад, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши забони англисӣ ва рушди малакаи талаффузи дуруст миёни хонандагон баргузор мегардад.

Ҳамчунин, мусобиқаҳои шоҳмот барои рушди тафаккури мантиқӣ, малакаи таҳлил ва сабру таҳаммул мусоидат мекунанд. Имрӯз шоҳмот дар ҷаҳон яке аз бозиҳои зеҳнии машҳури ҷаҳонист ва иштироки наврасон дар чунин мусобиқаҳо барои рушди қобилияти фикрронӣ аҳамияти калон дорад.

ЧАРОҒИ РОҲИ ИСТЕЪДОД

Албатта, пушти ҳар як дастоварди хонанда заҳмати омӯзгор меистад. Имрӯз дар Марказ 29 омӯзгори соҳибтаҷриба фаъолият дошта, қисми зиёди онҳо соҳиби унвонҳои илмӣ ва соҳавӣ мебошанд. Омӯзгорон на танҳо дарс мегӯянд, балки хонандагонро ба мустақилона фикр кардан, таҳлил намудан ва ҷустуҷӯи дониш ҳидоят месозанд. Тавре Нигорабону иброз дошт, пешрафти хонанда қабл аз ҳама аз омӯзгор вобаста аст.

-Вақте омӯзгор донишманду эҷодкор аст, хонанда низ ба илм шавқу рағбат пайдо мекунад. Мо мекӯшем, ки барои омӯзгорон низ шароити хуби корӣ ва имконияти рушди касбӣ фароҳам оварем, - илова намуд ӯ.

Соли 2025 омӯзгорони Муассиса дар озмуну ҳамоишҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шуданд. Аз ҷумла, Раҷабзода Хусрав - омӯзгори фанни ҳуқуқ дар Форуми XV иқтисодии ҷавонони Авруосиё - 2025, ки дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия баргузор шуд, дар номинатсияи «Беҳтарин эссе ва беҳтарин кори илмӣ-тадқиқотӣ» сазовори ҷойи аввал гардид.

Ҳамчунин, омӯзгори фанни география Ҳузуриддин Зиёев дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мақоми аввал ва омӯзгори маҳфили «Рӯзноманигорӣ» Маҳноза Тӯхтаева дар озмуни шаҳрии «Мақолаи беҳтарин» ҷойи якумро соҳиб шуданд.

КӮДАКОН ОЯНДАИ ДАВЛАТАНД

Дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чунин дастовардҳо аҳамияти бештар касб мекунанд, зеро ғамхорӣ ба кӯдакону наврасон, фароҳам овардани имконият барои таҳсил ва рушди қобилияти онҳо сармоягузорӣ ба ояндаи давлату миллат мебошад.

Имрӯз наврасони тоҷик бо дониш, ҷаҳонбинии муосир ва истеъдоди худ Тоҷикистонро дар арсаҳои байналмилалӣ муаррифӣ намуда, Парчами давлатиро баланд мебардоранд. Бешубҳа, чунин кӯдакон фардои миллатро месозанд.

                                            Далер Сафар

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2026_small.pdf [3.48 Mb] (зеркашиҳо: 30)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон