Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Фаровонии дастархон аз заҳмати деҳқон
Аз ҳар бобБонуи боғайрати маҳалла
Ҳини вохӯрӣ бо намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар аз бобати рушди соҳаи кишоварзии минтақа, ки дар он саҳми 8 кооперативи истеҳсолӣ, 11 хоҷагии боғдорӣ, 4 хоҷагии ёрирасони ташкилоту муассисаҳо ва 23 хоҷагии деҳқонии фермерӣ назаррас аст, суҳбат доштем. Маълум гардид, ки дар 3 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳр 18,2 миллион сомониро ташкил дода, аз заҳмати кишоварзони неъматофар дастархони мардум аз полизиҳои барвақтӣ ғанӣ гаштааст.
Яке аз маҳаллаҳои рустанипарварии маъруфи шаҳри Бохтар — маҳаллаи Ғайрат мебошад ва шуғли асосии сокинони он парвариши сабзавоти барвақтист. Дастранҷи кишоварзони маҳалла на танҳо вориди бозори дохилии шаҳр, балки ба тамоми нуқтаҳои фурӯши меваю сабзавоти вилояти Хатлон ва берун аз он паҳн шуда, аҳолиро бо маҳсулоти тару тоза таъмин месозанд.
Вақте заҳмати деҳқонони маҳаллаи Ғайрат ёдоварӣ шуд, дар баробари ном бурдан аз кишоварзони соҳибтаҷриба, ки умри худро сарфи пеша кардаанд, онҳо аз дастовардҳои бонуи кишоварз Майрамбӣ Зоҳидова васф намуданд. Ҳисси кунҷковӣ боло гирифту хоҳиши аз наздик шиносоӣ пайдо кардан бо ин бонуи заҳматписанд моро ба маҳаллаи Ғайрат овард.
Воқеан, бо ворид шудан аз дарвозаи меҳробдори кӯча, ки аз он роҳи маҳаллаи Ғайрат оғоз меёфт, аз як тараф заминҳои пур аз ниҳолҳои помидору бодиринги акнун ғарқи гулбуда чашми касро мерабуд. Аз тарафи рост ҳавлиҳои сокинон, ки аксаран дарвозаҳояшон кушода буданд, гармхонаҳои одиро дидан мумкин буд. Замини хоҷагии деҳқонии Майрамбӣ бошад, дар поёнтари маҳалла воқеъ будааст.
Омӯзгор ва ҳам кишоварз
Майрамбӣ гоҳ-гоҳе ҳамроҳи модар дар замини наздиҳавлигиашон дар нигоҳубин ва кӯчати ниҳолҳои помидору бодиринг ва дигар сабзавоти киштшуда ёрӣ мерасонд. Аксаран модар монеи дастёрии духтараш шуда, таъкид мекард, то вақти худро бештар сарфи омӯзиши касбу ҳунар ва мутолиаи китоб намояд.Завқи Майрамбӣ аслан ба адабиёти рус афзуда буд ва пайваста аз эҷодиёти адибони рус, ҳамчунин, асарҳои нависандагони ҷаҳонро бо забони русӣ бомароқ мехонд.
Роҳнамоиҳои модар ва шавқу рағбат ба донишандӯзӣ Майрамбиро ба даргоҳи илму дониш овард. Ӯ соли 2015 баъди хатми МТМУ №14-и зодбум ба Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар дохил шуд ва пас аз хатми он ба таълиму тарбияи хонандагони мактаб пардохт.
Баъдан, тасмим гирифт, то донишу таҷрибаи омӯзгориашро тақвияту сайқал диҳад ва ӯ шомили факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав гардид.
— Омӯзгорӣ касби ман аст, вале кишоварзӣ пешаест, баробари қадам ба ин хонавода гузоштан муҳаббати он дар ҷисму ҷонам мақом ёфт. Ҳаёти оиладориамро бо хонаводае пайвастам, ки аз меҳнати ҳалоли деҳқонӣ луқмаи худро меёфтанд. Ҳама аъзои оила аз субҳи содиқ то фаро расидани пардаи шом ба кори хоҷагӣ шуғл меварзиданд. Агарчи аз сари замин хаставу монда меомаданд, рӯҳан орому хушҳол буданд. Бари дастархон сарҷамъ шукр аз неъмати ҳалоли меҳнатӣ доштанд, тифоқ буданду дилгарм аз ҳамдигар.
Соли аввали навхонадорӣ бо аъзои хонавода аз рӯи ҳавас ба кори хоҷагӣ пайвастам ва майлу хоҳишам ба кишоварзӣ сол аз сол афзудан гирифт. Бахусус, давраи рухсатии баъди таваллуди кӯдаконам фурсати мувофиқ барои машғул шудан ба кишоварзӣ шуд. Баъди шуғл бо замин афсурдаҳолиям бартараф гашта, аз нигоҳи равонӣ худро бардам ҳис мекардам, — мегӯяд бону Майрамбӣ.
Масоҳати замини хоҷагии деҳқонии «Азимҷон» 3 гектар буда, алҳол дар зиёда аз 20 гармхонаи он помидору бодиринг ва қулфинай пухта расидаанд. Ба гуфтаи бонуи кишоварз, хонавода рӯзӣ аз пушти деҳқонӣ, ки ёфтаанд, бо ворид намудани сабзавоти омодашуда ба бозори дохилӣ иқтисоди оила беҳбуд мегардад.
Бонуи кишоварз бо анҷоми фасли зимистон аз тухмиҳои захиракардаи помидори навъи «Самандар», «Замира» ва навъҳои бодиринги «Меҳрон», «Орзу», «Тико»-ро дар қуттиҳо кошта, ниҳолакони парвардаро дар гармхонаҳо кӯчат менамояд. Майрамбӣ мегӯяд, ки кори деҳқонӣ дастаҷамъона буда, нозукиҳои худро дорад.
— Нозукии кори деҳқонӣ дар шинохти вақти парвариши ниҳолҳо, кӯчати онҳо, риояи меъёри обдиҳӣ ва сари вақт додани дорую пору аст. Камбудӣ ё беэътиноӣ боиси аз нашъунамо ва ҳосилдиҳӣ боз мондани рустаниҳо гардида, иштибоҳ дар яке аз ин фурсатҳо заҳмати яксолаи деҳқонро барабас медиҳад. Ин нуктаро бароямон деҳқонони асили вилояти Суғд, ки бо онҳо ҳамкории зич дорем ва ҳамеша маслиҳату машвараташон боиси пешрафти кори деҳқонии мост, таъкид менамоянд, — иброз дошт бону Майрамбӣ.
Соҳиби грант шудем...
Ба даст овардани ҳосили фаровон ва рӯзафзун гардидани баракату рӯзии кишоварзро номбурда дар меҳнати аҳли хонадонаш медонад. Ӯ мегӯяд, ки ҳанӯз чашми рӯз накафида, ҳар субҳ хурду калони хонавода сари замини хоҷагӣ қарор мегиранд. Ҳар яке бо дили гарм вориди гармхонаҳо шуда, ба тоза кардани заминҳо аз алафи бегона, нарм намудани бехи ниҳолҳо ва об додан машғул мешаванд.
Чанде пеш раиси вилояти Хатлон ва раиси шаҳри Бохтар аз рафти корҳои хоҷагиҳои деҳқонии маҳалла дидан намуданд. Сари қадам ба гармхонаҳои хоҷагии деҳқонии «Азимҷон» низ даромада, аз меҳнатқаринии аъзои он тавсиф карданд.
— Пас аз ин ташриф бо пешниҳоди роҳбарони вилоят барои рушд бахшидан ба соҳаи кишоварзӣ соҳиби гранти раиси шаҳри Бохтар гардидем. Талош ба он дорем, ки бо меҳнати деҳқонӣ саҳми худро дар ғанӣ гардондани бозори дохилӣ ва амнияти озуқавории ҷумҳурӣ гузошта, маҳсулоти тару тозаи табиӣ зебдиҳандаи дастархони хонавода ва ҳам сокинони кишвар бошад, — афзуд дар фарҷом Майрамбӣ Зоҳидова.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,
Душанбе – Бохтар – Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо











