Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ҳама ҷон фидои меҳан
Аз ҳар бобҶамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз деҳкадаҳои бостонии вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад, ки исми пурасрору мавзеъҳои таърихии он аз ҳамосаҳои миллии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ном овардааст. Таърихи садаи охири ин сарзамин шоҳиди басо достонҳои мондагору корномаҳои диловарони ин диёри файзбор аст, ки бо иродаи матину тавони бозу барои ояндагони хеш мулки ободу сарсабзро мерос гузоштаанд.
Саргузашти «Зарбдорон»
Даврони азхудкунии заминҳои ташналаб ва рушди кишоварзӣ, паси дастовардҳои бузурги истеҳсолӣ, ки раисони хоҷагиҳо сазовори унвонҳои олӣ мегардиданд, заҳмати миёншикани неруҳои коргарӣ, аз ҷумла пахтакорону чинакчиёни номдор, говдӯшону механизаторони пешқадам меистод.
Ба умеди дидору суҳбати рӯ ба рӯ бо як тан аз меҳтарони деҳкадаи Золи Зар, мусофирбар моро ба нишонии манзил — коргоҳи тухмипарвари номдори ноҳия Тоҷихон Туркманбоева мерасонад. Пайвандони соҳибхона моро рӯи кати равшани ҳавлӣ нишонда, барои омода шудани модарбузургашон фурсат мепурсанд.
Лаҳзае баҳрабарӣ аз тамошои боғчаву нағмаҳои парандагони шохсорони гулбадан, роҳбалади мо Азизхуҷа бо ишора аз хизматҳои шоёни собиқадорони хоҷагии овозадори ба номи Сафар Ҷумъаев изҳор дошт, ки хоса, ин остони муқаддас шоҳиди рӯзгору рӯзгорони як тан аз парчамбардорони ҳаракати коргарии «Зарбдор» аст, ки тӯли зиёда аз 60 соли фаъолияти меҳнатӣ дар се ҷабҳаи корзор дар сафи пешқадамони хоҷагии қишлоқ қарор дошт.
Як дам, танини марғӯладори аробачаи маъюбӣ навои зиндаи табиатро барҳам заду ҳамагон ба истиқболи модарбузург бархостанд, ки бо ёрии сунҳораш чаҳорчархаро сӯи кат меронд. Ман бо таҳаюр аз ҳолати ғайриинтизор аз қаҳрамони навбатиам маъзарат мехоҳам, ки мабодо нороҳат карда бошам.
– Дар зиндагӣ пастиву баландиҳои зиёдро паси сар бинмудаем ва гумон дорам аз пойи равон монданам санҷиши Офаридгор аст ва ба ҳамин ҳам шукр мегӯям, ки хушбахту осуда дар ҳалқаи пайвандон давлати пирӣ меронам, – қаноатмандона изҳор медорад бибӣ Тоҷихон.
Механизатори пешқадам
Ӯ дар маҳаллаи шафати шаҳри Бохтари имрӯза чашм ба олами ҳастӣ кушода, мактаби миёнаро бо баҳои хубу ахлоқи намунавӣ хатм мекунад. Ҳарчанд падараш муҳосиби хоҷагӣ ва модар муовини раиси ҷамоат ва ҳам китобдори он деҳот буданд, афкори қолабии ҷомеаи замон монеи идомаи таҳсилоти касбии ӯ гардид. Баъди издивоҷ соле дар хоҷагии ба номи Сафар Ҷумъаеви ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ заҳмат кашида, бо роҳнамоии ҳамсараш ба курси механизаторӣ шомил мегардад ва аз соли 1967 дар қатори нахустин ронандагони мошинҳои пахтачинӣ ба саҳро баромад.
– Дар он давра, ки пушти фармони мошинҳои пахтачинӣ ҳузур доштани бонувон аҷиб метофт, кору пайкори мо дар сархати хабарҳои радио ва телевизион қарор мегирифт. Зиндагӣ аз субҳи содиқ бо тараддудҳои хонаводагӣ оғоз ёфта, раҳораҳ ба сӯи корзори пахта тифлаконамро ба боғчаи саҳроӣ мебурдем ва бегоҳӣ бо ҳамин пайроҳаи умед ба хона бармегаштем. Аз 15 бонуи хатмкардаи аввалин гурӯҳи ронандагии мошинҳои пахтачинӣ 8 нафар аз зумраи пешқадамони хоҷагии имрӯза ба номи Сафар Ҷумъаев маҳсуб меёфтем, – аз музаффариятҳои заркорони солҳои 1967–1975 қисса мекард бибӣ Тоҷихон.– Соли аввали рондани мошини пахтачинӣ барои ҷамъоварии 90 тонна ҳосил, ки нишондоди рекордӣ ба ҳисоб мерафт, раиси хоҷагӣ Сафар Ҷумъаев ба ман калиди хонаи навро тақдим намуд. Шукри қисмат марди ҳалиму солеҳманде ҳамсафари ҳаёт гардид, ки ба ризояти ӯ дар арсаҳои ифтихорӣ кор карда, миёни мардум мақому эҳтиром ёфтам. Мо бо муҳаббату эътимод ва дастгирии якдигар зиндагии хушу босаодат доштем.
Мудирияти боғчаҳои саҳроӣ
– Соли 1975 раиси хоҷагӣ зарурати рушду беҳбудии боғчаҳои кӯдаконаи назди бригадаҳои пахтакориро пеш гузошта, маро мудири боғчаи яке аз қитъаҳои хоҷагӣ таъин намуданд. Назорати ҷиддӣ дар самти таъмини саривақтии маводи хӯрока ва вазъи тозагии санитариву сифати ғизои кӯдакон водор менамуд, ки рӯзе ду-се маротиба аз боғчаҳои кӯдаконаи 8 бригадаи пахтакорӣ дидан намоем. Фароҳамоварии беҳтарин шароитҳо барои нигоҳубини кӯдакон яке аз василаҳои муҳими ҷалби таваҷҷуҳи занони хонашин ба кори саҳро ва фаъолиятҳои гуногуни хоҷагидорӣ арзёбӣ мегардид. Ҳамон сол духтарам Муҳаббатхонро ба дунё овардам ва ёдам ҳаст, ки то 16-солагии ҷигарбандам ҳамчун мудири боғчаҳои саҳроӣ масъулият доштам.
Зиндагӣ дар хона-коргоҳ
Гузори камолот ва ба ҳаёти мустақилона гуселонидани фарзандон эҳтиёҷоти хонавода ба манзили истиқоматӣ пеш омаду онҳо хонаи як ҳамдеҳаашонро хариданд, ки он дар баҳорон ба макони тақсимоти тухми кирмаки абрешим бадал мегардид. Тоҷихон дар хаёл ҳам надошт, ки бо харидории ин хона соҳиби коргоҳи тавлиди кирми абрешим шуда, минбаъд ин навъ тухмипарварӣ ба шуғли дӯстдоштаи хонаводаи онҳо табдил меёбад.
– Баҳори аввали зист дар ин ошён рӯзе агрономи соҳаи пиллапарварӣ ба суроғи тухмипарвар омад ва баъди пешниҳоду ваъдаи роҳнамоӣ дар ин самт, мо ба ин шуғли минбаъд дӯстдоштанӣ панҷа нарм кардем. Тибқи ваъда мутахассиси соҳа ҳамарӯза ба ин остон ташриф оварда, ба мо роҳи кор нишон медод ва рафта-рафта дар ин ҷода ҳам ба дастоварду комёбиҳо ноил гардидем. Ҳамин сон, аз оғози мавсими пиллапарварӣ хонаи мо идораи пиллаи хоҷагиро мемонд, ки деҳқонон барои сари вақт гирифтани қуттиҳои кирмак навбат мегирифтанд, зеро дар баробари нарху навои пилла кирмакпарварон аз ҳисоби ҳезуми нақд ва имтиёзҳои пешбининамудаи хоҷагӣ барои парвариши ин ашёи хоми пурқимат фоидаи хуб ба даст меоварданд.
Ба гуфтаи собиқадори хоҷагӣ, айни замон ҳам барои парвариши ҳар килограмм пиллаи хушсифат 20 сомонӣ пардохт мешавад, аммо дар қиёс ба солҳои пешин парвариши тухми кирмаки абрешим ва истеҳсоли ашёи хоми он ду-се баробар коҳиш ёфтааст. Дар солҳои аввали парвариш ҳар мавсим беш аз 500 қуттӣ тухми кирмак омода менамуданду рафта-рафта ин миқдор хеле камтар шуда, ба 170 қуттӣ қарор гирифт.
– Тухмии кирмакро нахуст ба хона-коргоҳи мо меоранд, – гӯён бибӣ Тоҷихон бо нӯги ангушт сӯи бинои сафеди рӯ ба рӯи манзилаш ишора мекунад. – Таъмини тозагии санитарӣ ва назорати ҳарорати дохили ин хона асоси тайёр намудани тухмии хушсифати кирми абрешим аст. Чаро ки барои парвариши кирми абрешим ҳарорати муайяни гармӣ ва ҳам намнокии муътадил зарур аст, вагарна кирмакҳои тавлидгардида талаф меёбанд. 35 сол аст, ки ҳар баҳор ба парвариши тухми кирми абрешим мепардозем ва то охирин қуттиҳои кирмакро ба пиллапарварон насупорем, ором намегирем. Ҳосили пилла сафедии оғози мавсими кишоварзӣ аст ва дар соли иҷрои дурнамои он, бешак, нақши пахтасупорӣ ва истеҳсоли дигар маҳсулоти кишоварзӣ ҳам барзиёд иҷро мегардад. Дар ин самти хоҷагидорӣ таҷрибаи кофӣ андӯхта, ҳолиё фарзандон ва ҳамсару фарзандони онҳо ҳам аз уҳдаи ин кор ба хубӣ мебароянд.
Бибӣ Тоҷихон, қатъи назар аз солмандӣ, ҳолиё ҳам дар пешбурди фаъолияти хоҷагидорӣ ба фарзандону набераҳояш рамузи кор меомӯзад. Бо ифтихору қаноатмандӣ аз имрӯзу рӯзгори паси сар бинмудааш, аҳли хонаводаро ба заҳмати ҳалол, ҷонфидоӣ дар роҳи Ватан ва ҷидду ҷаҳди расидан ба орзуҳояшон ҳидоят месозад.
Ҷамолиддин УСМОН,
ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Мубодила:
Шарҳҳо











