Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Нон бувад чун ҷони одам…
Аз ҳар бобНон барои мардуми тоҷик муқаддастарин неъмат маҳсуб меёбад ва будани он баракат, фаровонӣ ва ризқу рӯзиро ифода месозад. Дар дастархон нон нишонаи афзунӣ, ҳастиву пойдории давлату бақои миллат аст. Суфраи пури нон аз сулҳу осоиштагӣ дар ҳар хонадони кишвар дарак медиҳад.

Нонпазӣ дар кишвари мо таърихи куҳан ва анъанаҳои ғании фарҳангиро доро буда, аз аҳди қадим чун рамзи баракату ризқу рӯзӣ қадр шудааст. Имрӯзҳо ин ҳунари қадима аз ҷониби нонпазон дар саросари кишвар, ба ҳар шаклу усул пешниҳод мешавад. Оилаи Зубайдуллоевҳо, аз мавзеи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ, аз ин пешаи қадимӣ бархурдор буда, ба нонбандӣ машғуланд.
Муқаддас келини хонадони Зубайдуллоевҳо буда, бо меҳнатқаринию рафтори шоёнаш дар дили хурду калони хонавода маъво гирифта, маҳбуби хонадон гаштааст. Ӯ ин ҳунарро аз модари хонадон Ширин омӯхта, ба кор мебарад.
– Тамоми дастоварду ободиҳоямро аз фазои сулҳу оромии кишвар ва муҳити созгори хонадон мебинам. Шукр мегӯям, ки чунин шароити мусоидро бароямон муҳайё кардаанд. Аз соли 2012 келини ин хонадон мебошаму соҳиби як шоҳписар ҳастам. Дар ҳавлиамон нонвойхона сохтему ба нонпазӣ машғулем, – гуфт Муқаддас.
Дар дохили ҳавлии онҳо як танӯри гилӣ мавҷуд аст, ки бо истифода аз ангишт нон мепазанд. Ин усули анъанавии нонпазӣ дар бештари минтақаҳои кишвар ба кор бурда мешавад. Онҳо хамирро дар дастгоҳи махсуси барқӣ мешӯранду дар карсонҳо нигоҳ медоранд. Ҳангоми расидани хамир онро ба воситаи тарозу чен карда, дар рафҳои чӯбин рост мекунанд. Дар як бастан то 53 кулчаи хурд ва 36 кулчаи ҳаҷмаш миёнаро дар танӯр мепазанд.
– Аз сабабе ки ҳарорати ангишт каме зиёд ва устувор аст, хамирамонро каме сахттар мешӯрем. Аз соати ҳафт нонбандиро сар карда, то бегоҳ идома медиҳем. Ҳар рӯз аз 2 то 3, баъзе рӯзҳо то 6 халта ордро истифода мебарем. Ҳамарӯза нонҳои гуногунҳаҷм, кулча ва фатир омода месозем. Нонҳоямон аз 3,5 то 9 сомонӣ арзиш доранд. Ҳамарӯза ду духтари хонадон, ки зиндагии мустақилона доранд, ба мо ёрӣ мерасонанд. Агар корамон зиёдтар шавад, ҳамсояро ба ёрӣ даъват мекунем, – мегӯяд бонуи нонбанд.
Шавҳараш нонҳоро ба ошхонаву мағозаҳо тақсим мекунад. Баъзе мизоҷон аз манзилашон ҳам нони тайёр мебаранд. Овозаи таъми нони онҳо сарҳади Тоҷикистонро убур карда, ба давлати ҳамсояи Ӯзбекистон низ расидааст, ки ҳар рӯз то 100–120 нон фармоиш медиҳанд.
Ноҳияи Мастчоҳ, ки марказаш шаҳраки Бӯстон аст, дар қисми шимолии вилояти Суғд ҷойгир буда, бо вилояти Тошканди Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст. Тоҷикону ӯзбекон бо ҳам робитаи тиҷоратӣ доранд.
Нонбандӣ кори нозук буда, заҳмати зиёдро талаб мекунад. Ин пеша аз кас сабру таҳаммулро тақозо менамояд. Танӯр бояд ба дараҷаи зарурӣ тафсад, чунки дар сурати аз ҳад зиёд гарм шудан ё сард мондан нонҳо имконияти рехтанро доранд. Тайёр кардани хамири нон низ раванди муҳими кор ба ҳисоб меравад, аммо ҳар коре, ки ба завқу шавқ анҷом дода мешавад, натиҷаи хуб ба бор меорад.
Зану шавҳари ҷавон аз волидон на танҳо ҳунар омӯхтаанду таҷрибаашонро ба кор мебаранд, балки аз дилсӯзиву меҳрубониҳои онҳо баҳравар гашта, саховатмандию дасткушодиашонро низ ба мерос гирифтаанд. Асоси хушбахтиашонро Муқаддас ва Абдулаҳад дар розигии падару модар, осудагии рӯзгорро аз дуои бузургон медонанд.
– Зодмандон, гарчанде даврони ҳузуру истироҳаташон расида бошад ҳам, баробари мо субҳи солеҳ аз хоб хеста, заҳмат мекашанд. Бо роҳнамоӣ ва таҷрибаи онҳо зиндагиямон серу пур аст, аз заҳмати ҳалол рӯз мебарем, бӯйи нони гарм нишони хони пурфайзу бобаракати мост, – меафзояд Муқаддас Зубайдуллоева.
Фаъолияти ҳамбастагии хонаводаи мазкур файз ва самараи истиқлолият аст, ки дар ин деҳаи дурдаст бо шароити мусоид, аз ҳунари дастиашон истифода мебаранд.
М. БАЛАҶОНОВА
Душанбе–Мастчоҳ–Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо










