БОЙГОНӢ
« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Дар ситоиши модар
Аз ҳар бобВақте шумо модаред, ҳеҷ гоҳ дар андешаҳои хеш танҳо нестед. Модар бояд ҳамеша думбули ду андеша бошад - худ ва фарзанд.
Софи Лорен
Муҳаббати модар ҳамеша такягоҳи хонаводаи мо буд ва бузургтарин нишоти ман он аст, ки ростқавлӣ дилсӯзӣ ва зиракии модарам дар духтаронам таҷассум ёфтааст.
Мишел Обама
Модарамро тавсиф кардан бароям мисли дар бораи тундбод бо тамоми неру навиштан аст. Ё дар бораи тобишҳои рангинкамон бо он ҳама болоиву зебоӣ.
Мая Энҷелоу
Ӯ дарк намекард, ки чунин муҳаббати қавӣ нисбати ту мисли модарат осори худро мегузорад.
К. Роулинг
Беҳтарин ҷой барои гиря кардан оғӯши модар аст.
Дҷоди Пиколт
Модар дар забону дили кӯдакон мисли Худост.
Уилям Текеррей
Вақте ба чашмони модар менигаред, дарк мекунед, ки ин муҳаббати поктаринест, ки шумо дар ин замин пайдо карда метавонед.
Митч Албом
Дастони модар аз ҳама оромбахштар аст.
Шоҳдухтар Диана
Муаллими аввалини кӯдак модари ӯст.
Пэн Лиюан
Модаршавӣ ҳама чизро тағйир медиҳад.
Адреана Триҷиани
Дар олами санъат аз таронаҳое, ки модар месарояд, беҳтаре нест.
Билли Сандей
Муҳимтарин коре, ки падар дар ҳаққи фарзандонаш карда метавонад, ин дӯстдоштани модари онҳост.
Теодор Хесбург
Зиндагӣ аз бедор шудан ва дӯст доштани чеҳраи модарам оғоз ёфт.
Ҷорҷ Элиот
Модар будан. Ҳама муҳаббат он ҷо оғоз ёфта, анҷом мепазирад.
Роберт Браунинг
Таҳияи М. Балаҷонова