Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Аз пахта то либоси тайёр
Аз ҳар бобАз пахтаи ватанӣ то маҳсулоти саноатии рақобатпазир дар бозори хориҷӣ ин роҳи тулониест, ки имрӯз дар ноҳияи Спитамен тай мешавад. Дар маркази ин раванд ҶДММ «Текстил Тоҷикистон» қарор дорад, ки на танҳо истеҳсолотро рушд медиҳад, балки барои даҳҳо зан имкони касбомӯзӣ, шуғли доимӣ ва зиндагии беҳтар фароҳам меоварад.
Нишондиҳандаҳои асосии иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Спитамен дар солҳои охир тамоюли афзоишро нишон медиҳад. То имрӯз дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва хидматрасонӣ корҳои назаррас ба анҷом расидаанд. Ин пешрафтҳо нишон медиҳанд, ки дар ноҳия сиёсати устувори иқтисодӣ ва сармоягузорӣ барои беҳтар кардани сатҳи зиндагии аҳолӣ самаранок мебошад.
Бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави кор ва коҳиш додани сатҳи бекорӣ як қатор лоиҳаҳои саноатӣ ва соҳибкорӣ роҳандозӣ шудаанд. Танҳо соли гузашта дар ноҳия панҷ корхонаи саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки дар натиҷа коргарони зиёд бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Тибқи маълумоти масъулин, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 773 миллиону 946,3 ҳазор сомонӣ расидааст. Айни замон ҳафт лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 9,2 миллион доллари ИМА амалӣ гашта, қисми зиёди маблағҳои пешбинишуда аз худ шудаанд. Ин ҳама аз рушди босуръати саноат ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти маҳаллӣ шаҳодат медиҳад.
Дар миёни чунин корхонаҳои муосир ҶДММ «Текстил Тоҷикистон» ҷойгоҳи махсус дорад. Корхона соли 2022-юм таъсис ёфта, моҳи феврали соли 2023-юм фаъолияти истеҳсолии худро оғоз намуд. Муассиси ягонаи ҶДММ «Текстил Тоҷикистон» Намояндагии Ҷамъияти саҳомии «Промышленные Активы» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки татбиқи лоиҳаҳои бузурги саноатиро дар самти коркарди пахта ва рушди саноати сабук роҳандозӣ менамояд.
Имрӯз «Текстил Тоҷикистон» ба кластери саноати сабук шомил буда, дар ҳайати он якчанд ширкат фаъолият мебарад. Бартарии асосии ин кластер дар он аст, ки занҷираи истеҳсолии он аз парвариши пахта дар хоҷагиҳои худи корхона оғоз гашта, ҳосил дар корхонаҳои саноатӣ коркард ва ба нах, сипас, ба ришта табдил меёбад.Ин раванд имкон медиҳад, ки сифати маҳсулот аз марҳалаи кишт то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ пурра таҳти назорат қарор гирад.
Тавре Марина Шамилова, роҳбари намояндагии ҶС «Промышленные Активы» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз медорад, ҳадафи асосии ширкат танҳо истеҳсоли ришта нест.
- Мо мехоҳем пахтаи Тоҷикистон дар дохили кишвар пурра коркард шавад. Имрӯз пахтаро парвариш мекунем, онро ба нах ва баъдан ба ришта табдил медиҳем. Дар оянда истеҳсоли трикотаж ва либосдӯзиро ба роҳ мемонем. Ҳадафи мо сохтани занҷираи пурраи истеҳсолот дар Тоҷикистон мебошад, - мегӯяд Маринабону.
Алҳол корхона шаш номгӯи риштаи пахтагини босифат истеҳсол мекунад ва он асосан ба Федератсияи Россия содирот мегардад.
Дар соли 2025-ум корхона 540 тонна ришта истеҳсол намуд. Дар шаш моҳи соли равон бошад, ҳаҷми истеҳсолот ба 293 тонна расид. Ин нишондиҳандаҳо аз фаъолияти устувор ва талаботи рӯзафзуни бозор ба маҳсулоти корхона шаҳодат медиҳад.
Имрӯз дар корхона қариб 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин аст, аксари онҳо бонувонанд. Онҳо кори нассоҷӣ, идораи таҷҳизоту дастгоҳҳои муосирро дар курсҳои омӯзишӣ фаро гирифта, тадриҷан ба мутахассисони соҳибтаҷриба табдил ёфтанд. Муассиса ба онҳо шароит фароҳам овардааст, ки дар наздикии маҳалли зисти худ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардида, дар таъмини оила саҳми арзанда гузоранд.
Корхона имрӯз дар чор баст фаъолият бурда, пайваста иқтидорҳои истеҳсолии худро васеъ менамояд. Соли ҷорӣ технологияҳои нав ворид шуданд ва дар ояндаи наздик таъсиси коргоҳи нави коркарди пахта ва истеҳсоли трикотаж дар назар аст.
Дар марҳалаи баъдӣ роҳандозии истеҳсоли либоси тайёр пешбинӣ шудааст. Ин иқдом имкон медиҳад, ки тамоми марҳалаҳои коркарди пахта дар дохили кишвар гузашта, ба маҳсулоти ниҳоии рақобатпазир табдил ёбад.
Мутахассисон бар ин назаранд, ки чунин корхонаҳо на танҳо ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат мекунанд, балки барои баланд бардоштани сатҳи зисти аҳолӣ, бахусус бо кор таъмин гаштани занон, аҳамияти калон дорад.
Имрӯз ҶДММ «Текстил Тоҷикистон» намунаи равшани он аст, ки чи гуна метавон бо истифода аз захираҳои худӣ, ҷалби сармоя ва омода намудани кадрҳои маҳаллӣ ба рушди саноати миллӣ мусоидат намуд.
Бо чунин иқдомҳо ноҳияи Спитамен Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифта, ба сӯи ояндаи боз ҳам ободу пешрафта қадам мегузорад.
Далер САФАР,
Душанбе-Спитамен-Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо










