БОЙГОНӢ

«    Август 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ишқ ба китоб

Аз ҳар боб

Муҳаббати ӯ ба китобу китобхонӣ сабаби асосии интихоби касби ояндааш буд. Аз кӯдакӣ дар вуҷуди ӯ «шарораи китобхонӣ» аланга мезад ва то имрӯз онро нигоҳ медорад. Ҳамсуҳбати мо Дилфуза Азимова, директори Китобхонаи марказии шаҳри Истаравшан мебошад. Ӯ 7 – уми июни соли 1976 дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Хатмкардаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32 ба номи Зуфархон Ҷавҳарӣ мебошад. Ӯ аз хурдӣ орзу мекард, ки пас аз хатми мактаб ба донишгоҳ дохил шаваду соҳиби маълумоти олӣ гардад. Аммо соли хатми мактаб ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рост омаду зодмандонаш розӣ нашуданд, ки духтарашон таҳсилро идома диҳад. 

Дӯстдори китоб барои гирифтани маълумоти тахассусӣ Коллеҷи санъати Хуҷанд ба номи Содирхон Ҳофизро бо ихтисоси китобдорӣ хатм кард. Ба ин қонеъ нашуда, барои идомаи таҳсил ва расидан ба орзуяш ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода супурд. Алҳол донишҷӯи ин муассисаи олии кишвар мебошад. 

–Ман орзуи худро амалӣ кардам, зеро китобхона аз хурдӣ ба ман шинос буд. Аз боздиди китобхонаи мактаб, ки дар он ҷо фазои махсус муҳайё буд, хеле лаззат мебурдам. Ҳар китоб ҳаёти худро дошта, то ҳол аз хондани он лаззат мебарам. Бароям китобхона кӯдакӣ, ҷавонӣ ва ба воя расиданамро ифода мекунад, – мегӯяд Дилфуза Азимова. 

Меҳнатдӯстӣ, истодагарӣ ва қобилияти баланди ӯро роҳбарияти китобхонаи шаҳр ба инобат гирифта, ба вазифаи саркитобшинос лоиқ донистанд. Дар ин вазифаи пурмаҳсул ӯ бо меҳри зиёд фаъолият карда, дар амал ҷорӣ намудани таснифоти китобдорию библиографиро ҷузъи муҳими вазифа донист. Бешубҳа, мавсуф аз зумраи бонувони заҳматписандест, ки дар пешбурди фаъолияти Китобхонаи марказии шаҳри Истаравшан саҳми арзанда гузоштааст. Китобдори муваффақ ба садҳо хонанда хидмат расонда, дар тарғиб ва дастраси умум гардондани китоб донишу таҷрибаашро дареғ намедорад. 

Ин ҷавонзани хоксору заҳматӣ ҳамчун мутахассиси босалоҳият ва донишманд касби худро комил медонад. Садоқат ба кор ва қобилияти ба даст овардани эҳтироми мардум ӯро дар байни ҳамкоронаш соҳиби обрӯ гардонд. 

Моҳи феврали соли равон қобилияти ташаббускорӣ ва ташкилотчигии Дилфуза Азимоваро ба инобат гирфта ӯро директори Китобхонаи марказонидашудаи шаҳри Истаравшан таъин намуданд. 

– Яке аз иқдомҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба ҳисоб меравад, ки ҳазорон нафар наврасону ҷавонон ва кормандони касбу кори гуногун ашъор ва эҷодиёту таълифоти шоирону нависандагони ватанию хориҷиро мутолаа намуда, ҷаҳони маънавии худро боз ғанӣ мегардонанд. Ин ташаббуси Пешвои муаззами миллат масъулияти мо - китобдоронро даҳчанд намуд. Сафи хонандагони китобхона сол ба сол афзудан дорад, – баён дошт китобдор ва афзуд, - хонандагони китобхона дар озмунҳои мазкур фаъолона иштирок намуда, дар сатҳи шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. 

Ҳоло дар шаҳри Истаравшан китобхонаи марказӣ, китобхонаи бачагона ва 26 китобхона – филиалҳо фаъолияти пурсамар доранд. Дар фонди китобхонаҳо адабиётҳои соҳаҳои гуногун бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ ва ғайраҳо мавҷуд буда, 45 нафар корманд ба аҳолӣ хидмат мерасонад. 

–Имрӯз ҷомеаи меҳнатии моро кормандони фаъол, эҷодкор, меҳрубону ташаббускор ташкил медиҳанд, ки ба касби худ дилбастаанд. Кор бо китобдорон хеле ҷолиб аст ва ман аз онҳо бисёр чизҳоро омӯхтаам. Сипоси беҳад ба онон, ки ба ман дар гузоштани қадамҳои аввалин то расидан ба ин мартаба ёрии хешро дареғ надоштанд, – гуфт бо эҳсоси самимӣ директор. 

Китобхонӣ ин на танҳо воситаи аз худ кардани дониш, балки воситаи рушди тафаккур, ташаккули шахсият ва ғанигардонии олами маънавии инсон аст. Кӯдаке, ки аз хурдӣ ба мутолаа одат мекунад, дар оянда қобилияти таҳлил, муошират ва эҷодкории баландро доро мешавад. 

Дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва паҳншавии фазои рақамӣ масъалаи парвариши майлу рағбати китобхонӣ дар байни насли наврас аҳамияти рӯзафзун касб менамояд. Натиҷаҳои тадқиқотҳои байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки дар давоми даҳ соли охир шумораи кӯдакон ва наврасоне, ки ба таври мунтазам китоб мехонанд, ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. 

–Бар он назарам, ки оила аввалин ва муассиртарин муҳити тарбиявии кӯдак аст. Кӯдаконе, ки падару модаронашон барои онҳо аз синни хурдӣ китоб мехонанд, дар мактаб натиҷаҳои хониши баланд нишон медиҳанд. Баъдан мактаб ва омӯзгор дар раванди парвариши майли мутолаа нақши барҷаста ва бисёр муҳим доранд. Омӯзгоре, ки бо ҳаяҷон аз китоб ҳикоят мекунад, дар дили шогирд шавқи хонишро бедор месозад, – меафзояд бонуи китобдӯстдор. 

Китобу китобхона ду унсури муҳими ҳастии миллат ва шиори асосии кормандон буда, пайваста онҳо барои ҷалби хонандагону донишҷӯён ба китобу китобхона дар асоси нақша мулоқоту вохӯриҳо гузаронда, чорабиниҳои муассири илмиву фарҳангӣ доир менамоянд… 

Дилфуза Азимова се фарзанд ва як набераи дӯстрӯро ба китобу китобхонӣ талқин намуда, дар замирашон меҳри китобро мақом додааст. 


Мадинаи УСМОН,

шаҳри Истаравшан



Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_07_2026_small.pdf [2.82 Mb] (зеркашиҳо: 12)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон