Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ҳар куҷо тифле бувад хандон
Аз ҳар бобБо Таманно аз бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик то ҷойи кораш, боғча-кӯдакистони №1, пиёда роҳ мегардему чашм аз ободиҳо шод, ҳарду аз неъматҳои замони истиқлол шукрона мегӯем. Гарчи зодгоҳаш ҳамин маҳал аст, дар ноҳияи Данғара ҳам бо иваз шудани ҷойи кори падар муддате зисту дар шаҳри Душанбе ҳам. Баъд аз хатми Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллои Рӯдакиро низ бо ихтисоси мутахассиси соҳаи томактабӣ хатм намуд.
Соли 2006 ин бонуи ҷавони таҳсилдида аз пойтахт дубора ба зодгоҳаш бо сабаби хонадоршавӣ пайвасту зиндагиро ин ҷо ихтиёр кард. Дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва мақомоти маҳаллии ноҳия бенуқсон фаъолият карда, соли 2024-ум мудирии боғчаи №1-ро ба зиммааш гузоштанд. Кӯдакистони мазкур дар маркази ноҳия қарор дошта, аз ҳама зиёдтар тарбиятгиранда дорад. Алҳол дар ноҳияи Темурмалик чор боғча-кӯдакистон фаъолият мекунад.
Замоне корро оғоз кард, боғча ҳамагӣ 57 нафар тарбиягиранда дошт. Бинобар шароити номусоиди муассиса волидон тифлаконро ба ин ҷо овардан намехостанд. Таманно корро аз сифр оғоз намуда, нахуст ҳуҷҷатҳои муассиса ва тарбиятгирандаҳоро ба тартиб даровард. Ба раиси ноҳия ва мудири шуъбаи маориф муроҷиат кард, то ба ягона кӯдакистони маркази ноҳия таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.Раис низ бар он бовар шуд, ки Таманно бонуи уҳдабаро аст. Азми роҳбари ҷавонро пиёда ва аз буҷети маҳаллӣ барои ободонии боғча марҳала ба марҳала маблағ ҷудо намуд. Ҳуҷраҳои хоб таъмиру тармим шуда, ҷиҳози нави хоб барои бачаҳо харидорӣ гардид.
Боғча бо омадани ин бонуи фаъолу кордон рӯз аз рӯз симои худро дигар мекард ва мизоҷонаш ҳам моҳҳои баъдӣ ба маротиб афзудан гирифт. Саҳни ҳавлӣ гулзор шуд. Дар як гӯшае барои ғизои бачаҳо кабудиҳо кишт карданд, ки як давраи муайян, то оғози сардиҳои тирамоҳу зимистон, тарбиятгирандаҳо онро чун ғизои солим истифода бубаранд.
Бо ворид шудан ба саҳни боғча эҳсос мегардад, ки муассисаро шахси уҳдабаро сарварӣ мекунад. Тозаву озодагии ҳавлии боғча ва майдончаҳои варзишӣ, сабзазор будани атроф бо ниҳолакони сояафкану боровар, ки бехашон ҳам нарму ҳам нам буд, гувоҳ аз низоми хуби фаъолияти кормандони ин даргоҳ медод. Чун вақти машғулияти бачаҳо дар синфхонаҳо буд, оромӣ дар дохилу беруни бино ҳукм меронд. Мо низ дар долон боэҳтиёт ва ором қадам мегузоштем, то ба хонишу машғулияти бачаҳо халал ворид насозем.
Деворҳои гулрези пур аз навиштаю тасвирҳои тарбиятгирандагон аз истеъдоди бачаҳо дарак медод. Ҳама чӣ дар назар одӣ метофт, одӣ кашидаанду одиякак дӯхта ё бофтаанд, аммо дар ҳамин манзараҳои одӣ хатти ояндаи аксари ин тифлакон хонда мешавад. Орзуҳои худро кӯдакона, аммо моҳирона иншо кардаанд, яке бо навишта, дигаре бо кашидаву дӯхта, савуми бо сохтаҳои чӯбини худ. Ин манзараҳо таваҷҷуҳи моро, ки хомӯшона қадам мегузоштем, ба сайри дигар нақшу нигорҳо мебурд, ки Таманно миёни хомӯширо шикаст.
– Дунёи тифлакон рангин аст, онҳо гулҳои зиндагӣ ва умедҳои ояндаи мо ҳастанд. Ба ин хотир, онҳо чун гул нозук ва бӯи муаттар доранд. Мо онҳоро дӯст медорем ва гоҳе худро дар дунёи онҳо ҳам мебинем, бе ин намешавад. Агар дар олами онҳо набошем, кор кардан бо бачаҳо мушкил мегардад, – мегӯяд Таманно ва моро ба дохили яке аз ҳуҷраҳо мехонад.Дар ин гурӯҳи калон, наврасони омодагӣ ба мактаб машғулият доштанд. Он чӣ ки чанд лаҳза пеш дар деворҳо дида будем, акнун онро дар амали бачаҳо мушоҳида мекардем. Аксарият хондаву навишта метавонанд ва хатти зебою лафзи бурро ҳам доштанд, сурудҳои хуб мехонанд, «Ватан»-у «Модар» мегӯянд, Тоҷикистонро васф мекунанд. Маълум аст, ки аллакай муҳаббати Ватан дар ниҳодашон маъво гирифта. Бачаҳо хушу хандон моро ҳам пазироӣ мекунанд ва ҳам бо табассуми хос хайрухуш мегӯянд.
Таманно бо ифтихор мегӯяд, ки давоми беш аз ду соли фаъолият шумораи тарбиятгирандагони кӯдакистон аз 57 ба 145 нафар расид ва ба ҷойи се гурӯҳ акнун 7 гурӯҳ амал мекунад. Шумораи хоҳишмандон хеле зиёд, волидон навбат мепоянд, то гурӯҳҳои мактабӣ ба хондан раванду онҳо фарзандони ноболиғи худро ба тарбияи мураббияҳои боғча супоранд. Дигар модароне, ки хонашинанд, аҳён-аҳён ба кӯдакистон фарзандони худро меоранд, зеро навбати аввал занҳои коргар ин имконотро доранд ва шумори онҳо хеле зиёд аст. Аз занҳои хонашин бо пайдо шудани ҷо ва зарурат ҳамагӣ як кӯдак қабул карда мешавад. Шароити буду бош ҳам дар боғча бо ташаббуси бонуи ҷавон рӯз аз рӯз беҳтару хубтар мегардад.
Таманно модари фарзандони хеш аст, онҳо низ замоне тарбиятгирандаи боғча буданд. Дар хона модари 94-сола дорад ва ҳамеша аз ҳолаш бохабар шуда меистад. Хушдомани солдида низ аз келини худ розӣ аст ва ӯро чун фарзандаш дӯст медорад. Гоҳе ки ба хонаи духтаронаш равад, зиёд истода наметавонад. – Маро ба хонаам, пеши Таманно баред, – мегӯяд модар. – Чаро модар туро аз мо дида зиёд дӯст медорад? – мепурсанд гоҳҳо шӯхиомез онҳо.Ва ҷавоби Таманно ҳамеша як аст: «Инро аз худаш пурсед».
Таманноро на танҳо модару хушдоман, балки ҳамкорону кӯдакони боғча низ дӯст медоранду эҳтиромашро қоиланд. Ҳамаро бо чашми меҳрбор менигарад. Мушкилоти бонувони коргоҳро барои худ мушкил мебинад ва то имконияти муносиб дар барашон рост меистад.
Аз рӯзҳои аввали келин шуда омаданаш чун духтари шаҳрӣ хотироти ширин дорад. Набудани оби ошомиданӣ, роҳҳои душворгузар ва лимити барқ даҳҳо мушкилоти дигар барои бонувони минтақаи кӯҳистон, хусусан оне, ки зиндагии шаҳрӣ дидааст, осон набуд. Аммо ҳамеша панду насиҳат ва ба оянда хушбин будани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки мегуфт: «Ин ҳама мегузарад, бо сабр бошед, рӯзҳои хушу хурсандӣ дар пешанд», – дар гӯшаш садо медод ва ба кору зиндагӣ ҳамеша бо муҳаббат менигарист.
Имрӯз Таманно Манонзода бо дуои модари пираш ва нигоҳи гарму хандаи тифлакони кӯдакистон фаъолияти худро босамар пеш мебарад. Навбатпойии модаронро дида ният дорад, ки шумораи тарбиятгирандагони боғчаро дар оянда ба 180 нафар расонад. Намехоҳад, ки модаре ё бонуе аз дари боғча ноумед баргардад. Масъулони мақомоти маҳаллӣ низ ба пешниҳоди мудири боғча зид нестанд.
Рустами НАЗИР,
Душанбе–Темурмалик–Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо










