БОЙГОНӢ

«    Август 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Макони парвариши орзуҳо

Аз ҳар боб

Ҳанӯз офтоби саҳар аз паси дарахтони сабзу хуррам пурра шуъла наафканда, саҳни Муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и ноҳияи Муъминобод аз садои хандаҳои беғаши тифлон лабрез мешавад. Кӯдакон кафи дастони гарми модарону падаронро раҳо карда, бо чеҳраи пур аз шавқу завқ ба сӯйи гурӯҳҳои худ мешитобанд. Яке бо дӯсташ аз бозичаи нав қисса мекунад, дигаре шеъри омӯхтаашро такрор менамояд. Мураббиён ҳар кадомро бо табассум пешвоз гирифта, ба оғӯш мекашанд. Дар ин лаҳза эҳсос мегардад, ки кӯдакистон на танҳо макони нигоҳубини кӯдак, балки нахустин мактаби одамият ва оғози роҳи камолоти инсон аст.  


Дар ҷомеаи имрӯз, ки рушди илму техника ва технология бо суръати бесобиқа идома дорад, масъулияти муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ низ рӯз аз рӯз бештар мегардад, зеро маҳз дар ҳамин синну сол, дар қалби кӯдак аввалин тухми дониш, фарҳанг, ахлоқ, меҳру муҳаббат ба Ватан ва эҳтиром ба инсон кошта мешавад. Агар ин ниҳол бо меҳрубонӣ ва дониш парвариш ёбад, фардо ба дарахти пурбор табдил хоҳад ёфт.


Муассисаи таҳсилоти томактабии №1 аз зумраи чунин боргоҳҳои маърифати ноҳияи Муъминобод ба шумор меравад. Дар ин ҷо на танҳо ба омӯзиши ҳарфу рақам, балки ба тарбияи инсони комил аҳамияти махсус медиҳанд. Аз ҳамин рӯ, вориди муассиса шудан, пеш аз ҳама, эҳсоси ворид шудан ба ҷаҳони кӯдакӣ ва муҳити гарму самимиятро бедор мекунад. Дар саҳни кӯдакистон гулҳои рангоранг, дарахтони сабз ва майдончаҳои бозӣ чашмро навозиш медиҳанд. Деворҳои синфхонаҳо бо расмҳои эҷодкардаи кӯдакон оро ёфтаанд. Дар ҳар гӯша осори завқу салиқаи мураббиён эҳсос мегардад. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки барои фароҳам овардани муҳити мусоид заҳмати зиёд сарф шудааст.


Роҳбари муассиса Дилором Тӯраева беш аз даҳ сол ҳаёти худро ба тарбияи кӯдакон пайванд додааст. Ӯ фаъолияти меҳнатиашро соли 2015 ҳамчун мураббия оғоз намуда, баъдан ба ҳайси сармураббия фаъолият кардааст ва имрӯз роҳбарии муассисаро ба зимма дорад.


– Ҳар нафаре, ки бо кӯдак кор мекунад, пеш аз ҳама, бояд дили бузург дошта бошад. Мо ҳар рӯз бо насли ояндаи миллат рӯ ба рӯ мешавем. Барои ҳамин ҳар сухан, ҳар муносибат ва ҳар дарсе, ки ба кӯдак медиҳем, он метавонад дар ташаккули шахсияти ӯ нақши муҳим бозад. Вазифаи мо на танҳо нигоҳубини кӯдак, балки тарбияи инсони бофарҳанг, ватандӯст ва донишманд мебошад, – гуфт мудир.


Ин суханон шиори нонавиштаи кори ҳаррӯзаи муассисаро мемонад, зеро дар ҳар қадами фаъолияти кормандон меҳру муҳаббат ба кӯдак эҳсос мегардад. Имрӯз дар боғча 7 гурӯҳи таълимӣ фаъолият дошта, беш аз 220 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.


– Мо мекӯшем, ки барои ҳар кӯдак муҳити орому бехатар фароҳам оварем. Дар ҳамаи гурӯҳҳо мураббиёни соҳибмаълумот фаъолият доранд. Ҳадафи мо танҳо иҷрои барномаи таълимӣ нест. Мо мехоҳем ҳар кӯдак худро дар ин ҷо хушбахт эҳсос кунад. Агар кӯдак чеҳрахандон ба кӯдакистон ояд ва бо табассум ба хона баргардад, ин барои мо бузургтарин дастовард аст, – иброз дошт Дилоромбону.


Дар ин рӯзҳо боғча марҳалаи муҳими фаъолияти худро пушти сар менамояд, 33 нафар аз тарбиятгирандаи гурӯҳҳои омодагӣ бо кӯдакистон хайрухуш намуда, ба мактаб қадам мегузорад. Акнун дарҳои муассиса барои қабули насли нави тарбиятгирандагон боз аст. Омодагӣ ба соли нави таҳсил идома дошта, кормандон бо эҳсоси баланди масъулият баҳри фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтар талош меварзанд.


Тарбияи кӯдак аз муҳити атроф оғоз меёбад. Ҳамин аст, ки дар Муассисаи таҳсилоти томактабии №1 ҳар як машғулият бо дарназардошти хусусиятҳои синнусолии кӯдакон тарҳрезӣ шудааст. Аз лаҳзаи ворид шудани кӯдак ба синфхона то анҷоми рӯз, ҳар соат барои рушди фикрронӣ, нутқ, ҷаҳонбинӣ ва истеъдоди ӯ равона мегардад.


Дар долонҳои муассиса расмҳои офаридае мувофиқ ба синну соли кӯдакон кашида шудаанд. Дар рӯйи мизҳо китобҳои бачагона ва воситаҳои таълимӣ ба назар мерасанд. Ҳамаи ин манзараҳо нишон медиҳанд, ки кӯдак дар ин ҷо на танҳо дониш меомӯзад, балки ҷаҳонро мешиносад. Имрӯз барномаи таълимӣ мутобиқ ба талаботи замон ба роҳ монда шудааст.


– Дар муассиса кӯдакон рушди нутқ, адабиёти бачагона, математика, расмкашӣ, меҳнати дастӣ, мусиқӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва шиносоӣ бо муҳити атрофро меомӯзанд. Ҳадафи мо танҳо омӯзондани фанҳо набуда, балки рушди ҳамаҷонибаи кӯдак аст, – мегӯяд ӯ.


Яке аз самтҳое, ки имрӯз ба он таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад, омӯзиши забонҳои хориҷӣ аст. Дар муассиса ду гурӯҳи омӯзиши забони англисӣ фаъолият мекунад. Машғулиятҳо бо усулҳои муосир, тавассути бозӣ, суруд, расм ва муоширати мустақим доир мешаванд. Чунин усул ба кӯдак имкон медиҳад, ки бидуни эҳсоси душворӣ калимаҳои навро аз бар намояд.


Самараи чунин заҳматҳо чашмрас аст. Соли равон яке аз тарбиятгирандагони муассиса Умарҷон Муродзода дар озмуни «Забондони беҳтарин» аз байни 25 иштирокдор бо донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид. Ин дастовард барои роҳбарият ва омӯзгорон танҳо як ҷоиза нест, балки нишонаи заҳмати дастаҷамъонаи онҳост, ки натиҷаи дилхоҳ медиҳад.


– Мо мехоҳем дар ояндаи наздик гурӯҳи алоҳидаи омӯзиши забони русиро низ таъсис диҳем. Барои ин танҳо ҷалби мутахассиси соҳибихтисос зарур аст. Бовар аст, ки ин ҳадаф низ амалӣ хоҳад шуд ва кӯдакон ба таълими забони русӣ ҷалб мегарданд, – гуфт роҳбари боғча.


Дар Муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и ноҳияи Муъминобод ҳайати омӯзгорон аз мураббиёни соҳибтаҷриба ва ҷавонони соҳибкасб иборат аст. Қисми зиёди онҳо зиёда аз даҳ сол собиқаи корӣ доранд. Таҷрибаи ғании онҳо имрӯз барои омӯзгорони ҷавон мактаби воқеии омӯзиш шудааст.


Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғча рӯҳияи созандагӣ эҳсос мегардад. Саҳни он тозаву озода, гулгаштҳо сарсабз ва синфхонаҳо барои қабули кӯдакон омодаанд. Кормандон дар баробари иҷрои вазифаҳои таълимӣ ба корҳои ободонӣ низ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.


– Мо нақшаи махсуси чорабиниҳоро бахшида ба Ҷашни фархундаи миллӣ таҳия намудаем. Ҳар ҳафта шанбегӣ гузаронда, саҳни муассисаро ободу зебо нигоҳ медорем. Гулзорҳоро навсозӣ, роҳравҳоро тоза намудем ва муҳити муассисаро барои кӯдакон боз ҳам зеботар сохтем. Мехоҳем кӯдакон аз овони хурдӣ дар муҳити тозагӣ, зебоӣ ва муҳаббат ба Ватан тарбия ёбанд, – афзуд Дилором Тӯраева.


Ҳангоми тарки ин макон боз ба саҳни он назар меафканам. Кӯдакон даст ба дасти ҳам бозӣ мекунанд. Яке аз онҳо бо ифтихор расми офаридаашро ба мураббия нишон медиҳад. Дигаре ҳарфҳои аввалини алифборо мехонад.


Муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и ноҳияи Муъминобод имрӯз танҳо як кӯдакистон набуда, он макони парвариши орзуҳо, кашфи истеъдодҳо ва ташаккули нахустин хиштҳои шахсияти инсон аст.


Гулшан ҶӮРАЗОДА,

Душанбе – Муъминобод – Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_08_2026_small_.pdf [3.32 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон