Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Бонуи меҳмонавоз
Аз ҳар бобКӯҳистони Мастчоҳ на танҳо бо табиати афсункору зебояш, балки бо анъанаҳои қадимаи меҳмоннавозии сокинонаш машҳур аст. Мардуми ин минтақаи кӯҳистон меҳмонро, сарфи назар аз худиву бегона, дорову нодор, дар гармову сармо, бо самимияти ба худ хос, бо пешниҳоди нону намак ва таомҳои миллии ин мавзеъ пазироӣ менамоянд. Занони кӯҳистон, воқеан, посдори арзишҳои миллӣ ва муаррифгари фарҳанги бостонанд.
Ин бонуи фариштахӯ зиёда аз панҷоҳ сол аст деҳаи Пастиғави Кӯҳистони Мастчоҳро ба ошёни садоқат ва гарму меҳмондӯст мубаддал сохтааст. Бо сифати хоксориву саховатмандиаш тавонистааст парчами шуҳрату анъанаҳои миллию қадимаи тоҷиконро на танҳо дар кишвар, балки берун аз он баланд бардорад.
Зулфия Муллоҷонова 15-уми ноябри соли 1961 дар Ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) ба дунё омадааст. Падараш Абдулло Қаҳҳоров механизатори хоҷагии қишлоқ ва модараш Фотима Қаҳҳорова кишоварз буду аҳлона мезистанд. Пас аз хатми синфи ҳашт Омӯзишгоҳи касбӣ-техникиро аз рӯи ихтисоси бофандаи матоъҳои трикотажӣ ба поён расонду ба комбинати нассоҷии пойтахт ба кор омада, се сол фаъолият кард. Сипас, дар заводи чарми Душанбе заҳмат кашид. Азбаски фарзанди дувуми хонадон буд, ба қиблагоҳ ёрӣ расонданро вазифаи ҷонии худ медонист
– Писархолаам, ки дар шаҳри Комсомоли лаби Амури Шарқи Дури Россия, дар ҳудуди Хабаровск хидмат мекард, ба хоҳарам дил баста буд. Боре аз ман хоҳиш кард, ки сурати ӯро фиристам. Хоҳарам маҷбур кард, ки ҳамроҳаш сурат гирам. Чунин сар шуд шиносоии ман бо ҷавони ҳамхидмати мастчоҳиаш. Мо танҳо ба воситаи мактуб аз ҳоли ҳамдигар бохабар мешудем, – ёд меорад бону.
– Пас аз хидмати аскарӣ ба хонаамон хостгор фиристоду бо амри тақдир оиладор шудем. Ҳамроҳи модарам ба воситаи ҳавопаймо ба ноҳияи Мастчоҳ парвоз кардем. Чоруми январи соли 1981 тӯйи хонадоршавиамон доир шуд. Шаш сол дар Мастчоҳи нав зиндагӣ кардем у баъд ба ин ҷо кӯч бастем. Инак, 46 сол аст, ки якҷоя зиндагӣ намуда, соҳиби шаш писар, панҷ духтар ва 60 набераву 10 абера гардидем, – иброз дошт Зулфиябону.
Ин зани дурандеш аз таҷрибаи рӯзгори хушдоманаш баҳра бурда, таҷриба ва мактаби зиндагии ӯро барои худ касб кард. Фарҳанги аз пиронсолон гирифтааш ба ӯ қадршиносиву эҳтироми якдигар ва сабру таҳаммулро омӯхтанд. Ин ганҷ зиндагиашро бо ҳокими хонадонаш боз ҳам ширинтару хубтар намуд.
– Хушдоманам инсони хуб, мисли модар муносибат мекарданд. Падарарӯсам ҳам одами бомулоҳиза буда, боре ҳам гапи сахт нагуфта буданд. Агар ягон корам мефармуданд, «хуб шудааст» гӯён ҷавоб медодам. Ба корҳои хушдоманам зеҳн монда меандӯхтам. Вақте медиданд, ки пеш аз худашон корҳояшонро анҷом медиҳам, бисёр хурсанд мешуданд. Ҳамсафари ҳаётиам инсони хуб буданду эҳтиромамро ба ҷо меоварданд. Қариб 18 сол хидмати хусуру хушдоманро ба ҷо оварда, дуояшонро гирифтам.
Модарам хандида мегуфтанд, ки падарам ҳамеша ба модарам изҳор мекардааст, ки хислаташ тез асту оё ӯ бо онҳо унс мегирифта бошад. Модарам накуҳиш медод, ки ба мушкилиҳои кӯҳистон тоб наоварда, се рӯз арӯс мешавию халос, зеро дар хона ба корҳои мардона бештар таваҷҷуҳ доштаму кору бори занона аз дастам намеомад. Ҳини бори аввал, пас аз хонадоршавиам волидон хабаргирӣ омаданд, нонбандию корҳои анҷомдодаамро дида ангушти ҳайрат газиданд. Падар гуфт, ки дар хонаамон боре ҳам аз дастат нон нахӯрдем. Гуфтам, ки Худованд маро ғариб гардонду ҳунарманд кард, то азоб накашам. Падар маро дуо дод, ки ман аз ту розияму хушбахт шавӣ, духтарам, – ёд овард ин бонуи пурҳунар.
Соли 1987-ум хусури Зулфиябону аз шаҳри Бӯстон ба Кӯҳистони Мастчоҳ кӯч баста, дар ин ҷо хонаи нав бунёд намуд. Ошёнаи дуюми манзил бо кандакории миллӣ зеби меҳмонхона буд. Нишонии ин меҳмонхонаи ройгонро аз ҳар гӯшаву канори дунё пайдо карда, меҳмонону сайёҳон, аз дохилу хориҷи кишвар ташриф оварда, ба остонаи он пой мениҳанд. Ҳар як меҳмон аз кошонаи онҳо ризову қаноатманд ва бо хотираи нек берун меояд.
Пушти дарвозаи ин хонавода навишта шудааст:
«Бародари раҳгузар, насиба гир ва баъд гузар!»
– Қиблагоҳам омадани меҳмонро файзу баракат медонистанд. Ҳамеша мегуфтанд, ки аз дари одами хушбахт меҳмон медарояд. Дар 40 соли мавҷудияти меҳмонхона ҷаҳонгардон аз кунҷу канори дунё аз он огоҳ шудаанд. Баъзеҳо барои санҷидан меоянд, ки оё воқеан дар ин ҷо шабро рӯз кардан ройгон бошад? Аз соли 1987-ум ҳамин хел дастархони мо боз аст. Падар насиҳат додаанд, ки писарам, ҳеҷ гоҳ дастархонатро ҷамъ накуну ҳамин анъанаро давом деҳ, зеро ҷавонмардиву олиҳимматии мард маҳз аз ҳамин дастархон оғоз мешавад. Ният дорем, ки дар оянда бо имкониятҳои пайдошуда, боз шароитамонро беҳтар карда, дастшӯй ва барои меҳмонон ҳаммоми замонавӣ созем, – ироа кард шавҳари Зулфия – Таваккал Муллоҷонов.
Қиблагоҳ бо нияти манбаи муҳими даромадноки оила ният дошт, ки як дашти ноободеро обод намуда, он ҷо боғу роғ бунёд кунад. Пас аз сари вай Таваккалу Зулфия он қитъаро чунон шукуфону сарсабз намуданд, ки ногуфтанӣ. Аз лаззати меваю сабзавоти онҳо на танҳо мардуми деҳа, балки сайёҳони худиву бегона низ ком ширин мекунанд.
– Чӯли ноободро, ки дар масофаи 7 км дуртар аз манзиламон қарор дорад, дар ҳудуди 30–40 гектар замин ҷойгир аст, ҳамроҳи марди хона ва фарзандонам корам намуда, ба биҳишти сабзу хуррам табдил додаем. Ниҳолҳои зардолу, олу, шафтолуву гелос, себу нок дар он қомат афрохтаанд. Аз замини кориамон зироатҳои кишоварзӣ ва лӯбиёгӣ низ ба даст меорем.Ин мавзеъро падари шавҳарам «Боғи ошиқон» ном мебурданд. Тибқи ривояти маҳаллӣ, ин нуқта макони вохӯрии ду ошиқи ноком буда, ба хотири ишқи номуроди онҳо чунин ном гирифтааст. Замоне, ки хусурам тасмими ин ҷо сарсабз намудан карда буданд, писар таваллуд кардам, бобояш Ошиқ ном доданд.
Аз сабаби сард будани иқлими Кӯҳистони Мастчоҳ танҳо як маротиба ҳосил мегирем. Маҳсулотро дар баробари захира кардан, боз ба савдо ҳам мебарорем. Дар ин макон манзили муваққатӣ сохта, се моҳи тобистон ҳамроҳи писарону келинҳо ва набераҳо дар он ҷо заҳмат мекашем. Гову моламонро низ ҳамроҳамон бурда, парасторӣ мекунем, – мегӯяд зани меҳнатқарин.
Кишоварзӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, бо сабаби мавқеи ҷуғрофӣ ва иқлими кӯҳӣ дорои хусусияти хос мебошад. Асоси соҳаро дар ин минтақаи дурдасти кишвар картошкапарварию чорводорӣ ва зироаткорӣ ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки картошкаи ин мавзеъ аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он шуҳрат пайдо кардааст.
– Шукронаи сулҳу субот, истиқлолияту озодӣ, шукронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ин қадар барои мо ҷонфидоиҳо намудаанд. Тамоми занону духтарони кишвар имрӯз озоду ҳамагӣ коргаранд. Дар мактабҳо, беморхонаҳо, мақомоти ноҳия занҳо фаъолият мекунанд. Дар замонҳои пеш бонувон кӯдаконашонро бе саробон монда, ба кори саҳро мерафтанд. Ҳозир шукр, ки боғчаву яслиҳо дар деҳаҳо фаъоланд ва занон бо дили пур ба кор мераванд. Бештари духтаракони мо соҳиби маълумот гашта, баъд аз он шавҳар мекунанд.
Ӯ меафзояд, ки солҳои пеш роҳҳои Кӯҳистони Мастчоҳ дар натиҷаи барфрезиву фасли сармо моҳҳо баста буду ӯ аз дидор бо наздикону пайвандони шаҳрияш маҳрум мегашт. Танҳо тавассути номаҳои қоғазӣ аз ҳоли хешонаш бохабар мешуд. Таҷдиди роҳҳои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои сокинони ин минтақаи кӯҳӣ муҳимтарин дастоварди замони истиқлолият ҳисобида мешавад…
М. УСМОН
Душанбе – Кӯҳистони Мастчоҳ – Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо










