Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Дуои модар: «То дунё бино бошад…»
Аз ҳар бобДеҳаи Шамтуч (Шамтиҷ) охирин деҳаи ноҳияи Айнӣ, марзи маъмурии онро анҷом дода, дарвозаи Кӯҳистони Мастчоҳро ба рӯи мо боз менамуд. Худрави дизелии тамғаи «Муссо», ки аслан дар роҳи кӯҳсори баланди баланд аз ҳамин гуна кирокашҳо кор мегиранд, бо суръати миёна шебу фарозҳоро убур мекард. Агар то Шамтуч беш аз чор соат роҳ паймуда бошем, то маркази ноҳия боз якуним соати дигар, ҳатто зиёдтар аз он роҳ паймудан рост меомад ва чун рӯз поин меёфт, деҳаҳои Оббурдону Камодон ва Падроғу Витконро гузашта, дар деҳаи Пастиғав қарор гирифтем. Мувофиқа шуд, ки шаб ин ҷо монему субҳ озими маркази ноҳия шавем.
Пастиғав аз деҳаҳои куҳан ва калонтарини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аст, ки зодагони накӯномаш дар навиштаҳо гоҳ-гоҳо ёдрас мешаванд. Маҳз аввалин меҳмонхонаи ройгон ҳам даҳсолаҳо пеш, замони бақои Иттиҳоди Шӯравӣ бо ташаббуси яке аз мардони асил, Бобоҷон Муллоҷонов ба рӯи мусофирону меҳмонони шабмонда дар ҳамин деҳа боз шуда буд. Мардумонаш дӯсту тифоқ, аҳлона зиндагӣ доранд. Аз масофаи хеле дур, аз чашмаи Хубруд, ки мавзеъҳои тагоби Хубруд, тагоби Калхона, Сочич ва такоби Сурхакатро мегузарад, дасти ба даст ба Пастиғав мардум хатти оби нӯшоӣ оварданд. Чашмаи софу зулол имрӯз аз новаҳо дар ҳавлии ҳар кадом бошандаи деҳа ҷорист, ки таъмаш басо гуворост.
Шомгоҳ давраи мо бо ёд овардани инсонҳои шарифи ҳамин маҳал тафсиду қатори номгирифтаҳо исми бонуе бо номи Одинамоҳ ҳам ба забон омад, ки ҳамсуҳбатонам ӯро Қаҳрамонмодари Пастиғав муаррифӣ намуданд.Рӯзи дигар бо анҷом шудани корҳои хидматӣ дар маркази ноҳия, ки аз миёни Пастиғав мегузаштем, ҳавлии модарбузургро суроғ кардам. Майдони чандон калон надошт ӯ, аммо гӯшаеро дар ҳавлӣ холӣ намедидем, ҳама гулу гулбутта, ниҳолу дарахтони навбару боровар, махмалину майсазор, табъи ҳар меҳмонро хуш мекард. Дар ошёнаи аввал ҳуҷрае чун осорхона ба назар мерасид, ки чор девори он бо нақшу нигори миллӣ, қуроқу чакану гулу гулдӯзӣ пӯшида шуда буд. Ин ҳама осори дастони модари 90-сола буд, ки имрӯз бонувони деҳа ӯро бо ифтихор устоди хеш мехонанд.
Одинамоҳ Рӯзиева дар Кӯҳистони Мастчоҳ ба камол расида бошад ҳам, чун ҳазорон сокини ин маҳал дар 19-солагӣ ба даштҳои Дилварзин, ба ин хорзору қумзор иҷборан бо аҳли оила кӯч баст. Наздики 20 сол дар ободии ин биёбон саҳм гирифт, гӯшае обод кард у он ҷо фарзандони хешро ба бори дунё овард ва ба камол расонд.Модар гоҳе аз шавҳари азизаш ёд мекарду гоҳе аз додари ғӯрамаргаш. Аҳрор Давлатов, шавҳари Одинамоҳ, омӯзгори забони англисӣ буд. Ӯ кам не, 63 сол ба фарзандони халқи Мастчоҳи наву Кӯҳистони Мастчоҳ забон омӯзонд. Шумори шогирдонаш беинтиҳост. Муаллим умри хуб дид, 97 сол.
Абдуғаффор, яке аз сокинони деҳаи Пастиғав, иброз дошт, ки Одинамоҳ Рӯзиева барои аксари бошандагони деҳа модар ва барои бонувони ҳунарманд устод аст. То кунун дар ҳар ҷашну маъракаҳои деҳа ва ноҳия ӯ гули сари сабад аст. Аз солҳои корамсозии даштҳои Дилварзин, дубора ба зодгоҳ баргаштанаш, солҳои мудҳиши ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва аз нав эҳё шудану ободиҳои имрӯзи Тоҷикистон азизаш қиссаҳои аҷоибу ғароиб дорад. Ҷавонони нав оиладорро ҳамчун бонуи рӯзгордида ба эҳтироми оилаи худ, хусуру хушдоман ва сарфаю сариштакорӣ даъват мекунад.
-Панҷ писарам дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат кард. Онҳо ҳимояи Ватанро барои худ шарафи бузург медонанд,- мегӯяд бо ифтихор модар.
Одинамоҳ ва шавҳараш Аҳрори муаллим 13 фарзандро дар рӯҳияи меҳнатдӯстиву ватанпарварӣ ба камол расондаанд, ки ҳар кадоми онҳо мувофиқ ба пешаи доштаашон дар ободии диёр саҳм мегузоранд. Аз додари низомиаш Азизаҳмад Рӯзиев, ки дар 49-солагӣ онҳоро тарк гуфт, бо алам ёд мекард. Мегуфт, ки полковник Азизаҳмад дар барқарорсозии сохти конститутсионии ҷумҳурӣ нақши бузург гузошт, афсӯс, ки умр вафо накард…
Одинамоҳ Рӯзиева имрӯз соҳиби 78 набера ва 66 абера аст, ки онҳоро барои худ меваи умр ва давлати пирӣ медонад. Ба нақшу нигор, дастдӯзу ҳунармандиҳояш дида дӯхта, солҳои ҷавониашро дармеёбад, шукрона мекунад, ки умри хешро беҳуда саф накардааст. Танҳо дар деҳаи Пастиғав не, аз аксари деҳоти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ духтаракон ба суроғи ин бонуи ҳунар меомаданд, то аз ҳунари кашидадӯзию таомпазиаш баҳра бардоранд ва модар, бо вуҷуди он ҳама серкорӣ, тарбияи фарзандону сари саҳро рафтан, хоҳиши ҳеҷ кадомеро рад намекард. Вақтҳое буд, ки шавқмандони ҳунар ду рӯзу се рӯз меҳмони модар мешуданд, то касбу ҳунар аз ӯ омӯзанд. Одинамоҳ барои онҳо ҳам вақт меёфту ҳам ҷойи хобу хӯрок. Дасти кушоду меҳри беандоза ба шогирдонаш рӯзгори модарро баракат дод.
Дар тамоми чорабиниҳои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, вилояти Суғд ва сатҳи ҷумҳуриявӣ намунаи дастони ин модари ҳунарманд дар маърази тамошо буд ва баҳои баландро ҳам сазовор мегашт. Қатори ороиши ҳунарҳояш дар ҳуҷраи модар садҳо инъому подошҳо гувоҳ аз ҳунари волояш мебошанд.Ҳозир ҳам хоҳад сӯзану ришта ба даст мегирад ё сари дегу дегдон мешинад, аммо фарзанду набераҳои ҷону ҷигараш ва гоҳе шогирдони вафодораш имкон намедиҳанд.– Модарҷон, бибиҷон, шумо ба мо маслиҳат диҳед, акнун навбати мо, – гӯён ҳар кадом сӯзану ришта ё кафгиру кафлесро аз дасташ мегирад.
Модар ҳар субҳу шом рӯ ба қибла, бо дастони пур аз дуост. Дар ҳаққи давлату миллат, Тоҷикистони азизаш ормонҳои нек мешиканад, то дунё бино бошад, осоиши давру замонро таманно дораду миллати тоҷикро сарҷамъ дидан мехоҳад.Бо орзуҳои неки модар мо низ ба сафари худ аз ин ноҳияи дурдасти Тоҷикистон – Кӯҳистони Мастчоҳ ҳусни анҷом бахшидем.
Р. НАЗИРОВ,
Душанбе – Кӯҳистони Мастчоҳ – Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо










