БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

ФОИДАИ ЯК ДАРАХТ

Аз ҳар боб

 Агар нафаре гӯяд, ки дарахти пир дигар беманфиат асту аз худ ҳеҷ ҳавое хориҷ намесозад,  бояд донем, ки 1 дарахти куҳан:

 

- ҳудуди 22 кг СО2 (гази карбон)-ро тули сол  ба худ гирифта, ҳамон қадр оксиген ҳосил менамояд, ки барои ду одам басанда аст;

- хоки қабати заминро муътадил гардонда,  бодлес (эрозия)-ро пешгирӣ менамояд. Решаҳои дарахт қобилияти дар худ обнигаҳдории хокро зиёд мегардонанд;

- қисме аз шуъои офтобро фурӯ бурда, муҳитро салқин нигоҳ медорад. Яъне, як дарахт метавонад баробари 10 ҳавосоз (кондитсионер) қобилияти сардкунӣ дошта бошад;

- ба пайдошавии абрҳо мусоидат карда, ба микроиқлим ва боришоти маҳал кумак мерасонад;

- баргҳое, ки ба замин мерезанд, пора гашта, ҳамчун ғизо барои хок хизмат мекунанд;

- ба ҳосилхезии замин мусоидат карда, ба сабзиши дигар рустаниҳо кумак мерасонад;

- гарду ифлосиҳо, амсоли оксиди нитроген ва диоксиди сулфурро ба худ ҷабида, сифати зиндагиро беҳтар мегардонад;

  •   барои ҷонварони гуногун – ҳашароту паранда ва хояндаҳо макони зист ва ғизоро фароҳам меорад, ки онҳо барои пайдоиши хоку гил ва қабатҳои он бағоят муҳиманд;

- шиддати садоро кам карда, монеи сарборӣ ба чашмҳо низ мегардад, хосса дар шаҳру мавзеъҳои сернуфус (сераҳолӣ);

- аз шамол ва сардиҳо ҳифз менамояд;

- хастагиро рафъ ва ҳолати равонии инсонро беҳтар мегардонад.

Пас, метавон гуфт, ки як дарахт барои инсон метавонад мисли ганҷи бебаҳо бошад. Ва ҳар яки мо метавонем, ки ин дурдонаҳои табиатро ҳифз карда, бо шинондани ниҳолу буттаҳо ба хазинаи Замин гавҳари бештаре зам намоем. 

Таҳияи С. АШӮРОВА                         

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 11)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон