БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Сабри бисёр бибояд падари пири фалакро…

Аз ҳар боб

7-уми октябри соли 2026 аз даргузашти шахсияти номвар, ҷавонмарди заҳматписанд, марди сахо, намакпосдор ва дӯстдори мардум — акаи Нуриддин Раҳмон 9 сол сипарӣ мешавад.

Ҳанӯз ҳам аз ёд нарафта, рӯзи 8-уми октябри соли 2017, рӯзи видоъ, нафарони зиёде дидаи гирён доштанд, зеро онҳо дӯст, бародар, ҳамсаф, ҳамсоя, сарпараст, муттако, имдодгар, ғамгусор, марди сахопеша, намакпосдори хешро аз даст дода, ба роҳи охират мегуселонданд.

Воқеан, марде буд заҳматписанд. Умри азизи хешро ба хидмат ба халқу Ватан бахшид. Тӯли умр ҳудуд, талу теппаҳои кӯҳистони зодбумро ба боғистон бадал гардонд. Роҳу пул сохт, заминҳоро обёрӣ кард, ба рустоҳои кӯҳистони дурдаст хатти барқ бурд. Мудом ба амалҳои нек ва хайру эҳсон даст мезад. Ҳар куҷое пою қадамаш мерасид, он ҷо ободӣ, хушнудӣ ва самимият мерехт…

Ӯ аз худ номи нек ба ёдгор монд.

ШАХСИЯТ

Акаи Нуриддинро ҳанӯз ҳини таҳсил дар синфи даҳуми Мактаби миёнаи № 4-и ба номи Абдураҳмони Ҷомии шаҳраки Данғара, аз соли 1975, мешинохтам…

Ӯ аз оғози солҳои 70-ум, аз овони мактабхонӣ, ёвари падару модар гашта, пас аз хатми Мактаби миёнаи № 7-и «Комсомол»-и ноҳияи Данғара, соли 1966 роҳи Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии Колхозобод (ҳозира Ҷалолиддини Балхӣ)-ро пеш гирифт ва тӯли се сол дар ин ҳунаристон таҳсил намуд ва бо дипломи механизаторӣ ба хизмати Модар-Ватан рафт. Дар аскарӣ касби кафшергари барқию газиро аз бар кард.

Соли 1971, баъди адои хизмати ҳарбӣ, узви комилҳуқуқи колхози ба номи В. И. Ленини ноҳияи Данғара шуду ҳамчун механизатор 20 сол зиёд заҳмат кашид.

Нуриддин Раҳмон нуҳ сол (1981–1989) узви бюрои Комитети ҳизбии вилояти Кӯлоб интихоб гардидааст. Он давра на ҳар киро узви бюрои вилоятии ҳизб мепазируфтанд. Акаи Нуриддин ин ҳама мартабаро бо заҳматписандӣ ва ҳалолкорӣ, бо зӯри бозуи хеш, бо меҳнати шабонарӯзӣ дарёфт…

Ин обрӯмандии бениҳоят баланд дар ҷамъият маҳсуб меёфт.

Заҳматҳои софдилонаи марди меҳнат бо нишони «Ғолиби мусобиқаҳои сотсиалистӣ» (1976–1979, 1981), медали Меҳнати шоён (1981), ордени Шараф дараҷаи I (2011) ва ифтихорномаҳо қадр гаштаанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ акаи Нуриддин, сар аз соли 1999, иҷоракори хоҷагии ба номи Ленин ва аз соли 2002 то 2017 раиси Хоҷагии деҳқонии «Раҳмонҷон» буд…

ДИДОР

Ба тахмин, солҳои 1996–1997 чанд тан аз дӯстон ва пайвандон ба маъракае ба ҷашни ҷавонмарди шинохта Анвар Бозор, ба деҳаи Чанори Кангурт, равон шудем. Баъди тахмин даҳ дақиқа меҳмоне омад. Марди таҳамтани кулчарӯйи гандумгуни ба синну сол чил-чилупанҷсолаеро мемонд. Хушсимову хушлибос, дар сар тоқии чоргули зебанда ва табассуми нарми хоксорона, ӯро шинохтам, акаи Нуриддин…

Хеле сол надида будам. Мисле ки дигар нашуда, ҳамон сон дарёфтам. Марди солор, пуртамкин ва паҳлавоннусха. Ака бо ҳар яке гарм, самимӣ вохӯрӣ ва ҳолпурсӣ намуданд. Ишонро муроот намудам, гуфтанд, Шумо меҳмонед, аз худи Душанбе омадаед ва бо исрор маро аз бари боло шинонда афзуданд: «Мо дар ҳисоби соҳибхонаем».Бо арзи сипос дар шафаташон нишастам.

Дар бораи зиндагӣ, аз вазъи пойтахт пурсон гаштанд. Синчакорона гуфтанд: «Дар назарам ширин-ширин метобӣ».Хандидаму гуфтам, Шуморо нағз мешиносам. Ман ҷияни ошнои шумо, сарбайтори колхози ба номи Ленин Нуралӣ Алихонов ҳастам.

— Ёфтам, Умаралии котиб, домоди доктор Алихонов гӯй. Ба хотирам омад…

— Бале, — гуфтам дар ҷавоб.

Майда-майда хуш суҳбат доштем. Нишаст хуб ҷараён гирифт, ки касе ба суроғи акаи Нуриддин омад. Ҳини хайрухуш гуфтанд:

— Маъзарат, бародарҳои азиз, бароҳат бошед, кори муҳиме баромад. Сипас, сӯйи ман нигариста:

— Умаралӣ, додар, тарафҳои мо ҳам биёед, хонаи мо дар рӯйи роҳ аст. Дари хонаамон қулф надорад, дастархону нони гандумӣ ҳам дорем…

— Раҳмат, ака, — гуфта, хушбошӣ намудам…

МОДАР

Рӯзгоре акаи Нуриддин аз замони кӯдакӣ, говбониаш ёд оварда буд. Дар ҳавои бозии худ бедарак гузаштани вақт ва расидани шомро нафаҳмида, миёни шибарзамин роҳи ба хона рафтанро гум кард, безобита гашт ва аз умқи дил нола бар афлок зад:

— Оча! Очаҷон!!!

Баногоҳ садое ба гӯшаш расид:

— Нуриддин, ҳее, Нуриддин!!!

Аз шунидани овози шиносу умедбахш хушҳол гашта, сӯйи овоз дар шитоб шуд ва садо дардод:— Оча, очаҷон! Ман ин ҷоам, раҳгум задам…

— Биё, бачам, ба ин тараф биё…

Нуриддин башаст худро ба бағали модар ҳаво дод. Ҳар ду лаҳзае оромиданд. Роҳравон аз модар пурсон шуд:— Чӣ хел фаҳмидед, ки ман дар ин тарафҳоям?

— Аз саҳро, аз назди падарат барои хӯрокпазӣ ба хона омадам. Хӯрокро пухта, назди падарат рафтам, туро пурсидам, гуфт, ки наомадааст. Хавотир гаштам, дар хона ҳам туро наёфтам. Фаҳм бурдам, ки дар куҷоӣ. Ба ҳамин сӯ омадам.

Момаи Майрам сари писарашро силакунон афзуд:

— Эҳ, бачаҳаки беақли ман, ҳоло ту сарфаҳм намеравӣ, калон шавӣ, ана баъд мефаҳмӣ, ки фарзанд ба дили кас чӣ қадар наздик аст…

Бо сипарӣ шудани солҳо, акаи Нуриддин ин лаҳзаи хотирмонро ба хотир оварда, ба худ гуфт:

— Он вақт намефаҳмидам, акнун дарк кардам, модарҷон ва ба дил байти Мирзо Абдулқодири Бедилро гузаронд:

Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,

Чун ба пойи худ равон гаштем, саргардон шудем…

Момаи Майрам дар хонааш чанд каси дигарро ҳамчун пайванди хеш тарбия ва ба камол расонда, онҳоро хонадор кард. Одати дигари момро наздикон ҳоло ҳам дар ёд доранд. Модар аз дами гарми омодакардааш аввал ба хонаи ҳамсояи наздик ё ба оилаи шахси камбизоат мефиристод. Дастархони модар ҳамеша густурда буд.

ОБОДГАР

Мардум акаи Нуриддинро ҳамчун марди ободгару заҳматписанд ёд мекунанд. Ин маротиба танҳо аз як ҷузъи корҳои анҷомдодаи ӯ хоҳем гуфт. 24-уми июли соли 2000-ум ҳангоми нахустин сафари хеш Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зодгоҳи падарӣ — деҳаи хушманзари Шингихо, ба ҳозирин гуфтанд, ки дар ин манзилу макон бунёд кардани боғот айни муддао мебуд.

Акаи Нуриддин ҳамон замон аз пайи иҷрои ин гуфтаҳо шуданд. Барои бунёди боғот, пеш аз ҳама, кушодани роҳҳои мошингард рост меомад. Дар амалӣ гаштани ин мушкилот мардони кор Сангимаҳмад Тағоев, Файзулло Ҷамилов, Нурмуҳаммад Тағоев, Шамс, усто Борон, Асадулло Кабиров, Нуралӣ Гулов, Ҳасан Зарифов, Шер, Ҷӯрақул ва дигарон даст ба даст кӯшиш ба харҷ доданд.

Бори аввал ин роҳ аз деҳаи Кулли Суфиён то Шингихо бо заҳмати директори совхози «Ғалаба» Файзулло Ҷамилов бунёд шуда буд. Кунун онро акаи Нуриддин аз нав таъмир ва васеъ гардонда буданд. Боис ба ёдоварист, ки дар бунёд ва таъмири роҳҳои хокиву сангии ин мавзеъҳо механизмҳои пурқувват аз ҷониби Хайрулло Сафарзода, роҳбари НБО «Роғун», мушкилоти роҳсозонро осон гардонд.

Ҳамин тавр, бо кумаки дӯстон ва ошноҳо акаи Нуриддин солҳои 2008–2010 ба маркази деҳоти вайроншудаи собиқ деҳаҳои Кулли Суфиён — Шингихо, Сафедоро, Даҳанаи Боло, Оби Калон, Қуруғ, Қашқараҳа, Сирзор, Кангуртут, Гули Зиндон, Зардолу, Оби Ҷонак, Хоҷаи Нур, роҳҳои нав кушоданд ва роҳҳои кӯҳанро аз нав таъмир намуданд, ки ин масир, тахминан, зиёда аз 200 км-ро дар бар мегирад.

То ба марқади бузургвор — Хоҷаи Нур, дар давоми 23 рӯз роҳи мошингардро боз карданд. Мардуми бисёре омад. Онҳо ба марди саховатманд ҳасанот хонданд.

Ҳини ин нишаст ва суҳбат бо мардум сокини кӯҳансоли деҳаи Оби Калон мулло Фатҳиддин гуфт:

— Нуриддинҷон, чӣ мешавад, ки барои мо, сокинони деҳаҳои Оби Калон, Қуруғ (ҳудуди ноҳияи Темурмалик) роҳи мошингард сохта, хатти барқ кашед. Савоби калон мегиред, писарам…

Ҳозирон гӯшу ҳуш, хомӯш посухи марди давронро шунидан мехостанд. Акаи Нуриддин табассум бар лаб гуфтанд:

— Пахта ҳосили хуб диҳад, Худо хоҳад, хоҳиши Шуморо иҷро мекунем.

Мавҷи кафкӯбӣ ва нидоҳои нишотангез танин андохт. Хурду бузург ҳама хурсанд шуданд. Акаи Нуриддин ба қавлашон вафо карданд. Ҳамон сол ба деҳаҳои болозикр роҳи мошингард кушодаву хатти барқ кашиданд. Ҳамчунин, баъдан, ба деҳаҳои Шингихо, Зардолу, Сафедоро ва Оби Ҷонак хатти барқ кашида шуд.

ЁДОВАРӢ

Ҳамсари акаи Нуриддин — янгаи Вилоят, ҳини дидор бо муаллифи ин сатрҳо ба чунин мазмун қисса карда буданд, ки дар 20-солагӣ ба Нуриддин, писари бобои Раҳмон, ба шавҳар баромада, соҳиби бахту иқбол ва ҳаёти осоишта шудаанд.

— Бобои Раҳмон ва момаи Майрам маро ҳамчун фарзанди худ қабул карданд. Ҳардуяшон ҳам одамони хуб буданд. Побарҷойии бинои бахти ману шавҳарам дар муҳаббат ва якдигарфаҳмӣ асос ёфта буд. Солҳои аввали зиндагӣ андак ташвиши зиёд доштем. Пас аз ба воя расидани духтаронам, корубори хона сабуктар шуд. Хусуру хушдоманам аз ёрии набераҳояшон ҳузур мекарданд.

Онҳо падару модарамро нағз медиданд. Рафтуомади хуб доштанд. Бобои Раҳмон ва момаи Майрам чандин нафарро тарбият карда, ба ҳаёти мустақилона гуселонданд. Масалан, Талбаки ҳамсояро бо ёрии ҳамдеҳаҳо оиладор ва соҳиби хонаву дар карданд. Ин одати хуби зодмандонро писарашон Нуриддин идома дод. Вай шахсони камбизоатро хонадор карда, барояшон манзили зист сохт.

Фарзандонам падарашонро иззат мекарданд. Давраи шӯравӣ барои меҳнати шоён хоҷагӣ ба ҳамсарам мошини сабукрави «Жигули 011» мукофот дода буд. Писарам Исломиддин бо гузашти солҳо мошинро аз таъмир баровард, дар зодрӯзи падар мошини нахустинашонро, гӯё ки нав аз завод баромада, ба қиблагоҳашон тақдим намуданд.

— Ин туҳфаи арзишманд маро ба рӯзҳои гузашта бурд. Замони меҳнатиамро бори дигар аз пеши назар гузарондам. Ин мошинро ҳамчун нишона эҳтиёт кунед, — қаноатмандона изҳор дошт падар…

Калонсолонро ҳурмат ва ҳини дидор онҳоро бениёз намемонданд. Гирди дастархон ба фарзандону пайвандон мегуфтанд, ки ҳалқаи пайвандиро мустаҳкам нигоҳ доред, аз ҳолу аҳволи якдигар бохабар бошед, ба ҳамдигар ёрӣ дареғ надоред…

Ману шавҳарам моҳи августи соли 1992 духтари аввали хеш Лутфияро ба хонаи бахташ гуселондем. Боқӣ ҳамаи фарзандонро хононда, обод кардем…

23-юми ноябри соли 2004 момаи Майрам рӯ дар ниқоби хок кашиданд. Кулли пайвандон, бахусус писаронашон, аз даргузашти моми бузург ғамгин шуданд. Файзу баракати момаи Майрам ба худаш буд. Аз он шукргузорам, ки то ҳол омадурафти хешовандон ва мардум барои бардоштани дуои хайр ба таври ҳамешагӣ боқист. Ману фарзандонам чароғи хонадони модарбузургро фурӯзон нигоҳ медорем…

МУТТАКО

Аз вохӯрии ёдмон нуҳ сол сипарӣ шуд. Бо акаи Нуриддин дар ину он маърака, дар суру азо дидор медидем, аммо ҳеҷ даст намедод, ки дар муколама бошем.

Моҳи июл–августи соли 2005 шоир Тӯлқин Хоҷа тамос гирифта, гуфт, ки нияти дар бораи фаъолияти хоҷагии акаи Нуриддин матлабе омода карданро дорад ва маро ба ҳамкорӣ хонд. Пешниҳодро бо хушӣ пазируфтам. Он матлаб омода ва таърихи 29.09.2005 дар рӯзномаи «Садои мардум» таҳти унвони «Ҳунар чу мушк бувад…» ба табъ расид. Аз чопи матлаб Тӯлқин Хоҷа бағоят хушнуд гашт. Баъди чанд рӯз занг зада, арзи сипоси акаи Нуриддинро расонданд: «Ба Умаралӣ, домоди доктор Алихонов, ташаккур гӯед!»…

Марди асил, падари меҳрубон, бародари мунис, сардори ғамхори хоҷагӣ, ҷавонмард буд, акаи Нуриддин. Бо ёфтани мартаба аз коркарди замин, аз ҳамкорон, аз ошноҳову ҳамкорон дур нашуд, канора наҷуст. Ҳамчунон монд, мисли солҳои қаблӣ. Ӯ мисли пешин буд, гӯё ҳеҷ воқеае рух надода бошад…

Ӯро муттакои ёру ошноҳо, ҳаққу ҳамсояҳо, хешу табор, ҳамкорони собиқ, сокинони хоҷагӣ, хуллас мардуми ниёзманд, медонистанд. Мо низ аз он радаем…

Ба қавли Шайх Саъдӣ:

Сабри бисёр бибояд падари пири фалакро,

То дигар модари гетӣ чу ту фарзанд бизояд.

«АКАИ НУРИДДИН»

Пас аз даргузашти некмард Нуриддин Раҳмон, рӯзе ходими давлатӣ, дӯсти хонадон Назруллои Абдулваҳҳоб (равонашон шод бод) ҳини як нишаст гуфт:

— Умаралӣ, биё, дар бораи марди арсаи даврон, ҳабиби ҳамаи мо акаи Нуриддин маҷмуае таҳия намоем. Дархостро бо хушнудӣ пазируфтам.

Барои ман, ки дар маҷмааи «Шарқи озод» фаъолият доштам, гирдоварии матолиби таҳти назар душворие надошт. Аз ин рӯ, ин қисмати супоришро зуд ба сомон расондам ва онҳоро бо тартиби муайян мақом додам: Қурбон Шарифӣ «Намунаи ибрат», Тӯлқин Хоҷа, Умари Шерхон «Ҳунар аз мушк бувад», Абдуҷаббор Азиз «Ҳатто хандааш маънои одамият дошт», Шарифи Ҳамдампур «Ӯ рафт, вале монд…», Сайёфи Мизроб «Акаи Нуриддин», Умари Шерхон «Остони кӯи ту пиру ҷавонро муттако»…

Хуллас, моҳи октябри соли 2019 китоб бо унвони «Акаи Нуриддин» бо сифати баланд ба нашр расида, хотири дӯстон ва пайвандонро то ҷое таскину оромӣ бахшид…

Пас аз даргузашти азизе ё ошное дилхоҳ кас сухане чанд аз боби рӯзгор ва фаъолияти марди даврон хома медавонад. Ба ин васила, кору пайкор ва номи неки марди заҳматкаш дар саҳифаи таърих нақш мебандад. Ин амал қобили қабул аст, чун поси хотири гузаштагон амрест воҷиб.

Ба гуфтаи бузургон, ки чӣ тарз, бо кадом шеваву оҳанг сатре болои сатр мечинад, онро хонанда баҳо медиҳад. Қарзи бародарии мо бо шеваи хеш изҳори назар кардан буд, ки онро то ҷое анҷом додем.

Умари ШЕРХОН


Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_09_2026_small.pdf [4.1 Mb] (зеркашиҳо: 31)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон