Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Чаро асабӣ мешавем?
Аз ҳар бобВоқеан, чаро мо асабӣ мешавем? Бахусус, солҳои охир аз забони аксар ва ҳатто кӯдакон мешунавем, ки мегӯянд: «Асабониям! Баланд гап назан, ки асабӣ мешавам! Асабҳоям хароб шудаанд ё чизе ба ин монанд.
Пас, асабоният чист? Табиист, ки аксаран вақте нафареро аз чизе хуш наояд, асабонӣ мешавад ва бад-ин васила нохушнудии худро иброз медорад. Эҳсоси норизогӣ дар вуҷудаш тавлид шуда, боиси хафагии атрофиёнаш мегардад. Бо василаи нишон додани асабонияти худ мехоҳад ҳарфаш пазируфта шавад.
Нишон додани асабонияти худ, бахусус ба сари кӯдакон (бояд иқрор шуд, ки аксаран бо бархӯрди мушкилот ғазаби худро ба сари кӯдакони хурдсол мерезанд) оқибати бад ба бор меорад. Ҳамон маҳрумиятҳо, аз нигоҳи равонӣ нотавон гаштан, озодона иброз накардани андешаҳо, ки ба ин ҳолат аксари кӯдакони мо (ҳатто калонсолон!) гирифторанд, натиҷаи ҳамон фурӯ рехтани асабонияти волидон ба фарзандон аст. Дар синни хурдсолӣ кӯдак ба хотири маҳрум нашудан аз муҳаббати падар ё модар ба ҳама дӯғу дарангашон сукут менамояд ва замоне бузург шуд, ҳисси хашму асабонияти худро ӯ низ ба сари ҳамсару фарзандонаш холӣ мекунад.
Боре дар кадоме аз шабакаҳои иҷтимоӣ сари ин мавзӯъ маводе хонда будам, ки ҳамин нуктаро то кунун фаромӯш накардаам: Решаи нафрат ё кинаварзӣ ин асабоният аст, ки дар вуҷуди инсон ба сурати доимӣ нуҳуфтааст. Яъне, асабонияти мо, калонсолон, ки гоҳо ба сари кӯдакон фурӯ мерезем, боиси кинатӯзӣ ё нафрати онҳо ба атрофиён ва ҳатто аҳли ҷомеа хоҳад буд.
Аз ин хотир, бо ақли солим тавонем, ки асабониятро дар ботини худ идора кунем. Чӣ тавр?
1. Онҳоеро ки боиси асабонияти шумо мешаванд, ё зуд асабонияташонро ошкор менамоянд, бишносед.
Асабонияти бархе он қадар зиёд аст, ки бо андак идора карда натавонистанашон боиси ҳамла шояд қарор гиред. Дар ин ҳолат худро канор гиред. «Таслим» шудан ин нишонаи заифии шумо нест.
2. Аз он ки асабонӣ мешавед, оромиро ихтиёр кунед.
Агар ҳадафи шумо тағйир додани рафтори дигарон